Корнома 4:1-37

  • Петрус ва Юҳанноро дастгир мекунанд (1–4)

    • Имон овардани 5000 мард (4)

  • Доварӣ дар назди Шӯрои олии яҳудиён (5–22)

    • Гап заданро бас карда наметавонем (20)

  • Пурсидани далерӣ дар дуо (23–31)

  • Шогирдон ҳама чизро бо ҳам мебинанд (32–37)

4  Ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон*, нозири ибодатгоҳ ва саддуқиён*+ ба наздашон омаданд.  Онҳо дарғазаб буданд, ки расулон мардумро таълим медиҳанд ва дар бораи зинда шудани Исо рӯирост гап мезананд.+  Аз ин рӯ Петрус ва Юҳанноро дастгир карда, то рӯзи дигар ба ҳабсхона партофтанд,+ зеро аллакай бегоҳ шуда буд.  Аммо бисёре аз онҳое, ки суханони расулонро шунида буданд, имон оварданд ва шумораи мардони имоноварда ба 5000 нафар мерасид.+  Рӯзи дигар ҳокимон, пирон ва шариатдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъ омаданд  ва дар қатори онҳо Ҳонони+ саркоҳин*, Қаёфо,+ Юҳанно, Искандар ва ҳамаи хешовандони саркоҳин низ буданд.  Онҳо Петрус ва Юҳанноро дар миён гузошта, пурсиданд: «Шумо ин корро бо кадом қудрат ва ба номи кӣ ба амал овардед?»  Он гоҳ Петрус аз рӯҳи муқаддас пур шуда+ ба онҳо гуфт: «Эй роҳбарони халқ ва пирон,  шумо имрӯз моро барои кори неке, ки ба марди маъюб кардем, пурсуков мекунед+ ва донистан мехоҳед, ки ин мардро кӣ шифо додааст. 10  Пас, ба ҳамаи шумо ва ба тамоми халқи Исроил маълум бод, ки ин мард ба номи Исои Масеҳи носирӣ+ сиҳат гашта, ин ҷо, дар рӯ ба рӯйи шумо, истодааст. Он Исоро шумо дар сутун ба қатл расондед,+ вале Худо аз мурдагон зинда кард.+ 11  Ин ҳамон “сангест, ки шумо, бинокорон, писанд накардед, вале он санги сари гӯшаи бино гашт”.+ 12  Инро ҳам бидонед, ки аз ҳеҷ каси дигаре умеди наҷот нест, чунки дар зери осмон номи дигаре нест,+ ки ба одамон дода шуда бошаду ба воситаи он мо наҷот ёбем».+ 13  Вақте ки онҳо далерона* гап задани Петрус ва Юҳанноро диданду мардони нохондаву* одӣ будани онҳоро фаҳмиданд,+ ба ҳайрат омаданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд.+ 14  Чун он марди шифоёфтаро, ки дар наздашон истода буд, диданд,+ ба онҳо дар ҷавоб чизе гуфта натавонистанд.+ 15  Он гоҳ ба онҳо фармон доданд, ки аз толори Шӯрои олии яҳудиён бароянд, худашон бошанд, бо якдигар маслиҳат карда 16  гуфтанд: «Бо ин мардон чӣ кор кунем?+ Охир, онҳо кори ғайриодие ба амал оварданд, кореро, ки ба тамоми аҳли Ерусалим маълум гашт+ ва мо ҳам инро инкор карда наметавонем. 17  Пас, биёед, барои он ки овозаи ин кор дар байни мардум боз ҳам бештар паҳн нагардад, онҳоро тарсонда, бигӯем, ки минбаъд дар бораи ин ном ба ҳеҷ кас гап назананд».+ 18  Баъд аз ин Петрусу Юҳанноро ба наздашон даъват намуда, амр доданд, ки дар бораи номи Исо даҳон накушоянд ва таълим надиҳанд. 19  Вале онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Худатон фикр кунед, магар дар назари Худо дуруст аст, ки ӯро неву шуморо гӯш кунем? 