Забур 141:1-10
Таронаи Довуд.
141 Эй Яҳува, сӯйи ту мехонам,+Ба мадади ман бишитоб,+Вақте дуо бигӯям, ба овозам гӯш андоз.+
2 Бигзор дуоям барои ту мисли бухуре бошад,+ ки дар пеши ту тайёр шудааст,+Дасти ба дуо бардоштаам мисли ҳадияи ғаллаи бегоҳӣ.+
3 Бар даҳонам посбон бигузор, эй Яҳува,Бар дарвозаи лабонам дидбон.+
4 Нагузор, ки дилам ба чизи бад моил шавад,+То ба бадии бадкорон шарик нашавамВа аз нозу неъматашон начашам.
5 Агар росткор маро бизанад, бароям меҳру вафо аст,+Агар маро сарзаниш кунад, равған аст бар сарам,+Онро сарам рад нахоҳад кард.+
Ҳатто вақти бадбахтиҳояшон дуогӯйи онҳо хоҳам буд.
6 Доварони халқ аз ҷарӣ партофта шудаанд,Вале халқ ба ман диққат хоҳад дод, зеро суханонам дилпазиранд.
7 Чи тавре ки ҳангоми ҷуфт кардан хок пора-пора мегардад,Ҳамон тавр устухонҳои мо дар коми гӯр титу парешон мешаванд.
8 Аммо чашмони ман сӯйи ту нигаронанд, эй Яҳува, Парвардигор.+
Ба ту паноҳ мебарам.
Ҷонамро нагир.
9 Маро аз қапқоне, ки бароям гузоштаанд, нигаҳ дор,Аз домҳои бадкирдорон халосӣ деҳ.
10 Бадкорон аз як сар ба доми худ хоҳанд афтод,+Ман бошам, сиҳату саломат хоҳам гузашт.