Забур 83:1-18
Таронаи Осаф.+
83 Худоё, хомӯш набош,+Илоҳо, сукут накун ва ором набош.
2 Душманонат шӯру ғавғо мекунанд,+Бадбинонат сар бардоштаанд.
3 Онҳо пинҳонӣ бар зидди халқат макру ҳила мебофанд,Бар зидди бандаҳои азизат якҷоя қасди бад меандешанд.
4 Онҳо мегӯянд: «Биёед ин халқро нест кунем,+То номи Исроил дигар зикр нашавад».
5 Онҳо забон як карда, ҳила мебофанд,Аҳду паймон карданд, то бар зидди ту бароянд+ —
6 Хаймаҳои Адӯм ва исмоилиён, Мӯоб+ ва ҳоҷариён,+
7 Ҷабалу Аммӯн+ ва Амолеқ,Фалиштӣ+ ҳамроҳи сокинони Сӯр.+
8 Ошур+ низ ба онҳо ҳамроҳ шуд.
Онҳо бо фарзандони Лут+ ҳамдаст шуданд. (Село)
9 Бо онҳо чуноне кун, ки бо Мидён кардӣ,+Ҳамон тавре ки бо Сисро ва Ёбин назди ҷӯйи* Қишӯн амал намудӣ.+
10 Онҳо дар Эйн-Дӯр+ нест шуданд,Поруи замин гардидаанд.
11 Калоншавандагонашонро мисли Ӯрибу Заиб гардон,+Миронашонро мисли Забаҳу Салмуно,+
12 Зеро онҳо мегуфтанд: «Заминҳоеро, ки Худо дар онҳо сокин аст, соҳиб мешавем».
13 Эй Худои ман, онҳоро мисли мушхоре гардон, ки онро шамол мебарад,Мисли хасе, ки бодаш мебарад.+
14 Мисли оташе, ки ҷангалро месӯзонад,Мисли шуълаи оташ, ки кӯҳҳоро месӯзонад,+
15 Онҳоро бо боди шадидат сур кун+Ва бо тундбодат ба воҳима андоз.+
16 Рӯяшонро бо шармандагӣ бипӯшон,То онҳо ҷӯёи номат гарданд, эй Яҳува.
17 Бигзор онҳо абадан шарманда шуда, як умр дар тарсу ваҳм бошанд,Бигзор сарпаст ва нобуд шаванд.
18 Бигзор мардум бидонанд:Танҳо ту, ки номат Яҳува аст,+Бар тамоми замин Худои Таоло ҳастӣ.+
Поварақҳо
^ Ё «водии».