Матто 17:1-27
17 Шаш рӯз пас Исо Петрус ва Яъқубу бародараш Юҳанноро ҳамроҳи худ гирифта, ба кӯҳи баланде баромад.+
2 Он ҷо ӯ дар пеши чашми онҳо дигаргун шуд: рӯяш мисли офтоб дурахшон ва либосаш чун нур сап-сафед гардид.+
3 Ногаҳон шогирдон Мӯсо ва Илёсро диданд, ки бо ӯ суҳбат мекарданд.
4 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Ҳазрат, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Агар хоҳӣ, ман се хайма мезанам — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс».
5 Ҳанӯз вай гапашро тамом накарда, дар болои сарашон абри дурахшоне пайдо шуд ва аз абр овозе омад: «Ин Писари азизи ман аст ва ман аз ӯ розиям.+ Ӯро гӯш кунед».+
6 Шогирдон инро шунида сахт тарсиданд ва рӯ ба замин афтоданд.
7 Он гоҳ Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед, натарсед».
8 Шогирдон сарашонро бардошта, ғайр аз Исо каси дигареро надиданд.
9 Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо ба онҳо фармуд: «То даме ки Фарзанди одам аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаатонро ба касе нагӯед».+
10 Шогирдон аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки аввал бояд Илёс биёяд?»+
11 Исо дар ҷавоб гуфт: «Илёс, дар ҳақиқат, бояд биёяд ва ҳама чизро барқарор кунад.+
12 Вале ман ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омад, лекин онҳо ӯро нашинохтанд ва ҳар чӣ хостанд, бо вай карданд.+ Ба ин монанд, Фарзанди одам низ аз дасти онҳо азоб хоҳад кашид».+
13 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта, Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дорад.
14 Вақте ки онҳо назди мардум омаданд,+ марде пеши Исо омад ва зону зада, гуфт:
15 «Ҳазрато, ба писарам раҳм кун, чунки ӯ гирифтори бемории саръ* аст ва аҳволаш вазнин аст. Ӯ дам ба дам гоҳ ба обу гоҳ ба оташ меафтад.+
16 Ман писарамро назди шогирдонат овардам, аммо онҳо ӯро шифо дода натавонистанд».
17 Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «Эй насли беимон ва гунаҳкор,+ то кай бо шумо бошам? Боз чанд вақт шуморо тоқат кунам? Ӯро пеши ман биёред».
18 Сипас Исо девро сарзаниш кард ва вай аз бача берун шуд. Ҳамон лаҳза он бача шифо ёфт.+
19 Пас аз он шогирдон дар танҳоӣ ба назди Исо омада, пурсиданд: «Барои чӣ мо девро берун карда натавонистем?»
20 Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз сабаби сустимониятон. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардал* имон дошта бошеду ба ин кӯҳ “аз ин ҷо ба он ҷо кӯч” гӯед, он мекӯчад ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд».+
21 *——
22 Вақте ки онҳо якҷоя дар Ҷалил буданд, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Фарзанди одам ба дасти душманонаш супурда мешавад+
23 ва онҳо ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм ӯ зинда мешавад».+ Шогирдон инро шунида сахт зиқ шуданд.
24 Ҳангоме ки онҳо ба Кафарнаҳум омаданд, назди Петрус ҷамъоварони андози ибодатгоҳ* омада, гуфтанд: «Магар устоди шумо андози ибодатгоҳро намесупорад?»+
25 Петрус ҷавоб дод: «Месупорад». Лекин, вақте ки ба хона даромад, Исо аз ӯ пурсид: «Шимъӯн, ба фикри ту, подшоҳони ҷаҳон андози сарикасӣ ё дигар андозҳоро аз кӣ мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»
26 Петрус ҷавоб дод: «Аз бегонагон». Он гоҳ Исо гуфт: «Пас, фарзандон озоданд,
27 лекин, барои он ки онҳоро ба хашм наорем*,+ рафта, шасти моҳигирии худро ба баҳр андоз ва аз даҳони аввалин моҳие, ки ба шаст меафтад, тангаи нуқрагие* меёбӣ. Онро гирифта, барои ҳар дуи мо ба онҳо деҳ».
Поварақҳо
^ Саръ — як навъ бемории асаб, ки сабаби кашиши рагу мушакҳо мешавад; эпилепсия.
^ Хардал — тухмии хурде, ки дар Фаластин вомехӯрад. Он сабзида, тақрибан то 4 м қад кашида метавонад ва чун дарахт шохаҳо мебарорад.
^ Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
^ Дар матни асл «ду дирҳам». Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Дар матни асл «пешпо надиҳем».
^ Дар матни асл «истатир». Тангаи нуқрагие, ки ба чор дирҳам баробар буд. Ниг. ба Замимаи Б14.