ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД
Аз мавод барои ҷустуҷӯ истифода баред
Яҳува ба мо бисёр мавод медиҳад, то ки муаллимони бомаҳорат бошем. Ба он видеонаворҳо, рисолаҳо, маҷаллаҳо, брошураҳо, китобҳо ва маводи асосии мо Китоби Муқаддас дохил мешавад (2Тм 3:16). Яҳува ҳамчунин маводеро медиҳад, ки барои чуқуртар тадқиқ кардани Навиштаҳо ба мо кумак мерасонанд, аз он ҷумла «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ», барномаи JW Library®, «Онлайн-китобхонаи Бурҷи дидбонӣ» ва «Роҳнамо».
Агар шумо аз тамоми маводе, ки бароятон дастрасанд, истифода бурда ганҷҳои рӯҳониро ҷустуҷӯ кунед, хурсандии бештар мегиред. Ба омӯзандагон низ истифода бурдани ин маводро ҳатман ёд диҳед. Ҳамин тавр онҳо мустақилона аз Китоби Муқаддас ба саволҳои худ ҷавоб ёфта хурсандии бештар гирифта метавонанд.
ВИДЕОНАВОРИ «КӮМАКИ ЯҲУВАРО ҚАБУЛ НАМУДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. ИСТИФОДАИ МАВОД БАРОИ ҶУСТУҶӮ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Ҷейд нисбати офариниш бо чӣ норозӣ буд?
-
Нита дар бораи мавзӯи офариниш ва эволютсия аз куҷо маълумот ёфт?
-
Чӣ тавр ӯ маълумотеро, ки айнан барои Ҷейд лозим буд, интихоб кард?
-
Чӣ хел ин тадқиқот ба худи Нита манфиат овард?