Ирмиё 29:1-32

  • Номаи Ирмиё ба асирони Бобил (1–23)

    • Исроилиён баъди 70 сол бармегарданд (10)

  • Паём бар зидди Шамаъёҳу (24–32)

29  Ин аст суханони мактуби пайғамбар Ирмиё, ки ӯ аз Ерусалим ба коҳинон, пайғамбарон, тамоми мардум ва ба он пироне, ки дар миёни асирон буданд, фиристод. Ӯ ин мактубро ба мардуме, ки Набукаднесар аз Ерусалим ба асирии Бобил бурд, фиристод.  Ин баъд аз он рӯй дод, ки подшоҳ Еконё,+ модари шоҳ,+ ходимони дарбор, мирони Яҳудову Ерусалим ва устоҳову оҳангарон* аз Ерусалим бурда шуданд.+  Ӯ мактубро ба дасти Элъосои писари Шофон+ ва Ҷамарёи писари Ҳилқиёҳу роҳӣ кард, ки онҳоро подшоҳи Яҳудо — Сидқиёҳу,+ ба Бобил, сӯйи Набукаднесари подшоҳи Бобил, фиристода буд. Дар он нома чунин гуфта шуда буд:  «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ба тамоми мардуме, ки бо хости ман аз Ерусалим ба асирии Бобил бурда шуданд, чунин мегӯяд:  “Хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ кунед. Боғҳо шинонда, аз меваи дарахтонашон бихӯред.  Зан бигиреду соҳиби писарону духтарон шавед. Писарону духтаронатонро хонадор кунед, то онҳо низ соҳиби писарону духтарон шаванд. Дар он ҷо зиёд шаведу кам не.  Аз пайи осоиштагии шаҳре шавед, ки бо хости ман ба он ҷо ба асирӣ бурда шудаед, ва дар ҳаққи он шаҳр ба Яҳува дуо гӯед, зеро осоиштагии он шаҳр осоиштагии шумост.+  Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Нагузоред, ки пайғамбарону фолбинони шумо, ки дар миёнатон ҳастанд, шуморо фиреб диҳанд.+ Ба хобҳое, ки онҳо мебинанд, бовар накунед.  Онҳо аз номи ман ба шумо дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд. Ман онҳоро нафиристодаам,+— мегӯяд Яҳува”. 10  Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте дар Бобил 70 сол умр ба сар баред, ман сӯйи шумо назар мекунам+ ва ба ваъдаам вафо намуда, шуморо ба ин ҷо бармегардонам.+ 11  Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ,+ ва ба шумо ояндаву умед бахшам.+ 12  Он гоҳ шумо сӯйи ман мехонед ва наздам меоед. Шумо ба ман дуо мегӯед ва ман ба шумо гӯш медиҳам.+ 13  Маро ҷуста, пайдо мекунед,+ зеро бо тамоми дил маро ҷустуҷӯ хоҳед намуд.+ 14  Ман ба шумо худро маълум месозам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман ҳама асирони шуморо ҷамъ мекунам ва шуморо аз миёни ҳама халқҳову ҷойҳое, ки шуморо пароканда сохтаам, гирд меорам,+— мегӯяд Яҳува.— Ман шуморо, аз ҷое ки ба асирӣ фиристода будам, гирифта меорам.+ 15  Вале шумо мегӯед: “Яҳува барои мо дар Бобил пайғамбаронро бархезондааст”. 16  Яҳува дар бораи подшоҳе, ки бар тахти Довуд нишастааст,+ тамоми мардуме, ки дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад, ва бародаронатон, ки ҳамроҳи шумо ба асирӣ бурда нашудаанд, чунин мегӯяд: 17  “Ман бар сари онҳо шамшер, қаҳтӣ ва ваборо мефиристам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва онҳоро мисли анҷирҳои пӯсидаву* нохӯрданӣ мегардонам.