Яҳува хастаро қувват мебахшад
-
Уқоб метавонад соатҳои дароз дар парвоз бошад. Барои ин ӯ ҷараёнҳои гарми ҳаворо истифода мебарад, ки уқобро ба боло мебаранд. Уқоб вақти парвоз ҷараёни гарми ҳаворо ёфта, гирди он давр мезанад. Боди гарм ӯро ба боло мебардорад. Ҳамин ки ӯ ба баландии муайян расид, ба ҷараёни дигар мегузарад ва ҳамин корро такрор мекунад.
-
Уқоб қувваи бисёр сарф накарда, ба осонӣ парвоз мекунад. Ин мисол хуб нишон медиҳад, ки бо дастгирии Худо мо хизмату ибодатамонро ба ҷо оварда метавонем.