Гузаштан ба маводи асосӣ

Яҳува — Худоест, ки ӯро бояд шиносем

Яҳува — Худоест, ки ӯро бояд шиносем

Яҳува — Худоест, ки ӯро бояд шиносем

Оё шумо дар ҳаёт ягон чизи муҳимро аз даст дода истодаед? Агар дар бораи Худо донишатон кам бошад, пас ҳамин тавр аст. Миллионҳо одамон фаҳмиданд, ки дар бораи Худо дониш гирифтан ба кас фоидаи зиёд меорад. Манфиати ин дониш зуд ба чашм мерасад ва ба ояндаи шахс таъсири калон мерасонад.

Муаллифи Китоби Муқаддас, Яҳува Худо, мехоҳад, ки мо ӯро шиносем. Забурнавис гуфтааст: «Бигзор мардум бидонанд: ту, ки номат Яҳува аст, Танҳо ту бар тамоми замин Худои Таоло ҳастӣ». Яҳува медонад, ки дониш дар бораи ӯ ба мо фоидаи калон мерасонад, барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Ман — Яҳува, Худои ту ҳастам, ки туро таълим медиҳам, то ба худат фоида бирасонӣ». Дар бораи Худои Таоло дониш гирифтан ба мо чӣ манфиат оварда метавонад? (Забур 83:18; Ишаъё 48:17).

Масалан, мо бо роҳнамоии Худо роҳи ҳалли проблемаҳои худро меёбем, ба оянда умеди қавӣ ва дар дил оромӣ пайдо мекунем. Инчунин дар бораи Худо дониш гирифта мо ба бисёр саволҳое, ки дар саросари ҷаҳон одамони зиёдро ба ташвиш меоранд, ҷавоби аниқ мегирем. Чӣ гуна саволҳо?

Оё ҳаёти шумо маъно дорад?

Имрӯзҳо одамизод аз ҷиҳати технология ба пешравиҳои назаррас шомил гаштааст. Вале бисёриҳо то ҳол ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб наёфтаанд. Масалан, чунин саволҳо: «Ман бо кадом мақсад офарида шудаам? Ояндаам чӣ мешавад? Маънои ҳаёт дар чист?» Агар инсон ба ин саволҳо ҷавоби қаноатбахш нагирад, ҳаёти ӯ бемаъно мешавад. Вобаста ба ин, бисёриҳо имрӯз ҳис мекунанд, ки «мурғи дилашон мурда аст». Мувофиқи таҳқиқоте, ки соли 1997 дар Олмон гузаронда шуд нисфи одамоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, баъзан ҳис мекунанд, ки ҳаёташон бемаъно аст. Шояд дар минтақаи шумо низ вазъият чунин бошад.

Агар ҳаёти инсон маъно надошта бошад, ӯ барои ояндааш ягон мақсад монда наметавонад. Бисёриҳо «ҳаётамро пурмаъно мегардонам» гуфта, аз пайи касбу кор ё ҷамъ кардани боигарӣ мешаванд. Вале новобаста ба ин кӯшишҳо ҳисси ноумедӣ онҳоро тарк намекунад. Чунин ҳиссиёт баъзеҳоро ба дараҷае азоб медиҳад, ки онҳо ҳатто зиндагӣ кардан намехоҳанд. Як ҷавонзан ин гуна ҳиссиёт дошт. Дар бораи ӯ дар рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» навишта шуда буд. Ӯ дар оилаи бой ба воя расида, имкониятҳои зиёд барояш муҳайё буд. Вале бо вуҷуди он ки ӯ дар «қасри тиллоӣ» зиндагӣ мекард, танҳоӣ мекашид ва ҳис мекард, ки ҳаёташ маъное надорад. Барои ҳамин ӯ рӯзе миқдори зиёди доруи хоб нӯшида, худкушӣ кард. Шояд худи шумо низ шоҳиди воқеае гаштаед, ки аз ҳисси танҳоӣ ҳаёти шахс бо фоҷиа анҷом ёфтааст.

