Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба ҳама нақл мекунем, ки дунёи нав наздик аст!

Ба ҳама нақл мекунем, ки дунёи нав наздик аст!

Моҳи ноябр мо кӯшиши махсус ба харҷ медиҳем, то хушхабарро дар бораи он ки дунёи нек наздик аст, ба одамон расонем (Зб 37:10, 11; Ошк 21:3–5). Реҷаи худро тағйир диҳед, то ки дар ин маърака пурра иштирок намоед. Агар дар ин моҳ ҳамчун пешрави ёвар хизмат кардан хоҳед, пас 30 ё 50 соат хизмат карда метавонед.

Дар бораи дунёи нав ягон оятро интихоб намоед ва ҳаракат кунед, ки ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон онро хонед. Ҳангоми интихоби оят эътиқоди одамони маҳаллатонро ба назар гиред. Агар ягон кас дар сӯҳбати аввал шавқ зоҳир кунад, ба ӯ нашри оммавии маҷаллаи «Бурҷи дидбонии» № 2-ро аз соли 2021 пешниҳод кунед. Сипас он шахсро ҳар чӣ тезтар хабар гирифта аз брошураи «То абад зинда бошед!» омӯзишро сар кунед. Бешубҳа, дар бораи дунёи нав ба одамон гап задан хурсандии зиёд меорад (Иш 52:7).

ТАРОНАИ «ДУНЁИ НАВРО ИНТИЗОРЕМ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Духтарча чиро тасаввур мекунад?

  • Дар дунёи нав шумо пеш аз ҳама чиро дидан мехоҳед?

  • Чӣ тавр мулоҳиза дар бораи умеди оянда ба шумо ёрдам медиҳад, ки дар маъракаи моҳи ноябр аз таҳти дил иштирок кунед? (Лқ 6:45)