Забур 137:1-9
137 Мо назди дарёҳои Бобил+ нишастем,Вақте Сионро ба хотир овардем, гиристем.+
2 Бар сафедорони он ҷо чангҳои худро овехтем.+
3 Касоне, ки моро асир карда буданд, аз мо суруд мепурсиданд,+Касоне, ки моро масхара мекарданд, аз мо дилхушӣ металабиданд.
Онҳо мегуфтанд: «Ба мо яке аз сурудҳои Сионро бисароед».
4 Чӣ тавр суруди Яҳуваро дар замини бегона бисароем?
5 Агар туро фаромӯш кунам, эй Ерусалим,Бигзор дасти ростам ҳаракатро фаромӯш кунад*.+
6 Агар туро ба хотир наорам,Агар Ерусалимро аз ҳар чӣ ба ман дилхушӣ меорад,+ воло надонам,Бигзор забонам ба комам бичаспад.
7 Эй Яҳува, ба хотир ор,Ки адӯмиён рӯзи афтодани Ерусалим гуфта буданд:
«Онро вайрон кунед! Аз беху бунаш вайрон кунед!»+
8 Эй духтари Бобил, ки ба наздикӣ хароб мешавӣ,+Хушбахт аст касе, ки сазоятро бидиҳадВа бо ту, ҳамон тавре ки бо мо кардӣ, амал кунад.+
9 Хушбахт аст касе, ки фарзандонатро бигирадВа бар сангҳо бизанад.+
Поварақҳо
^ Ё, эҳтимол, «дасти ростам хушк шавад».