Забур 105:1-45

  • Яҳува нисбати халқаш бовафост

    • Худо аҳдашро дар ёд дорад (8–10)

    • «Ба масеҳони ман даст нарасонед» (15)

    • Худо Юсуфро истифода бурд (17–22)

    • Муъҷизаҳои Худо дар Миср (23–36)

    • Исроилиён Мисрро тарк мекунанд (37–39)

    • Худо ваъдаеро, ки ба Иброҳим дод, дар хотир дошт (42)

105  Яҳуваро сипос гуфта,+ номашро бихонед,Корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед.+   Бисароед, дар васфаш бисароед*. Дар бораи ҳама корҳои аҷоибаш андеша кунед*.+   Номи покашро бо фахр ба забон гиред,+Бигзор дили ҷӯяндагони Яҳува шод гардад.+   Яҳува ва қуввати ӯро биҷӯед,+Дидори ӯро ҷӯё бошед.   Корҳои аҷоиби ӯро дар ёд доред,Муъҷиза ва ҳукмҳои ӯро дар хотир доред,+   Эй насли бандааш Иброҳим,+Ва, эй фарзандони Яъқуб, эй интихобшудагони ӯ.+   Ӯ Яҳува, Худои мост.+ Ҳукмҳои ӯ дар саросари замин аст.+   Аҳдашро то абад дар ёд дорад,+Ваъдаашро то ҳазорон насл,+   Аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст+Ва қасамеро, ки ба Исҳоқ хӯрдааст.+ 10  Ӯ ин қасамро ба Яъқуб бо ҳукме тасдиқ кардВа бо Исроил аҳди бардавом баст. 11  Худо ба вай гуфт: «Замини Канъонро ба ту медиҳам,+Он меросу насибаи ту мегардад».+ 12  Инро вақте гуфта буд, ки онҳо камшумор буданд,+Вақте хеле камшумор ва ғариб буданд.+ 13  Онҳо овора шуда байни халқҳо мегаштанд,Аз як мамлакат ба мамлакати дигаре мерафтанд.+ 14  Ӯ намемонд, ки касе ба онҳо ситам кунад,+Ва ба хотири онҳо подшоҳонро сарзаниш мекард+ 15  Ва мегуфт: «Ба масеҳони* ман даст нарасонедВа ба пайғамбаронам бадӣ накунед».+ 16  Ӯ ба замин гушнагӣ фиристод,+Ва захираи нони* онҳоро нест кард. 17  Худо пешопеши онҳо мардеро фиристод,Ӯ Юсуфро фиристод, ки ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд.+ 18  Пойҳояш аз завлонаҳо азоб кашид+Ва бар гарданаш* занҷири оҳанин заданд, 19  То вақте гуфтаи Худо иҷро шуд.+ Сухани Яҳува ӯро гудохта, тоза кард. 20  Подшоҳ кас фиристод, ки ӯро озод кунанд,+Ҳокими халқҳо ӯро раҳо намуд. 21  Ӯ вайро бар хонадонаш хӯҷаинВа бар тамоми мулкаш роҳбар таъйин кард,+ 22  То бо хости дилаш бар мирони подшоҳ сардорӣ кунадВа пирони ӯро хирад омӯзад.+ 23  Сипас Исроил ба Миср омад+Ва Яъқуб дар замини Ҳом мусофир гашт. 24  Худо халқашро сершумор кард,+Ӯ онҳоро аз душманонашон пурзӯртар гардонд.+ 25  Худо гузошт, ки дар дили душманон бадбинӣ нисбати халқаш ҷо шавадВа онҳо бар зидди бандагонаш қасди бад андешанд.+ 26  Ӯ бандаи худ Мӯсо+Ва интихобшудаи худ Ҳорунро+ фиристод. 27  Ҳоруну Мӯсо дар миёни онҳо аломатҳои Худоро ба амал овардандВа дар замини Ҳом муъҷизаҳои ӯро нишон доданд.+ 28  Ӯ зулмотро фиристод ва торикӣ заминро фаро гирифт,+Онҳо* бар зидди суханаш набаромаданд. 29  Ӯ обҳои онҳоро ба хун табдил додВа моҳиёнашонро кушт.+ 30  Заминашонро қурбоққа зер кард,+Ҳатто ҳуҷраҳои подшоҳро. 31  Ӯ хармагасҳоро бар онҳо фиристодВа хомӯшакҳоро бар ҳама заминҳояшон.+ 32  Ӯ борони онҳоро ба жола табдил додВа бар замини онҳо барқ фиристод.+ 33  Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зарба задВа дарахтони заминашонро шикаст. 34  Ӯ фармуд, ки малахҳо пайдо шаванд,Малахҳои ҷавон, ки сону шумор надоранд.+ 35  Онҳо ҳамаи набототи сарзаминро хӯрдандВа ҳосили заминашонро фурӯ бурданд. 36  Сипас ӯ ҳар нахустзодаи замини онҳоро,Саршавии насл ва навбари қувваташонро, зарба зад.+ 37  Халқашро бо нуқраву тилло берун овард,+Аз миёни қабилаҳои ӯ касе пешпо нахӯрд. 38  Мисриён аз рафтани онҳо шод шуданд,Зеро тарси исроилиён онҳоро фаро гирифта буд.+ 39  Ӯ чодари абрро бар онҳо паҳн кард*+Ва оташ фиристод, то шабона равшанӣ диҳад.+ 40  Онҳо талаб карданд ва ӯ бедонаҳоро овард,+Ӯ бо нони осмон онҳоро сер мекард.+ 41  Ӯ кӯҳпораро шикоф кард ва аз он об баромад,+Он мисли дарё аз биёбон ҷорӣ шуд.+ 42  Ӯ ваъдаи муқаддасеро, ки ба бандааш Иброҳим дода буд, дар хотир дошт.+ 43  Ӯ халқашро бо тантана берун овард+Ва интихобшудагонашро бо нидои шодӣ. 44  Ӯ заминҳои халқҳоро ба онҳо дод,+Ҳосили заҳмати дигаронро соҳиб шуданд,+ 45  То онҳо ҳукмҳояшро ба ҷо оранд+Ва қонунҳояшро риоя кунанд. Ёҳро* ситоиш кунед!

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «ҳикоят кунед».
Ё «бинавозед».
Ё «тадҳиншудагони».
Дар матни асл «асои нони». Эҳтимол, асоҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба онҳо нонҳоро овехта, захира мекарданд.
Дар матни асл «ҷонаш».
Эҳтимол, Мӯсову Ҳорун дар назар аст.
Ё «Ӯ абрро барои ҳимоя бар онҳо паҳн кард».
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.