Забур 51:1-19

  • Дуои шахси тавбакарда

    • Модарам дар гуноҳ ба ман ҳомила шудааст (5)

    • Гуноҳамро пок соз (7)

    • «Андарунам дили поке биофар» (10)

    • Дили шикаста ба Худо хуш аст (17)

Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд, вақте ки пайғамбар Нотон баъд аз бо Батшобаъ+ ҳамхоб шудани Довуд наздаш омад. 51  Худоё, аз рӯйи меҳру вафоят ба ман лутф намо.+ Мувофиқи раҳми бепоёнат ҷиноятҳоямро пок соз.+   Маро шуста саропо аз хатоям тоза кун+Ва аз гуноҳам покиза соз,+   Зеро ман аз ҷиноятҳои худ огоҳамВа гуноҳам доимо пеши назарам аст.+   Бар зидди ту, пеш аз ҳама бар зидди ту, гуноҳ кардаам,+Он чиро, ки дар назарат бад аст, кардаам,+Аз ин рӯ ҳар чӣ мегӯӣ, ҳақ астВа доварият дуруст аст.+   Охир, маро хатокор зодаандВа модарам дар гуноҳ ба ман ҳомила шудааст.+   Ту ростиро дар вуҷуди инсон дида шод мешавӣ,+Пас, вуҷудамро ҳикмат биомӯз.   Гуноҳамро бо кокутӣ пок соз, то покиза гардам.+ Маро бишӯй, то аз барф сафедтар шавам.+   Бигзор овози шодиву хурсандиро бишнавам,То хушнуд шавам, ҳарчанд устухонҳоямро шикастаӣ.+   Рӯятро аз гуноҳҳоям бигардон+Ва тамоми хатоҳоямро тоза кун.+ 10  Эй Худоям, андарунам дили поке биофар+Ва сиришти наву пойдоре ба вуҷуд ор.+ 11  Маро аз пеши худ дур насозВа рӯҳи муқаддасатро аз ман нагир. 12  Шодии наҷотатро ба ман баргардон+Ва диламро ба итоат моил гардон. 13  Роҳҳоятро ба ҷинояткорон таълим медиҳам,+То гунаҳкорон сӯйи ту баргарданд. 14  Маро аз гуноҳи хунрезӣ халос кун,+ эй Худо, Худои наҷоти ман,+То забонам хурсандона росткории туро эълон кунад.+ 15  Эй Яҳува, лабонамро бикшо,То даҳонам туро ситоиш кунад,+ 16  Зеро ту қурбониро намехоҳӣ, вагарна онро меовардам,+Ту аз қурбонии сӯхтанӣ шод намешавӣ.+ 17  Қурбоние, ки ба Худо хуш меояд, рӯҳи шикаста аст,Дили шикаставу решро, эй Худо, ту рад намекунӣ.+ 18  Дар ризомандии худ ба Сион некӣ кун,Деворҳои Ерусалимро бино соз. 19  Он гоҳ ту аз қурбониҳои росткорон хурсандӣ мегирӣ,Аз қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои яклухт. Он гоҳ бар қурбонгоҳи ту говҳо қурбон карда мешаванд.+

Поварақҳо