ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Чӣ тавр нофаҳмӣ бартараф карда шуд
Қабилаҳои Исроил, ки дар тарафи шарқии Урдун зиндагӣ мекарданд, қурбонгоҳи бузургу боҳашамате сохтанд (Юш 22:10)
Қабилаҳои боқимондаи Исроил онҳоро ноҳақ ба исён зидди Худо айбдор намуданд (Юш 22:12, 15, 16; w18 15.8 саҳ. 5, 6, сарх. 10)
Қабилаҳое, ки он қурбонгоҳро сохтанд, сабаби рафторашонро оромона ва бо мулоимӣ фаҳмонданд. Бо ин корашон онҳо пеши роҳи хунрезиро гирифтанд (Юш 22:21–30; w08 15.11 саҳ. 18, сарх. 5)
Ин воқеа ба мо чиро ёд медиҳад? Масалан, чӣ бояд кард, агар моро ноҳақ айбдор кунанд ва чаро асли ҳолро нафаҳмида хулоса баровардан лозим нест? (Пнм 15:1; 18:13).