20  Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем».+ 21  Онҳо бори дигар расулонро тарсонданд ва баъд озод намуданд, чунки барои ҷазо додани онҳо ягон сабаб наёфтанд ва аз мардум, ки Худоро барои ин воқеа ҷалол медоданд, метарсиданд.+ 22  Синну соли марде, ки аз ин муъҷиза шифо ёфт, аз 40 гузашта буд. 23  Вақте ки Петрус ва Юҳанно озод шуданд, ба назди дигар шогирдон омада, он чизеро, ки коҳинони калон* ва пирон гуфта буданд, нақл карданд. 24  Ин гапҳоро шунида онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд: «Эй Парвардигор, ту ҳамоне ҳастӣ, ки осмон, замин, баҳр ва тамоми мавҷудоташонро офаридаӣ!+ 25  Ту ба воситаи рӯҳи муқаддас бо забони бобои мо ва бандаат Довуд+ чунин гуфтаӣ: “Чаро халқҳо ба шӯр омадаанд ва одамон дар бораи чизҳои ҳеҷу пуч андеша меронанд? 26  Подшоҳони замин бархестанд ва ҳокимон забон як карданд, то бар зидди Яҳува ва масеҳи* ӯ бароянд”.+ 27  Дар ҳақиқат, ҳам Ҳиродус* ва ҳам Понтиюс Пилотус+ якҷоя бо одамони халқҳои дигар ва исроилиён бар зидди бандаи поку таъйиншудаат* Исо дар ин шаҳр ҷамъ омаданд,+ 28  то он чиро, ки пешакӣ ният карда будӣ, бо дасти пурқудратат ба амал орӣ.+ 29  Акнун, эй Яҳува, ба тарсонданашон диққат деҳ ва ба бандагонат далерӣ ато кун, то каломатро нотарсона гап зананд. 30  Худоё, минбаъд низ барои шифо додан дастатро дароз кун ва ба номи бандаи покат Исо+ аломату муъҷизаҳо ба амал ор».+ 31  Ҳамин ки онҳо аз Худо илтиҷо карданро ба охир расонданд, ҷое, ки онҳо ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад ва ҳамаашон, якто намонда, аз рӯҳи муқаддас пур гаштанд+ ва каломи Худоро далерона гап заданд.+ 32  Одамони бисёре, ки имон оварданд, якдилу якҷон буданд ва ҳеҷ кадоми онҳо чизеро аз молу мулкаш аз они худ намеҳисобид, балки ҳама чизро бо ҳам медиданд.+ 33  Расулон дар бораи зиндашавии Ҳазратамон Исо бо қуввату маҳорати тамом шаҳодат медоданд+ ва Худо ба ҳамаашон лутфу марҳаматашро бедареғ медод. 34  Дар байни онҳо ягон каси муҳтоҷ набуд,+ зеро ҳар касе, ки соҳиби заминҳо ва хонаҳо буд, онҳоро фурӯхта, пулашро меовард 35  ва ба расулон медод.+ Онҳо бошанд, ин пулҳоро ба ҳар кас мувофиқи эҳтиёҷоташ тақсим мекарданд.+ 36  Яке аз чунин одамон Юсуф ном левизодае аз Кипр буд, ки расулон ӯро Барнаббо,+ яъне «Писари тасаллӣ» меномиданд. 37  Ӯ замине дошт, ки онро фурӯхта, пулашро пеши пойи расулон гузошт.+

Поварақҳо

Саддуқиён — ниг. ба луғат.
Коҳин — ниг. ба луғат.
Саркоҳин — ниг. ба луғат.
Ё «рӯирост».
Яъне ин мардон дар мактабҳои динии яҳудиён таълим нагирифта буданд.
Коҳини калон — ниг. ба луғат.
Ё «тадҳиншудаи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «масеҳ».
Ё «тадҳиншудаат». Ниг. ба луғат, ба калимаи «тадҳин».
Яъне Ҳиродуси Антипас, писари Ҳиродуси Бузург.