Наҳемё 1:1-11

  • Хабар аз Ерусалим (1–3)

  • Дуои Наҳемё (4–11)

1  Суханони Наҳемё*,+ писари Ҳакалё. Дар моҳи кислеви* соли 20-ум ман дар қалъаи* Шушан+ будам.  Дар он вақт Ҳанонӣ,+ яке аз бародаронам, ҳамроҳи дигар мардон аз Яҳудо омад ва ман аз онҳо дар бораи бақияи яҳудиёне, ки аз асирӣ озод гаштанд,+ ва ҳамчунин дар бораи Ерусалим пурсон шудам.  Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Аҳволи касоне, ки аз асирӣ озод шуда, дар вилоят мебошанд, хеле бад аст ва онҳо дар хориву зориянд.+ Деворҳои Ерусалим валангор+ ва дарвозаҳояш сӯхтаанд».+  Ҳамин ки ман ин суханонро шунидам, нишаста, чандин рӯз гиристам ва мотам гирифтам, ҳамчунин рӯза дошта,+ ба Худои осмон дуо хондам.  Ман гуфтам: «Эй Яҳува, Худои осмон! Эй Худои бузургу пурҳашамат! Ту ба касоне, ки туро дӯст медоранд ва амрҳоятро ба ҷо меоранд, аҳди худро нигоҳ медорӣ ва меҳру вафо мекунӣ.+  Худовандо, илтимос, ба дуои бандаат, ки имрӯз ба ту рӯ овардааст, гӯш бидеҳ ва чашмонатро ба сӯяш равона бикун. Ман рӯзу шаб+ дар бораи бандаҳоят исроилиён дуо мегӯям ва ба гардан мегирам, ки халқат Исроил бар зидди ту гуноҳ кардааст. Ҳам ман ва ҳам хонадони падарам гуноҳ кардаем.+  Мо нопок гаштем ва бар зидди ту гуноҳ кардем,+ зеро амрҳо ва дастуру ҳукмҳоеро, ки ба бандаат Мӯсо дода будӣ, риоя накардем.+  Худоё, суханонеро, ки ба бандаат Мӯсо фармуда будӣ, ба хотир ор. Ту гуфта будӣ: “Агар бевафоӣ кунед, ман шуморо дар миёни халқҳо пароканда месозам.+  Вале, агар сӯйи ман баргардед ва амрҳои маро риоя намоеду онҳоро ба ҷо оред, то канорҳои осмон пароканда бошед ҳам, шуморо ҷамъ меорам+ ва, ба ҷое ки чун ҷойгоҳи номам хуш намудаам,+ бармегардонам”. 10  Онҳо бандаҳои ту ва халқи ту мебошанд, ки ту онҳоро бо қувваи бузург ва дасти пурзӯр раҳо кардаӣ*.+ 11  Эй Яҳува, хоҳиш мекунам, ки ба дуои бандаат ва дигар бандагонат, ки аз дилу ҷон аз номи ту метарсанд, гӯш андоз ва имрӯз ба бандаат кушоиши кор ато кун ва бигзор подшоҳ ба ман лутфу марҳамат намояд».+ Он вақт ман соқии подшоҳ будам.+

Поварақҳо

Маънояш «Ёҳ тасаллӣ медиҳад».
Ё «қасри».
Ё «бозхаридӣ».