Ба ақидаи баъзеҳо гӯё илм дар бораи ҳаёт ҳама чизро ба мо ошкор месозад. Дар рӯзномаи ҳафтаинаи олмонӣ бо номи «Вохе» қайд мешавад: «Илм чӣ қадаре ҳақ набошад, аз ҷиҳати маънавӣ кумак карда наметавонад. Назарияи эволютсия пурра исбот нашудааст ва ҳатто физикаи квантӣ, ки амали ноустувори ҷузъиёти хурдро мефаҳмонад, ба кас тасаллӣ ва оромӣ бахшида наметавонад». Илм дар мавриди шаклҳои гуногуни ҳаёт, сиклҳо ва равандҳои гуногуни табиӣ, ки ҳаётро дар замин нигоҳ медоранд, бисёр чизро ошкор месозад. Лекин он гуфта наметавонад, ки чаро мо офарида шудаем ва ояндаамон чӣ гуна мешавад. Агар мо танҳо ба илм такя кунем, саволҳои ҳаётан муҳиме, ки дорем, беҷавоб мемонанд. Дар охир гуфтан ҷоиз аст, ки чӣ хеле дар рӯзномаи «Зюддойче тсайтунг» гуфта мешавад «одамизод ба роҳнамоӣ муҳтоҷ аст».

Кӣ ғайр аз Офаридгор моро ба таври беҳтарин роҳнамоӣ карда метавонад? Парвардигор медонад, ки инсонро бо кадом мақсад офаридааст. Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува одамонро барои он офарид, ки заминро аз насли худ пур карда, онро нигоҳубин кунанд. Одамон бояд хислатҳои Худоро, аз ҷумла хирад, адолат ва муҳаббати ӯро зоҳир мекарданд. Агар мо донем, ки бо кадом мақсад офарида шудаем, маънои ҳаётро дарк менамоем (1 Мӯсо 1:26-28).

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Агар шумо то ҳол надонед, ки «бо кадом мақсад офарида шудаед, ояндаатон чӣ мешавад, ё маънои ҳаёт дар чист», пас мувофиқи маслиҳати Китоби Муқаддас амал кунед. Дар он гуфта мешавад, ки дар бораи Яҳува бештар дониш гиред. Ҳазрати Исо низ гуфта буд: «Барои ҳаёти ҷовидонӣ ёфтан бояд ки туро, Худои ягонаи ҳақиқиро, ва фиристодаат Исои Масеҳро бишносанд». Инчунин хислатҳоеро, ки ба Худо хосанд, инкишоф диҳед, махсусан муҳаббатро. Мақсад монед, ки аллакай имрӯз чун шаҳрванди Подшоҳии Худо зиндагӣ кунед. Дар ин сурат ҳаётатон пурмаъно мешавад ва шумо ба оянда умеди қавӣ пайдо мекунед. Ҳамин тавр ба саволҳои дар аввал номбаршуда ҷавоби қаноатманд меёбед (Юҳанно 17:3; Пандгӯ 12:13).

Ҷавоби ин саволҳо ба ҳаёти шумо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Инро аз таҷрибаи Ҳенс ном марде фаҳмидан мумкин аст *. Якчанд сол пеш ӯ ба Худо каму беш боварӣ дошт, вале тамоман аз рӯйи эътиқодаш зиндагӣ намекард. Ҳенс нашъакашӣ ва духтарбозӣ карда ба ҷинояткорӣ даст мезад ва мотосилкрониро нағз медид. Ӯ мегӯяд: «Ҳаётам бемаъно буд. Ман қаноатмандӣ ҳис намекардам». Вақте синну соли Ҳенс аз 20 гузашт, ӯ қарор кард, ки Китоби Муқаддасро мехонад ва дар бораи Худо дониш мегирад. Баъди он ки Ҳенс бо Яҳува нағзтар шинос шуд ва маънои ҳаётро дарк кард, ӯ тарзи ҳаёташро тағйир дода, таъмид гирифт ва Шоҳиди Яҳува шуд. Даҳ соли охир ӯ пурравақт хизмат мекунад. Ҳенс мегӯяд: «Ба Яҳува хизмат кардан беҳтарин тарзи ҳаёт аст. Ҳеҷ чиз ба он баробар шуда наметавонад. Бо Яҳува шинос шудан пас ҳаётам пурмаъно гашт».

Бояд гуфт, ки одамон на танҳо дар бораи маънои ҳаёт донистан мехоҳанд. Азбаски вазъияти ҷаҳон бадтар шуда истодааст, онҳоро ҳамчунин як саволи дигар бештару бештар ба ташвиш меорад.

Чаро нохушиҳо рӯй медиҳанд?

