Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

29 январ — 4 феврал

АЙЮБ 40–42

29 январ — 4 феврал

Суруди 18 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Мо аз мисоли Айюб чӣ дарс мегирем?

(10 дақ.)

Дар ёд доред, ки назари мо ба ҳолатҳои гуногуни ҳаёт аз назари Яҳува фарқ мекунад (Аб 42:1–3; w10 15.10 саҳ. 4, 5, сарх. 4–6).

Маслиҳати Яҳува ва ташкилоти ӯро бо омодагӣ қабул кунед (Аб 42:5, 6; w17.06 саҳ. 25, сарх. 12).

Яҳува ба касоне, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо ба ӯ содиқ мемонанд, мукофот медиҳад (Аб 42:10–12; Яқ 5:11; w22.06 саҳ. 25, сарх. 17, 18).

Яҳува Айбро барои вафодориаш баракат дод

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Аб 42:7 — Тасаллидиҳандагони бардурӯғи Айюб дар асл киро масхара карданд ва чӣ тавр донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки ба мазоқу масхара дуруст муносибат кунем? (it «Мазоқу масхара»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки масеҳӣ нест (lmd дарси 5, қисми 3).

5. Шогирд тайёр кунед

6. Нутқ

(4 дақ.) lmd замимаи А, қисми 2. Мавзуъ: «Замин ҳеҷ гоҳ несту нобуд намешавад» (th дарси 13).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 3

7. Ба дигарон кумак кунед, ки муҳаббати Яҳуваро ҳис кунанд

(15 дақ.) Муҳокима.

Яҳува Худои пур аз муҳаббат аст ва онро ба тамоми хизматгоронаш зоҳир мекунад (1Юҳ 4:8, 16). Мо хурсандем, ки чунин Худоро парастиш мекунем. Дар ҷавоб мо мехоҳем дӯсти ӯ бошем ва пайванди дӯстиамонро мустаҳкам созем.

Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, мисли Яҳува ба аъзои оилаамон, бародару хоҳарон ва дигар одамон муҳаббати худро нишон медиҳем (Аб 6:14; 1Юҳ 4:11). Бо ин корамон мо ба дигарон ёрдам мекунем, ки бо Яҳува шинос шуда ба ӯ наздик шаванд. Агар мо ба дигарон муҳаббат нишон надиҳем, ба онҳо бовар кардан душвор мегардад, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад.

ВИДЕОНАВОРИ «Мо муҳаббатро дар оилаи Яҳува ёфтем»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

Чӣ тавр мисоли Лей Лей ва Мими нишон медиҳад, ки зоҳир кардани муҳаббат муҳим аст?

Барои он ки бародару хоҳарон муҳаббати Яҳуваро ҳис кунанд, мо чӣ кор карда метавонем?

  • Ба онҳо чун хизматгорони пурарзиши Яҳува муносибат кунем (Зб 100:3).

  • Суханони рӯҳбаландкунанда гӯем (Эф 4:29).

  • Ба онҳо ҳамдардӣ намоем (Мт 7:11, 12).

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 43 ва дуо