Забур 144:1-15

  • Дуо дар бораи ғалаба

    • «Чист инсон?» (3)

    • Бигзор душманон пароканда шаванд (6)

    • Хушбахт аст халқи Яҳува (15)

Таронаи Довуд. 144  Яҳува, Кӯҳпораи маро,+ ҳамду сано бод,Ӯ ба дастонам ҷангро меомӯзадВа ба ангуштонам ҳарбу зарбро.+   Ӯ бароям меҳру вафо ва қалъа аст. Ӯ паноҳгоҳ ва раҳокунандаи ман,Сипари ман ва сарпаноҳи ман аст.+ Ӯ халқҳоро ба ман тобеъ мегардонад.+   Эй Яҳува, чист инсон, ки ӯро пай барӣВа фарзанди одам, ки ба ӯ диққат диҳӣ?+   Умри одам як дам аст,+Рӯзҳои ҳаёташ мисли соя гузаронанд.+   Эй Яҳува, осмонро хам карда, фуруд ой,+Ба кӯҳҳо даст расон, то онҳо дуд кунанд.+   Оташи барқро фурӯзон кун ва душманро пароканда соз,+Тирҳоятро бифирист ва онҳоро ба ошӯб андоз.+   Дастонатро аз боло дароз кун,Маро халосӣ деҳ ва аз обҳои хурӯшон раҳо кун,Аз дасти бегонагон наҷот деҳ,+   Аз дасти касоне, ки бо даҳонашон дурӯғ мегӯяндВа дасти росташонро барои қасами дурӯғ хӯрдан мебардоранд.   Худоё, дар васфат суруди нав месароям.+ Бар сози даҳтор дар васфат месароям*, 10  Дар васфи ту, ки ба подшоҳон ғалаба ато мекунӣ,+Дар васфи ту, ки бандаат Довудро аз шамшери марговар наҷот медиҳӣ.+ 11  Маро халосӣ деҳ ва аз дасти бегонагон раҳо кун,Аз дасти касоне, ки бо даҳонашон дурӯғ мегӯяндВа дасти росташонро барои қасами дурӯғ хӯрдан мебардоранд. 12  Он гоҳ писаронамон мисли навниҳол ба зудӣ нашъунамо меёбанд,Духтаронамон мисли сутунгӯшаҳое мегарданд, ки барои қаср кандакорӣ шудаанд. 13  Анборҳоямон аз ҳар навъ ҳосил пур мешаванд,Рамаҳоямон ҳазорӣ ва даҳҳазорӣ зиёд мегарданд. 14  Чорвоямон ҳомила шуда, зиёне нахоҳад дид ва бача нахоҳад партофт,Фиғоне дар кӯчаҳои мо шунида нахоҳад шуд. 15  Хушбахт аст халқе, ки чунин ҳол дорад! Хушбахт аст халқе, ки Худояш Яҳува аст!+

Поварақҳо

Ё «менавозам».