Ошкорсозӣ 15:1-8
15 Ман дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта+ ҳафт бало доштанд. Инҳо балоҳои охиринанд, зеро бо онҳо ғазаби Худо паст мешавад.+
2 Ман чизеро ба монанди баҳри шишагине,+ ки бо оташ омехта буд, ва касонеро, ки бар ҳайвони ваҳшӣ, ҳайкали он+ ва рақами номи он+ ғолиб омада буданд,+ дидам. Онҳо чангҳои* Худо дар даст назди баҳри шишагин меистоданд
3 ва суруди Мӯсо,+ бандаи Худо, ва суруди Барраро+ сароида мегуфтанд:
«Бузургу аҷоиб аст корҳои ту,+ эй Яҳува, Худои Тавоно*!+ Одилона ва ҳаққанд роҳҳои ту,+ эй Подшоҳи ҷовид!+
4 Кист, ки аз ту натарсад, эй Яҳува, ва номи туро ҷалол надиҳад?+ Охир, танҳо ту бовафо ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши ту саҷда мекунанд,+ зеро амрҳои одилонаи ту маълум шудаанд».
5 Пас аз ин ман дидам, ки дар осмон муқаддасгоҳи хаймаи шаҳодат+ кушода шуд+
6 ва аз ибодатгоҳ ҳафт фариштае баромаданд, ки ҳафт бало доштанд.+ Онҳо либоси катони тозаи дурахшон бар тан карда, қафаси синаашонро бо матои тиллоӣ печонида буданд.
7 Яке аз чор ҷонзод ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худои+ Абадзиндаро дароз кард.
8 Он гоҳ аз ҷалолу қуввати Худо+ ибодатгоҳ аз дуд пур шуд ва, то даме ки ҳафт балои+ ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас ба ибодатгоҳ даромада натавонист.