Ишаъё 31:1-9

  • Мадад аз Худост, на аз одамон (1–9)

    • Аспони мисриён ҷисманд (3)

31  Вой бар онҳое, ки барои кумак ба Миср мераванд,+Онҳое, ки ба аспҳо таваккал мекунанд,+Ба аробаҳои ҷангии сершуморВа аспони ҷангии* пурзӯр умед мебанданд,Аммо ба Худои Поки Исроил назар намедӯзандВа Яҳуваро намеҷӯянд.   Вале ӯ низ хирадманд аст ва мусибат меорад,Ӯ аз гапаш намегардад. Ӯ зидди хонадони бадкоронВа зидди мададгорони хатокорон бармехезад.+   Охир, мисриён одамони хокиянд, на Худо,Аспони онҳо ҷисманд, на рӯҳ.+ Вақте Яҳува дасташро дароз кунад,Ҳар мададгор пешпо мехӯрадВа ҳар мададталаб меғалтад,Ҳамаашон дар як вақт нобуд мешаванд.   Яҳува ба ман чунин гуфт: «Чуноне ки шер, шери пурзӯр, дар болои туъмаи худ наъра мезанад,Дар сурате ки чӯпонони бисёре бар зиддаш ҷамъ шудаанд,Ва аз фарёди онҳо намеҳаросадуАз ҳаёҳуи онҳо парво намекунад,Ончунон Яҳува, Худои лашкарҳо, поён меояд,То бар кӯҳи Сион ва теппаи он биҷангад.   Яҳува, Худои лашкарҳо, чун парандае, ки бар чӯҷаҳояш парвоз мекунад, Ерусалимро ҳимоя хоҳад кард.+ Ӯ вайро ҳимоя мекунад ва наҷот медиҳад. Ӯ ба вай раҳм мекунад ва халосӣ медиҳад».  «Эй халқи Исроил, шумо аз ҳад гузаштед ва зидди Худо исён бардоштед. Сӯйи ӯ баргардед,+  зеро дар он рӯз ҳар кас аз бутҳои нуқрагини бекораи худ ва аз бутҳои тиллоии бефоидаи худ, ки амали гуноҳкоронаи дастонаш аст, рӯ метобад.   Ошурӣ аз дами шамшере, ки аз одамизод нест, меафтадВа ба коми шамшере меравад, ки аз одами хокӣ нест.+ Ӯ аз тарси шамшер рӯ ба гурез меорадВа ба гардани ҷавононаш меҳнати маҷбуриро бор мекунанд.   Кӯҳпораи ӯ аз тарсу ваҳм нест мешавадВа миронаш парчамро дида ба даҳшат меафтанд»,— мегӯяд Яҳува,Ки оташаш* дар Сион ва оташдонаш дар Ерусалим аст.

Поварақҳо

Ё «саворони».
Ё «нураш».