Наҳемё 9:1-38
9 Дар рӯзи 24-уми ин моҳ исроилиён ҷамъ омаданд ва рӯза дошта, палос* дар тан ва хок бар сар карда буданд.+
2 Насли исроилиён аз ҳамаи бегонагон худро ҷудо карданд+ ва истода, гуноҳҳои худ ва хатоҳои падаронашонро ба гардан гирифтанд.+
3 Сипас онҳо бархеста, чоряки рӯз* китоби Тавроти* Худояшон Яҳуваро қироат карданд+ ва чоряки дигари рӯз гуноҳҳои худро ба гардан гирифтанд ва ба Худояшон Яҳува саҷда карданд.
4 Ешуа, Бонӣ, Қадмиил, Шабанё, Буннӣ, Шарабё,+ Бонӣ ва Канонӣ бар минбари+ левизодагон истода, сӯйи Худояшон Яҳува бо овози баланд фарёд намуданд.
5 Ешуа, Қадмиил, Бонӣ, Ҳашабнаё, Шарабё, Ҳудиё, Шабанё ва Фатаҳё, ки левизода буданд, гуфтанд: «Бархезед ва Худоятон Яҳуваро то абад* ситоиш кунед.+ Бигзор номи пурҷалоли туро, ки аз ҳар баракат ва ҳамду сано болотар аст, васфу ситоиш кунанд!
6 Ту, эй Яҳува, ягона ҳастӣ.+ Ту офаридгори осмон, авҷи фалак ва лашкари он ҳастӣ, ту замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ. Ту ба ҳамаи онҳо неру мебахшӣ ва лашкари осмон ба ту саҷда мекунад.
7 Ту Яҳува, Худое ҳастӣ, ки Абромро+ интихоб намуда, аз Ури+ калдониён берун овардӣ ва ӯро Иброҳим номидӣ.+
8 Ту дидӣ, ки дили ӯ ба ту вафодор аст,+ аз ин рӯ бо ӯ аҳд бастӣ, ки замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ябусиён ва ҷирҷошиёнро ба ӯву наслаш бидиҳӣ,+ ва ту ба ин ваъдаи худ вафо кардӣ, зеро ту росткорӣ.
9 Ту азоби бобоёни моро дар замини Миср дидӣ+ ва фиғони онҳоро назди баҳри Сурх шунидӣ.
10 Ту ба фиръавн, тамоми хизматгоронаш ва мардуми заминаш аломату муъҷизаҳо нишон дода,+ онҳоро ҷазо додӣ, зеро медонистӣ, ки онҳо ба халқи ту ситам карданд.+ Ту номи худро то ба имрӯз машҳур сохтаӣ.+
11 Ту дар пеши халқат баҳрро ду тақсим кардӣ ва онҳо аз қаъри хушки баҳр гузаштанд+ ва ту дунболагиронашонро, мисли он ки сангро ба обҳои пурталотум мепартоянд, ба қаъри баҳр андохтӣ.+
12 Рӯзона ту онҳоро бо сутуни абр ва шабона бо сутуни оташ мебурдӣ ва роҳеро, ки бояд бо он мерафтанд, равшан мекардӣ.+
13 Ту ба кӯҳи Сино фуруд омада,+ аз осмон бо онҳо гап задӣ+ ва ба онҳо ҳукмҳои одилона, қонунҳои барҳақ* ва дастуру амрҳои неку додӣ.+
14 Ту шанбеи муқаддаси худро ба онҳо маълум сохтӣ+ ва ба воситаи бандаат Мӯсо ба онҳо амрҳо, дастурҳо ва қонун додӣ.
15 Вақте гурусна буданд, ба онҳо аз осмон нон додӣ,+ вақте ташна буданд, аз кӯҳпора об додӣ+ ва гуфтӣ, ки даромада, заминеро, ки ту қасам хӯрдӣ*, ки ба онҳо медиҳӣ, соҳиб шаванд.
16 Аммо бобоёнамон худбоварона+ амал карданд ва гарданшах+ шуданд ва ба амрҳои ту гӯш надоданд.
17 Онҳо аз гӯш кардан сар тофтанд+ ва корҳои бузургеро, ки ту дар миёнашон ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, балки гарданшах шуданд ва барои худ сардор таъйин намуданд, то ба Миср баргашта, аз нав ғулом шаванд.+ Аммо ту ки Худои бахшанда, дилсӯзу меҳрубон, пурсабр ва пур аз меҳру вафо ҳастӣ,+ онҳоро тарк накардӣ.+
18 Ҳатто вақте онҳо барои худ гӯсолаи рехтае сохта, чунин гуфтанд: “Ин Худои туст, ки туро аз Миср берун овард”,+ ва нисбати ту беҳурматии азиме карданд,
19 ту аз рӯйи лутфу марҳамати бузурги худ онҳоро дар биёбон тарк накардӣ.+ Сутуни абр рӯзона аз пешашон дур намешуд, то ба онҳо роҳ нишон диҳад, ва сутуни оташ шабона роҳеро, ки онҳо бояд бо он мерафтанд, равшан мекард.+
20 Ту рӯҳи некуи худро медодӣ, то фаҳм пайдо кунанд,+ манни худро аз онҳо дареғ намедоштӣ+ ва, вақте ташна мемонданд, ба онҳо об медодӣ.+
21 Ту 40 сол дар биёбон ба онҳо хӯрок медодӣ.+ Онҳо ба чизе муҳтоҷ набуданд. Либосҳояшон куҳна намешуд+ ва пойҳояшон варам намекард.
22 Ту мамлакатҳо ва халқҳоро ба дасташон супурда, замини онҳоро тақсим кардӣ+ ва онҳо замини Сиҳӯн,+ яъне замини подшоҳи Ҳешбӯнро,+ ва замини Ӯҷ,+ подшоҳи Бошонро, соҳиб шуданд.
