Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИШАЪЁ 34–37

Яҳува Ҳизқиёро барои имонаш баракат дод

Яҳува Ҳизқиёро барои имонаш баракат дод

Санҳериб — подшоҳи Ашшур рабшоқеро ба Ерусалим фиристод, то ба халқ гӯяд, ки таслим шаванд. Ашшуриён ҳар гуна ҳиллаву найрангро ба кор бурданд, то яҳудиёнро рӯҳафтода кунанд ва шаҳрро бе ҷанг гиранд.

  • Фикри он ки халқ бепушту паноҳ аст. Миср ба шумо ёрдам карда наметавонад (Иш 36:6).

  • Шубҳа. Яҳува барои шумо ҷанг намекунад, чунки Ӯ аз шумо норозист (Иш 36:7, 10).

  • Тарс. Шумо бар зидди лашкари пурқудрати Ашшур баромада наметавонед (Иш 36:8, 9).

  • Васваса. Ба Ашшур таслим шавед ва хушу хурсандона зиндагӣ кунед (Иш 36:16, 17).

Ҳизқиё нишон дод, ки ба Яҳува имони мустаҳкам дорад

37:1, 2, 14–20, 36

  • Ӯ хирадмандона шаҳрро барои муҳосира тайёр кард

  • Ӯ ба Яҳува барои наҷот дуо гуфт ва ин имони халқро қавӣ гардонд

  • Яҳува Ҳизқиёро барои имонаш баракат дод. Ӯ фариштаашро фиристода 185 000 нафар лашкари ашшуриёнро дар як шаб нест кард