Вақте нохушӣ сар мезанад, шахси зарардида одатан дар бораи як чиз фикр мекунад: Чаро ин нохушӣ рӯй дод? Паси сар кардани нохушӣ асосан ба ҷавоби ин савол вобаста аст. Агар ӯ ягон ҷавоби қаноатбахш наёбад, ғаму андӯҳ дар дилаш хона карда ӯро сангдил мегардонад. Биёед мисоли Бруни ном занеро дида бароем.

«Якчанд сол пеш духтарчаи ман вафот кард, — мегӯяд Бруни ном модари миёнсол. — Азбаски ман ба Худо имон доштам, барои тасаллӣ ёфтан назди коҳини маҳаллӣ рафтам. Ӯ ба ман гуфт, ки Худо ҷигарбандам Зузаннуро ба назди худ гирифт ва ҳоло ӯ фаришта аст. Баробари марги духтарам дунё дар назарам торик шуд, ман инчунин аз Худо барои он ки ӯ духтарамро аз ман ҷудо кард, нафрат кардам». Дарду алами Бруни якчанд сол давом кард. Ӯ мегӯяд: «Бо гузашти вақт як Шоҳиди Яҳува аз Китоби Муқаддас ба ман нишон дод, ки Худо дар марги духтарам айбдор нест. Яҳува Зузаннуро ба осмон нагирифтааст ва ӯ фаришта нашудааст. Бемории Зузанну ин натиҷаи нокомилие буд, ки одамизод мерос гирифт. Ман фаҳмидам, ки духтарам дар хоби марг буда интизор аст, ки Яҳува ӯро зинда мекунад. Ӯ инчунин одамонро барои дар биҳишти рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ кардан офарида будааст ва ба наздикӣ ин нияташ ҷомаи амал мепӯшидааст. Чи қадаре дар бораи Яҳува дониш мегирифтам, ҳамон қадар ба ӯ наздиктар мешудам ва захми дилам шифо меёфт» (Забур 37:29; Корнома 24:15; Румиён 5:12).

Имрӯз миллионҳо одамон аз ҳар гуна нохушӣ азоб мекашанд, аз ҷумла фоҷиа, ҷанг, гуруснагӣ ё офатҳои табиӣ. Бруни аз Китоби Муқаддас фаҳмид, ки дар нохушиҳои зиндагӣ Яҳува гунаҳкор нест, ӯ намехоҳад, ки одамон азоб кашанд ва ба наздикӣ бадиро нест мекунад. Донистани ин чиз ба дили ӯ малҳам гашт. Торафт афзудани бадӣ нишонаи он аст, ки мо дар «рӯзҳои охир»-и ин тартибот зиндагӣ дорем. Тағйироти куллӣ ва манфиатовареро, ки ҳамаи мо муддати дароз интизорем, ба наздикӣ рӯй медиҳад (2 Тимотиюс 3:1–5; Матто 24:7, 8).

Дар бораи Яҳува дониш гиред

Ҳенс ва Бруни дар бораи Худо каме тасаввурот доштанд. Ҳарчанд онҳо дар бораи Худо бисёр чизро намедонистанд, ба ӯ имон зоҳир карданд. Ҳамин, ки вақт ҷудо карда дар бораи Худо бештар дониш гирифтанд, кӯшишҳояшон баракат овард. Онҳо ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб ёфта, дар дил оромӣ ва ба оянда умед пайдо карданд. Ба ин монанд, миллионҳо хизматгорони Худо соҳиби чунин баракатҳо шудаанд.

Дар бораи Яҳува дониш гирифтан аз омӯзиши Китоби Муқаддас сар мешавад. Ба воситаи Китоби Муқаддас мо бо Худо ва талаботаш шинос мешавем. Дар асри як баъзеҳо маҳз чунин карданд. Таърихшинос ва табиб Луқо мегӯяд, ки аъзои ҷамоати яҳудӣ дар Бирияи Юнон «каломи Худоро [аз Павлусу Сило] бо шавқу завқи зиёд қабул карданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро бодиққат меомӯхтанд, то бидонанд, ки суханони шунидаашон рост аст ё не» (Корнома 17:10, 11).

