БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Барои ман чӣ аз ҳама муҳим аст?
Яъқуб бо фаришта барои баракати Яҳува мубориза бурд (Ҳс 32:24–31; Ҳш 12:3, 4). Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо тайёрем, ки ба Яҳува итоат кунем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро карда баракати Ӯро ба даст орем? Тасаввур кунед, ки дар назди шумо интихоб аст: ба ҷамъомад равед ё якчанд соати иловагӣ кор кунед. Шумо кадомашро интихоб мекардед? Вақте мо ба Яҳува вақт, қувват ва дороии худро медиҳем, Ӯ «баракати аз ҳад зиёде бар» мо фурӯ мерезад (Мл 3:10). Ӯ моро ҳимояву роҳнамоӣ мекунад ва дар бораи ниёзҳоямон ғамхорӣ менамояд (Мт 6:33; Ибр 13:5).
ВИДЕОНАВОРИ «ДИҚҚАТРО БА МАҚСАДҲОЯТОН РАВОНА КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр кори дӯстдоштаи хоҳар барояш озмоиш шуд?
-
Чӣ тавр кор барои мо дом шуда метавонад?
-
Чаро Тимотиюс, ки шахси рӯҳан баркамол буд, бояд минбаъд низ дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ мемонд? (1Тм 4:16)
-
Кадом корҳо нишон медиҳанд, ки хизмати Яҳува барои мо кори аз ҳама беҳтарин аст?