БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Вохӯриҳо барои мавъиза бояд манфиатбахш бошанд
Яҳува мехоҳад, ки вохӯриҳо барои мавъиза мисли дигар вохӯриҳои ҷамъомад моро ба муҳаббату некукорӣ роҳнамоӣ кунанд (Ибр 10:24, 25). Ин вохӯрӣ аз 5 то 7 дақиқа давом мекунад. (Агар ин вохӯрӣ баъди вохӯрии ҷамъомад гузарад, пас он бояд боз ҳам кӯтоҳтар бошад.) Дар ин муддат баранда бояд ба воизон ҳамроҳ таъйин кунад ё онҳоро ба гурӯҳ ҷудо созад, минтақаҳоро тақсим кунад ва дуо гӯяд. Барандаи ин вохӯрӣ бояд мавзӯеро тайёр кунад, ки воизон онро дарҳол дар хизмат истифода бурда тавонанд. Масалан, рӯзи шанбе, дар ин вохӯрӣ одатан бисёр бародарону хоҳароне иштирок мекунанд, ки миёнаҳафта хизмат накарда буданд. Барои ҳамин, шояд муҳокима кардани он ки чӣ тавр бо соҳибхона суҳбатро сар кардан мумкин аст, манфиатовар мебуд. Баранда дар ин вохӯрӣ боз чиро муҳокима карда метавонад?
-
Намунаҳо барои сӯҳбат аз дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо».
-
Чӣ тавр ба воситаи хабар ё рӯйдодҳои охир суҳбатро сар кардан мумкин.
-
Чӣ тавр ба норозигие, ки бештар вомехӯред, ҷавоб додан мумкин аст.
-
Чӣ тавр бо касоне, ки ба Худо боварӣ надоранд, ба дигар забон гап мезананд, ба офариниш боварӣ доранд, ё ба дине тааллуқ доранд, ки дар маҳалли шумо нест, гап задан мумкин.
-
Чӣ тавр аз баъзе имкониятҳои сомонаи jw.org, барномаи JW Library® ё Китоби Муқаддас истифода бурдан мумкин аст.
-
Чӣ тавр адабиёт ё видеонавореро аз Маводи таълимӣ истифода бурдан мумкин.
-
Чӣ тавр дар ҳар намуди хизмат иштирок карданро ёд гирифтан мумкин, масалан, бо воситаи телефон шаҳодат додан, нома навиштан, бо аробачаи адабиётдор мавъиза кардан, боздид кардан ё омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронидан.
-
Чӣ тавр дар хизмат эҳтиёткору меҳрубон будан, рӯҳияи мусбиро нигоҳ доштан ва ба вазъият мутобиқ шудан лозим аст ё чизе ба ин монанд.
-
Дарс ё видеонавор аз брошураи «Дар хониш ва таълим моҳир шавед».
-
Чӣ тавр дар хизмат ҳамроҳи хуб будан мумкин.
-
Ояте, ки бо хизмат алоқаманд аст ё воқеаи рӯҳбаландкунандае аз хизмат.