Масеҳиёни асри як инчунин дар ибодатгоҳҳо ҷамъ мешуданд (Корнома 2:41, 42, 46; 1 Қӯринтиён 1:1, 2; Ғалотиён 1:1, 2; 2 Таслӯникиён 1:1). Имрӯз низ чунин ҷамоатҳоро дидан мумкин аст. Масалан, Шоҳидони Яҳува дар ибодатгоҳҳои худ ҷамъ мешаванд. Ин гуна вохӯриҳо ба шахс кумак мекунанд, ки ба Яҳува наздик шавад ва бо хурсандӣ хизмати ӯро ба ҷо орад. Муошират бо Шоҳидони Яҳува манфиати зиёд меорад. Одатан одамон оҳиста-оҳиста хислатҳои Худоеро, ки ибодат мекунанд, аз худ менамоянд. Бинобар ин Шоҳидони Яҳува ба қадри имкон хислатҳои Яҳува Худоро дар худ инкишоф медиҳанд. Аз ин рӯ бо онҳо ҷамъ шудан низ кумак мекунад, ки Яҳува Худоро хубтар шиносед (Ибриён 10:24, 25).

Наход бо Худо шинос шудан ин қадар заҳмати калонро талаб кунад? Мегӯянд, ки «бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд». Барои дар ҳаёт чизеро ба даст овардан заҳмати бисёр ба харҷ додан лозим аст, ҳамин тавр не? Масалан, реҷаи машқи варзишгари дараҷаи олиро мегирем. Лижарони фаронсавӣ Жан-Жак Киллӣ, ки дорандаи медали тиллои бозиҳои олимпӣ аст, мегӯяд, ки барои варзишгари пешқадам гаштан, чӣ кор кардан муҳим аст: «Шахс бояд даҳ сол пеш аз мусобиқаи олимпӣ тайёрӣ бинад. Дар бораи ин мақсадаш шабу рӯз фикр кунад... Дар давоми сол 365 рӯз худро фикран ва ҷисман омода созад». Ҳамаи ин заҳмати якчандсола барои он аст, ки дар мусобиқаи дав иштирок намоӣ, ки ҳамагӣ даҳ дақиқа давом мекунад! Акнун тасаввур кунед, ки вақте шахс дар бораи Яҳува дониш мегирад, то чӣ андоза комёбиҳои зиёд ва бардавом ба даст меорад.

Муносибате, ки торафт қавӣ мегардад

Кӣ мехоҳад, ки дар ҳаёт чизи муҳимро сарфи назар кунад? Ҳеҷ кас намехоҳад. Бинобар ин, агар шумо ҳис кунед, ки ҳаётатон бемаъно аст ё фаҳмидан хоҳед, ки чаро нохушиҳо сар мезананд, бо азми қавӣ дар бораи Яҳува, Худои яккаву ягона, дониш гиред. Ин кор ҳаётатонро беҳтар мегардонад.

Оё дар бораи Яҳува дониш гирифтан ягон вақт ба охир мерасад? Онҳое, ки даҳсолаҳо ин ҷониб ба ӯ хизмат мекунанд, аз донише, ки дар борааш гирифтаанд ва то ҳол мегиранд ба ҳайрат меоянд. Дар бораи Худо дониш гирифтан ба мо хурсандӣ мебахшад ва моро ба ӯ наздиктар мегардонад. Ҳақ бар ҷониби Павлуси Расул, ки гуфтааст: «Чӣ фаровонанд баракатҳои Худо ва чӣ бепоён аст хираду дониши ӯ! Чӣ ақлнорасанд ҳукмҳои ӯ ва даркнопазиранд роҳҳои ӯ! Охир, «кист, ки фикрҳои Яҳуваро дарк карда бошад, ё кист, ки маслиҳатгари ӯ шуда бошад?» (Румиён 11:33, 34).

[Поварақ]

^ сарх. 12 Номҳо иваз шудаанд.

[Тасвир дар саҳифаи 5]

Бисёриҳо то ҳол ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб наёфтаанд: Ман бо кадом мақсад офарида шудаам? Ояндаам чӣ мешавад? Маънои ҳаёт дар чист?

[Тасвир дар саҳифаи 6]

«Чи қадаре дар бораи Яҳува дониш мегирифтам, ҳамон қадар ба ӯ наздиктар мешудам»

[Тасвир дар саҳифаи 7]

«Ба Яҳува хизмат кардан беҳтарин тарзи ҳаёт аст. Ҳеҷ чиз ба он баробар шуда наметавонад. Бо Яҳува шинос шудан пас ҳаётам пурмаъно гашт».