БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Фарқ кардани неку бадро ёд гиред
Барои он ки варзишгар қобилияташро гум накунад, бояд машқ карданро давом диҳад. Ба ин монанд, барои фарқ кардани неку бад, мо бояд ба кор бурдани ақлу ҳуши худро давом диҳем (Ибр 5:14). Ҳарчанд мисли дигарон амал намудан осон аст, мо бояд мулоҳиза ронда қарорҳои шахсӣ бароварданро ёд гирем. Чаро? Чунки ҳар як кас бораи қарорҳои худ дар назди Худо ҷавоб медиҳад (Рм 14:12).
Мо набояд фикр кунем, ки аз сабаби солҳои зиёд масеҳии таъмидгирифта буданамон ҳамеша қарорҳои дуруст мебарорем. Барои қарори хирадмандона баровардан ба мо лозим аст, ки пурра ба Яҳува, Каломи Ӯ ва ташкилоташ такя кунем (Юш 1:7, 8; Пнм 3:5, 6; Мт 24:45).
ВИДЕОНАВОРИ «“ВИҶДОНАТОНРО ПОК НИГОҲ ДОРЕД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Эмма бояд чӣ гуна қарор мебаровард?
-
Чаро дар масъалаҳои бо виҷдон алоқаманд, мо бояд аз баён кардани ақидаи шахсӣ худдорӣ намоем?
-
Як ҷуфти ҳамсарон ба Эмма кадом маслиҳати бохирадонаро доданд?
-
Эмма барои вазъияти худ маълумоти манфиатнокро аз куҷо ёфт?