Эҳтимоли зиёд аст, ки баъзе ҳамсояҳо, ҳамкорон ва ё ҳамсинфонамон хислатҳои хуб доранд, аммо оё онҳо барои мо ёрони хуб буда метавонанд? Саволҳои зерин ба мо ёрдам мекунанд, то фаҳмем, ки оё касоне, ки ҳамроҳашон муошират мекунем, барои мо ёрони хубанд ё не:
-
Оё бо онҳо ҳамнишин шудан ба шумо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува наздиктар шавед?
-
Онҳо бисёртар дар бораи чӣ гап мезананд ва ин дар барои онҳо чиро ошкор мекунад? (Мт 12:34)
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Онҳое, ки ҳамроҳашон муошират мекунам, ба муносибати бо Яҳува доштаам, чӣ гуна таъсир мерасонанд?»