Забур 43:1-5

  • Худо Довари раҳокунанда аст

    • «Нур ва ростиятро бифирист» (3)

    • «Чаро дилмондаам?» (5)

    • «Ба Худо умед банд» (5)

43  Маро, эй Худо, доварӣ намо,+Додамро аз халқи бевафо биситон.+ Маро аз дасти фиребгарон ва ноинсофон раҳо кун,   Зеро ту Худои ман ва қалъаи ман ҳастӣ.+ Чаро маро тарк кардаӣ? Чаро аз ситами душманам ғамгин гардам?+   Нур ва ростиятро бифирист,+Бигзор онҳо маро роҳнамоӣ кунанд,+Бигзор маро ба кӯҳи муқаддасат ва хаймаи бузургат ҳидоят намоянд.+   Ман назди қурбонгоҳи Худо хоҳам омад,+Назди Худое, ки хурсандии бепоёни ман аст,Ман бо чанг,+ эй Худо, Худои ман, туро ситоиш хоҳам кард.   Чаро дилмондаам? Чаро дарунам беқарор аст? Ба Худо умед банд,+Зеро боз Худоям ва Халосгари Бузургамро васф хоҳам намуд.+

Поварақҳо