Намунаи пешниҳодот
ПЕШНИҲОДИ 1
Савол: Қариб ҳамаи одамон ҳаётро чун тӯҳфаи Худо меҳисобанд. Лекин вақте меояд, ки аз сабаби пиронсолӣ ё беморӣ мо мемурем. Чаро мо умрамонро дароз карда наметавонем?
Оят: Рм 5:12 (Шарҳ диҳед.)
Давоми гап: Худо мехоҳад маргро нест кунад ва ба мо ҳаёти ҷовидонӣ бахшад. Барои ин Ӯ як чора андешид. Дафъаи дигар мехостам дар ин бора ба шумо аз Китоби Муқаддас нишон диҳам. (Ҳангоми боздид дар асоси Ишаъё 33:24 ва Юҳанно 3:16 сӯҳбатро давом диҳед.)
ПЕШНИҲОДИ 2
Савол: Тасаввур кунед, ки як рӯз дар ахборот чунин эълон мекунанд: «Дар тамоми ҷаҳон ҷангу кушторҳо хотима ёфтанд! Ягон яроқ дигар истеҳсол намешавад!». Ба фикри шумо оё чунин рӯзҳо меоянд?
Оят: Зб 45:9, 10
Давоми гап: Барои бовар кардан ба ваъдаҳои Худо далелҳои бисёр ҳастанд. Ин далелҳоро мехостам дафъаи дигар аз Китоби Муқаддас ба шумо нишон диҳам. (Ҳангоми боздид оиди пешгӯйиҳои иҷрошуда, маслиҳатҳои фоиданок ва ба илм мувофиқ будани Китоби Муқаддас сӯҳбат карда метавонед.)
ПЕШНИҲОДИ 3
Сарсухан: Баъзан корҳои неки дигаронро фаромӯш мекунанд, лекин дар Китоби Муқаддас дар бораи кори неке гуфта шудааст, ки мо бояд онро фаромӯш накунем.
Оят: Иш 53:4–7
Давоми гап: Аз ояти шаш маълум мегардад, ки ба воситаи ин шахс гуноҳҳои мо бахшида мешаванд. Дафъаи дигар мехостам аз Китоби Муқаддас ба шумо нишон диҳам, ки ин шахс кӣ аст. (Ҳангоми боздид нишон диҳед, ки аз ин амали неки Исо боз соҳиби кадом баракатҳо шудан мумкин аст.)
ПЕШНИҲОДИ МАН:
Аз тарзи намунаҳои пешниҳодот истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.