БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Хурсандии оила дар дасти шумост
Яҳува мехоҳад, ки ҳама оилаҳо хушбахт бошанд (Зб 127:3–5; Пг 9:9; 11:9). Лекин вазъиятҳои ногувори ин ҷаҳон ва хатоҳои аъзои оилаамон хурсандии моро дуздида метавонанд. Ҳар як узви хонавода барои хурсандии оила чӣ кор карда метавонад?
Шавҳар зани худро эҳтиром мекунад (1Пт 3:7). Ӯ бо ҳамсари азизаш вақт мегузаронад, нисбат ба вай серталаб нест ва барои корҳое, ки занаш барои ӯву дигар аъзои оилаашон мекунад, миннатдорӣ баён менамояд (Қл 3:15). Шавҳар нишон медиҳад, ки занашро дӯст медорад ва ӯро таърифу таҳсин мекунад (Пнм 31:28, 31).
Зан дар навбати худ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шавҳарашро дастгирӣ намояд (Пнм 31:12). Ӯ ба шавҳараш фармонбардор аст, ба вай ёрдам мекунад ва аз ӯ маслиҳат мепурсад (Қл 3:18). Зан бо шавҳараш меҳрубонона гап мезанад ва ба дигарон дар бораи ӯ суханони нек мегӯяд (Пнм 31:26).
Волидон бо фарзандони худ вақт мегузаронанд (5Мс 6:6, 7). Ба кӯдаконашон мегӯянд, ки онҳоро дӯст медоранд (Мт 3:17). Ҳангоми таълиму тарбияи кӯдак муҳаббат ва фаҳмиш зоҳир менамоянд (Эф 6:4).
Фарзандон падару модари худро ҳурмат карда, ба гапашон гӯш медиҳанд (Пнм 23:22). Онҳо ба волидонашон фикру ҳиссиёташонро мегӯянд, тарбияву насиҳати онҳоро қабул мекунанд ва ба онҳо эҳтиром зоҳир менамоянд (Пнм 19:20).
ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ОИЛААТОН ХУРСАНДӢ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Ҳар як кас барои хурсандии оила чӣ кор карда метавонад?