БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед
Вақте ки тӯфон мешавад, киштиро лангар — оҳани махсуси занҷирдор устувор нигоҳ медорад. Умеди моро низ ба лангар монанд кардан мумкин аст (Ибр 6:19). Умед кӯмак мекунад, ки ҳангоми бо тӯфони озмоишҳо рӯ ба рӯ шудан киштии имонамон ғарқ нашавад (1Тм 1:18, 19). Ба ин гуна тӯфони озмоишҳо мушкилиҳои шахсӣ, аз даст додани молу мулк, касалиҳои дурудароз, марги шахси наздик ё дигар чизҳое, ки беайбии моро шикаста метавонанд, дохил мешавад.
Имон ва умед ба мо кӯмак мекунад, ки диққати худро ба мукофоти ваъдашуда равона созем (2Қр 4:16–18; Ибр 11:13, 26, 27). Аз ин рӯ хоҳ умеди осмонӣ дошта бошему хоҳ заминӣ, мо бояд мунтазам оиди ваъдаҳои Каломи Худо мулоҳиза ронда умедамонро қавӣ гардонем. Он гоҳ дар вақти озмоишҳо нигоҳ доштани хурсандӣ бароямон осон мегардад (1Пт 1:6, 7).
ВИДЕОНАВОРИ «АЗ УМЕДВОРӢ ТАСАЛЛӢ ЁБЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА СИПАС БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чаро Мусо барои пайравӣ кардан намунаи хуб аст?
-
Ба ӯҳдаи сардорони оила кадом масъулият гузошта шудааст?
-
Дар ибодати оилавӣ кадом мавзӯъҳоро муҳокима карда метавонед?
-
Чӣ тавр умед ба шумо кӯмак мекунад, ки дар озмоишҳо устувор монед?
-
Дар оянда кадом баракатҳоро интизоред?