23 Ту писарони онҳоро мисли ситорагони осмон сершумор гардондӣ.+ Сипас онҳоро ба замине, ки ба бобоёнашон ваъда додӣ, ки ба он медароянд ва онро соҳиб мешаванд, овардӣ.+
24 Писаронашон рафта, заминро соҳиб шуданд+ ва ту канъониёнро, ки сокини он ҷо буданд, пеши онҳо мағлуб кардӣ.+ Ту ҳам подшоҳон ва ҳам мардуми он сарзаминро ба дасти онҳо супурдӣ, то чӣ коре хоҳанд, бо онҳо бикунанд.
25 Онҳо шаҳрҳои девордор ва замини ҳосилхезро+ забт карданд+ ва хонаҳои пур аз ҳар гуна чизу чора, обанборҳои кандашуда, токзорҳо, боғҳои зайтун+ ва дарахтони мевадори фаровонро соҳиб шуданд. Онҳо хӯрда сер шуданд ва фарбеҳ гаштанд ва аз некуии бузурги ту лаззат бурданд.
26 Аммо онҳо саркашӣ карданд ва бар зидди ту исён бардоштанд+ ва аз Шариати ту рӯй гардонданд. Онҳо пайғамбарони туро, ки онҳоро огоҳ карда, сӯйи ту баргардондан мехостанд, куштанд ва нисбати ту беҳурматии азиме карданд.+
27 Аз ин сабаб ту онҳоро ба дасти душманонашон, ки онҳоро азоб медоданд,+ супурдӣ.+ Онҳо дар вақти тангӣ сӯйи ту фарёд мекарданд ва ту аз осмон онҳоро мешунидӣ ва аз рӯйи раҳму шафқати бузурги худ ба онҳо халосгаронро мефиристодӣ, то онҳоро аз дасти душманонашон наҷот диҳанд.+
28 Вале, ҳамин ки онҳо осудаву тинҷ мешуданд, боз дар назари ту ба корҳои бад даст мезаданд+ ва ту онҳоро ба дасти душманонашон месупурдӣ, ки бар онҳо ҳукмфармоӣ мекарданд*.+ Он гоҳ онҳо бармегаштанду сӯйи ту фарёд мекарданд+ ва ту аз осмон онҳоро мешунидӣ ва аз раҳму шафқати бузурги худ гаштаву баргашта онҳоро халос мекардӣ.+
29 Ҳарчанд онҳоро огоҳ мекардӣ, то сӯйи Шариати худ баргардонӣ, онҳо худбоварона рафтор мекарданду ба амрҳои ту гӯш додан намехостанд+ ва бар зидди дастурҳои ту, ки шахс онҳоро риоя карда зинда мемонад,+ гуноҳ мекарданд. Онҳо якравӣ карда, аз ту рӯй гардонданд ва гарданшах шуданд ва гӯш додан нахостанд.
30 Ту солҳои сол нисбати онҳо пуртоқат будӣ+ ва бо рӯҳи худ ба воситаи пайғамбарон онҳоро огоҳ мекардӣ, аммо онҳо гӯш додан нахостанд. Ниҳоят ту онҳоро ба дасти халқҳои дигар супурдӣ,+
31 вале аз рӯйи раҳму шафқати бузурги худ онҳоро несту нобуд накардӣ+ ва тарк нанамудӣ, зеро ту Худои дилсӯзу меҳрубон ҳастӣ.+
32 Акнун, эй Худои мо, Худои бузургу тавоно ва пурҳашамат, Худое, ки аҳди худро иҷро мекунӣ ва меҳру вафо нишон медиҳӣ,+ бигзор азобҳое, ки аз замонҳои подшоҳони Ошур+ то ба имрӯз бар сари мо, подшоҳони мо, мирони мо,+ коҳинони мо,+ пайғамбарони мо,+ бобоёни мо ва тамоми халқи ту омадааст, дар назарат кам нанамояд.
33 Дар ҳар он чӣ бар сари мо омадааст, ту аз рӯйи адлу инсоф амал кардӣ, зеро ту содиқу вафодор ҳастӣ, вале мо бадкорем.+
34 Подшоҳони мо, мирони мо, коҳинони мо ва бобоёни мо Шариати туро риоя накарданд ва ба амрҳову ёдовариҳои ту, ки ба воситаашон онҳоро огоҳ мекардӣ, аҳамият надоданд.
35 Ҳатто вақте онҳо дар мамлакати худ аз некии фаровоне, ки ту нишон медодӣ, баҳравар буданд, вақте дар замини паҳновару ҳосилхезе, ки ба онҳо ато кардӣ, сокин буданд, онҳо хизмати туро ба ҷо наоварданд+ ва аз корҳои бади худ даст накашиданд.
36 Инак, мо имрӯз ғулом ҳастем,+ бале, мо дар замине, ки ба бобоёнамон дода будӣ, то аз самари он ва аз нозу неъмати он бихӯранд, ғуломем.
37 Ҳосили фаровони он насиби подшоҳонест, ки ту онҳоро аз сабаби гуноҳҳоямон+ бар мо таъйин кардӣ. Онҳо бар мо ва бар чорвоямон, чи хеле хоҳанд, ҳукмронӣ мекунанд ва мо дар азоби сахтем.
38 Бинобар ин мо аҳду паймон мебандем+ ва онро навишта, бар он муҳри мирон, левизодагон ва коҳинонамонро мегузорем».+
Поварақҳо
^ Ё «се соат».
^ Ё «китоби Шариати».
^ Ё «аз азал то абад».
^ Ё «боваринок».
^ Дар матни асл «дастатро бардоштӣ».
^ Ё «онҳоро поймол мекарданд».