+ 18  Ман онҳоро бо шамшер,+ қаҳтӣ ва вабо сур мекунам ва онҳо даҳшати ҳама подшоҳиҳои замин+ ва лаънати даҳони мардум мешаванд. Мардумони зиёд ҳоли онҳоро дида, аз ҳайрат ҳуштак хоҳанд кашид+ ва онҳо дар ҳар ҷову маконе, ки парокандаашон созам, расво мешаванд,+ 19  зеро ба паёмҳои ман, ки ба воситаи бандагонам паёмбарон гаштаву баргашта мефиристодам, гӯш надоданд,+— мегӯяд Яҳува.— Шумо ба суханони ман гӯш надодед,+— мегӯяд Яҳува.— 20  Аз ин рӯ, эй ҳамаи асироне, ки шуморо аз Ерусалим ба Бобил фиристодаам, паёми Яҳуваро бишнавед. 21  Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, дар бораи Аҳъоби писари Қӯлоё ва Сидқиёҳуи писари Маасиёҳу, ки аз номи ман суханони дурӯғ пешгӯйӣ мекунанд,+ чунин мегӯяд: “Ман онҳоро ба дасти подшоҳи Бобил, Набукаднесар, медиҳам ва ӯ онҳоро пеши чашмони шумо мекушад. 22  Баъд аз ин ҳар кӣ аз асирони Яҳудо дар Бобил касеро лаънат бихонад, чунин хоҳад гуфт: “Бигзор Яҳува туро мисли Сидқиёҳу ва Аҳъоб гардонад, ки онҳоро подшоҳи Бобил дар оташ бирён карда буд!”, 23  зеро онҳо дар Исроил корҳои зиштро ба амал оварда,+ бо занони ёрони худ зино карданд ва аз номи ман суханони дурӯғеро гуфтанд, ки ман нафармуда будам.+ Ман инро медонаму шоҳиди ин чиз ҳастам,+— мегӯяд Яҳува.— 24  Ба Шамаъёҳуи+ неҳеломӣ бигӯ: 25  “Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ту аз номи худ ба тамоми мардуме, ки дар Ерусалим аст, ба Сафанёи+ коҳин, писари Маасиёҳу, ва ҳама коҳинон нома фиристода чунин гуфтӣ: 26  “Яҳува туро ба ҷойи Еҳуёдоъ коҳин таъйин кардааст, то нозири хонаи Яҳува бошӣ ва ҳар девонаеро, ки худро пайғамбар тарошад, пойҳояшро кунда ва дасту гарданашро завлона занӣ.+ 27  Пас, чаро ту Ирмиёи анотӯтиро,+ ки дар пеши чашмат худро пайғамбар метарошад, сарзаниш намекунӣ?+ 28  Ӯ ҳатто ба Бобил паём фиристода гуфтааст: “Шумо дар ин ҷо бисёр хоҳед истод! Хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ кунед. Боғҳо шинонда, аз меваи дарахтонашон бихӯред...”»+ 29  Вақте Сафанёи+ коҳин ин номаро дар пеши пайғамбар Ирмиё хонд, 30  ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 31  «Назди ҳама мардуми асир кас бифирист ва бигӯ: “Яҳува дар ҳаққи Шамаъёҳуи неҳеломӣ чунин мегӯяд: “Ман Шамаъёҳуро нафиристодаам, вале ӯ барои шумо пешгӯйӣ мекунад ва шуморо бардурӯғ умедвор месозад.+ 32  Аз ин рӯ Яҳува дар ҳаққи ӯ чунин мегӯяд: “Инак, ман диққатамро сӯйи Шамаъёҳуи неҳеломӣ ва насли ӯ мегардонам. Ҳеҷ яке аз насли ӯ дар миёни ин халқ зинда намемонад ва некиеро, ки дар ҳаққи халқам мекунам, намебинад,— мегӯяд Яҳува,— зеро ӯ мардумро бар зидди Яҳува шӯр андохтааст”».

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «бинокорони ҳисор».
Ё, эҳтимол, «кафидаву».