Ишаъё 27:1-13
27 Дар он рӯз Яҳува бо шамшери тез, калон ва мустаҳкам+Сӯйи ҷонвари баҳрӣ* — мори лағжон,Сӯйи ҷонвари баҳрӣ — мори печон, назар мекунадВа ин ҷонвари бадҳайбати баҳрро мекушад.
2 Дар он рӯз ба он зан* чунин бисароед:
«Эй токзоре, ки шаробат ҷӯш мезанад!+
3 Ман, Яҳува, ӯро нигаҳбонӣ мекунам,+Ҳар лаҳза ба ӯ об медиҳам.+
Ман ӯро шабу рӯз нигаҳбонӣ мекунам,То касе ба ӯ зарар нарасонад.+
4 Ман аз ӯ дарғазаб нестам.+
Агар касе бо хору хас ба ҷанги ман барояд,Ман онро поймол мекунаму оташ мезанам.
5 Ба ҷойи ин, бигзор чунин кас дар қалъаи ман паноҳ барад.
Бигзор бо ман сулҳ бандад,Бигзор сулҳ бандад».
6 Дар рӯзҳои оянда Яъқуб реша медавонад,Исроил мешукуфад, навда мезанад+Ва заминро аз ҳосилаш пур мекунад.+
7 Чӣ лозим аст, ки зананда бо зарбаи сахт ӯро бизанадЁ ӯ бо марги куштагонаш бимирад?
8 Вақте ӯро пеш кунӣ, бо овози тарсовар ӯро сарзаниш мекунӣ.
Дар рӯзи боди шарқӣ ӯ вайро бо дами пуршиддат меронад.+
9 Хатои Яъқуб ин тавр рӯпӯш мешавад+Ва, вақте гуноҳашро дур созад, ӯ чунин самар хоҳад овард:
Ӯ тамоми сангҳои қурбонгоҳроМисли бӯре, ки хока шудааст, гард-гард мекунадВа ягон Ашера* ё қурбонгоҳи бухурсӯзиро боқӣ намемонад.+
10 Шаҳри ҳисордор тарк мегардад,Чарогоҳҳо партофта мешаванд ва мисли биёбон холӣ мемонанд.+
Дар он ҷо гӯсола мечараду мехобадВа шохаҳои ӯро мехӯрад.+
11 Вақте шохаҳои ӯ хушк шаванд,Занон омада, онҳоро мешикананд ва аловӣ мекунанд,Зеро ин халқ ақлу фаҳм надорад.+
Аз ин рӯ Офарандаи онҳо ба ҳолашон раҳме намекунадВа Ҳасткунандаашон ба онҳо дилсӯзӣ наменамояд.+
12 Дар он рӯз Яҳува аз дарёи бузурги* равон то водии Миср+ меваҳоро зада меафшонад ва шумо, эй халқи Исроил, пайи ҳам ҷамъ оварда мешавед.+
13 Дар он рӯз шохи азиме навохта мешавад+ ва онҳое, ки дар замини Ошур+ дар дами марганд ва дар замини Миср+ парокандаанд, омада, дар Ерусалим, дар кӯҳи муқаддас, ба Яҳува саҷда мебаранд.+
Поварақҳо
^ Аз афташ, ин ҷо Исроил дар назар аст, ки ба зан ва ҳамчунин ба токзор монанд карда мешавад.
^ Яъне дарёи Фурот.