Гузаштан ба маводи асосӣ

Калиди хушбахтии оила дар чист?

Калиди хушбахтии оила дар чист?

Ба фикри шумо...

  • дар муҳаббат?

  • дар пул?

  • ё дар чизи дигар?

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад» (Луқо 11:28, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Муҳаббати ҳақиқиро ба даст меоред (Эфсӯсиён 5:28, 29).

Аз эҳтироми самимӣ хурсандӣ мегиред (Эфсӯсиён 5:33).

Ба ҳамдигар ҳамеша бовар дошта метавонед (Марқус 10:6–9).

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо Асосгузори оила мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ба туфайли Яҳува Худо «ҳар оила... ба вуҷуд омадааст» (Эфсӯсиён 3:14, 15). Дигар хел карда гӯем, агар Худо оиларо барпо намекард, он вуҷуд намедошт. Чаро донистани ин муҳим аст?

    Мисоле меорем. Агар ба шумо мазаи хӯроке маъқул шаваду аз кадом маҳсулот тайёр кардани онро фаҳмидан хоҳед, шумо аз кӣ мепурсидед? Албатта, аз касе, ки онро тайёр кардааст.

    Ба ин монанд барои фаҳмидани калиди хушбахтии оила, хуб мебуд, ки мо ба Асосгузори оила, Яҳува, муроҷиат кунем (1 Мӯсо 2:18–24).

  • Худо ба шумо ғамхорӣ мекунад. Агар оилаҳо маслиҳати Яҳуваро, ки ба воситаи Каломаш медиҳад, ҷӯё бошанд, ин аз рӯйи хирад мебуд. Чаро? «Зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:6, 7). Яҳува самимона нисбати шумо ғамхорӣ мекунад ва маслиҳатҳои ӯ доимо манфиат меоранд! (Панднома 3:5, 6; Ишаъё 48:17, 18).

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Чӣ тавр шумо шавҳар, зан ё волиди хуб буда метавонед?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ЭФСӮСИЁН 5:1, 2 ва ҚӮЛАССИЁН 3:18–21.