Ишаъё 48:1-22

  • Исроил ҷазо мегирад ва пок мешавад (1–11)

  • Яҳува бар зидди Бобил амал мекунад (12–16а)

  • Таълими Худо фоидаовар аст (16б–19)

  • «Аз Бобил берун оед!» (20–22)

48  Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,Ки худро ба номи Исроил хондаеду+Аз Яҳудо сарчашма гирифтаед,Ба номи Яҳува қасам мехӯреду+Сӯйи Худои Исроил мехонед,Вале на бо росткориву аз дили соф.+   Онҳо худро бо номи шаҳри муқаддас+ мехонандВа аз Худои Исроил, ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост, кумак меҷӯянд.+   «Чизҳои пешинаро ба шумо аз қадим гуфтаам. Онҳо аз даҳони ман баромадаанд,Ман онҳоро эълон намудаам.+ Ногаҳон амал кардам ва онҳо иҷро шуданд.+   Ман медонистам, ки ту якрав ҳастӣ,Рагу пайи гарданат оҳанин ва пешоният мисин аст,+   Барои ҳамин инро аз қадим баён намудам. Пеш аз он ки ин ба амал ояд, туро хабардор кардам,То нагӯӣ: “Инро бути ман кардааст,Ҳайкали тарошида ва ҳайкали рехтаи ман фармудааст”.   Шумо ҳамаи инро шунида ва дидаед. Наход инро ба дигарон нарасонед?+ Ҳоло ман ба ту чизҳои нав,+Розҳои ниҳонеро, ки намедонистӣ, эълон мекунам.   Онҳо на аз қадим, балки ҳоло ба амал омада истодаанд,Ва ту ин чизҳоро то имрӯз нашунида будӣ. Аз ин рӯ ту гуфта наметавонӣ: “Ман инро медонистам”.   Ту нашунида будӣ+ ва намедонистӣВа аз замони пеш гӯшҳоят пӯшида буданд. Ман медонам, ки ту бисёр хиёнаткорӣ,+Ва аз вақти зода шуданат бадкор номида шудаӣ.+   Вале ба хотири номи худ ман ғазабамро бозмедорам,+Ва барои ҷалоли худ худдорӣ намуда,Туро нобуд намекунам.+ 10  Ман туро тоза кардаам, аммо на мисли нуқра,+Туро дар оташдони ҷонгудоз имтиҳон кардаам*.+ 11  Ба хотири худам, ба хотири худам амал мекунам.+ Охир, чӣ хел гузорам, ки номам хор шавад?+ Ман ҷалоли худро ба касе намедиҳам. 12  Ба ман гӯш андоз, эй Яъқуб ва эй Исроил, ки туро даъват кардаам. Ман ҳамонам, ки будам.+ Ман аввалин ва охирин ҳастам.+ 13  Дасти ман бунёди заминро гузоштааст+Ва дасти рости ман осмонро густурдааст.+ Вақте онҳоро даъват кунам, ҳозир мешаванд. 14  Ҳамаатон ҷамъ шавед ва гӯш диҳед. Кист аз миёни онҳо, ки ин чизҳоро эълон карда бошад? Ман, Яҳува, ӯро дӯст доштаам.+ Ӯ бо Бобил ҳар чӣ дилам хоҳад, мекунад+Ва дасти ӯ бар зидди калдониён хоҳад буд.+ 15  Ман гуфтаам ва ӯро даъват кардаам.+ Ман ӯро овардаам ва ӯ дар роҳи худ комёб мешавад.+ 16  Ба наздам омада, бишнавед. Аз аввали аввал пинҳонӣ гап назадаам+Ва аз вақти рӯй доданаш ҳамон ҷо будам». Ҳоло Парвардигор Яҳува маро бо рӯҳаш фиристодааст. 17  Яҳува, Товондеҳи ту ва Худои Поки Исроил, чунин мегӯяд:+ «Ман — Яҳува, Худои ту ҳастам,Ки туро таълим медиҳам, то ба худат фоида бирасонӣ,+Туро бо роҳе мебарам, ки бояд бо он биравӣ.+ 18  Кошки ба амрҳои ман гӯш медодӣ!+ Он гоҳ осоиштагии ту мисли дарё+Ва росткории ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд.+ 19  Он гоҳ насли ту мисли рег бисёрВа фарзандонат мисли регрезаҳо сершумор мебуданд+Ва номашон ҳеҷ гоҳ аз пеши ман несту нобуд намешуд». 20  Аз Бобил берун оед!+ Аз пеши калдониён бигрезед! Инро бо нидои шодӣ эълон намоед!+ Инро хабар диҳед ва то канорҳои дунё бирасонед!+ Бигӯед: «Яҳува бандааш Яъқубро бозхаридааст.+ 21  Вақте онҳоро аз харобазорҳо мегузаронд, ташна намешуданд.+ Ӯ барояшон аз кӯҳпора об баровард,Сангро шикоф кард ва аз он об ҷорӣ шуд».+ 22  «Вале бадкорон осоиштагиро намебинанд»,— мегӯяд Яҳува.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «интихоб кардаам».