Забур 149:1-9

  • Суруд дар васфи ғалабаи Худо

    • Худо аз халқи худ хушнуд аст (4)

    • Шараф аз бандагони бовафои Худост (9)

149  Ёҳро* ситоиш кунед! Дар васфи Яҳува суруди нав бисароед,+Ӯро дар ҷамоати вафодорон ситоиш кунед.+   Бигзор Исроил аз боиси Офаридгори Бузургаш хурсандӣ кунад,+Фарзандони Сион аз боиси Подшоҳашон шод шаванд.   Бигзор номи ӯро бо рақс ситоиш кунанд+Ва дар васфаш бо дафу чанг бисароянд*,+   Зеро Яҳува аз халқи худ хушнуд аст,+Ӯ нармдилонро* бо наҷот шукӯҳ мебахшад.+   Бигзор бандагони бовафояш ҷалол ёфта, шодӣ кунанд,Бигзор бар бистари худ нидоҳои шодӣ бароранд.+   Бигзор суруди ҳамди Худо аз даҳонашон канда нашавадВа шамшери дудама аз дасташон,   То аз қавмҳо қасос гирандВа халқҳоро ҷазо диҳанд,   То подшоҳони онҳоро занҷир занандВа пойҳои калоншавандагонро завлонаи оҳанин,   То ҳукмеро, ки бар зидди онҳо навишта шудааст, ба ҷо оранд.+ Ин шараф аз бандагони бовафои ӯст. Ёҳро* ситоиш кунед!

Поварақҳо

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ё «бинавозанд».
Ё «мулоимтабиатонро».
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.