Ошкорсозӣ 8:1-13
8 Вақте ӯ+ муҳри ҳафтумро кушод,+ дар осмон тахминан ним соат хомӯшӣ ҳукмфармо гашт.
2 Он гоҳ ман ҳафт фариштаеро дидам,+ ки дар пеши Худо меистоданд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шуд.
3 Фариштаи дигаре, ки зарфи тиллоии бухурсӯзӣ дошт, омада, назди қурбонгоҳ истод.+ Ба ӯ бухури+ зиёд дода шуд, то онро ҳангоми садо додани дуоҳои покон бар қурбонгоҳи тиллоии+ назди тахт пешкаш кунад.
4 Дуди бухуре, ки фаришта сӯзонд, бо дуоҳои+ покон сӯйи Худо баромад.
5 Вале дарҳол баъд аз он фаришта зарфи бухурсӯзиро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард ва он оташро бар замин фурӯ рехт. Он гоҳ овозҳо садо доданд, раъду барқ+ ва заминҷунбӣ шуд
6 ва ҳафт фариштае, ки ҳафт карнай+ доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.
7 Фариштаи якум карнай навохт. Он гоҳ жолаву оташи бо хун омехта бар замин борид+ ва сеяки замин, сеяки дарахтон ва тамоми растаниҳои сабз сӯхтанд.+
8 Фариштаи дуюм карнай навохт. Он гоҳ чизе ба монанди кӯҳи азим, ки дар оташ месӯхт, ба баҳр партофта шуд+ ва сеяки баҳр ба хун табдил ёфт,+
9 сеяки ҷонварони баҳр мурданд+ ва сеяки киштиҳо ғарқ шуданд.
10 Фариштаи сеюм карнай навохт. Он гоҳ ситораи бузурге, ки мисли чароғи фурӯзон буд, аз осмон бар сеяки дарёҳо ва чашмаҳои об афтод.+
11 Номи он ситора Тахач буд. Пас аз ин сеяки обҳо мисли тахач талх гаштанд ва бисёри одамон аз талхии он обҳо мурданд.+
12 Фариштаи чорум карнай навохт. Он гоҳ сеяки офтоб,+ моҳтоб ва ситораҳо зарар диданд, то сеяки онҳо торик гарданд+ ва дар давоми сеяки рӯзу сеяки шаб равшанӣ набошад.
13 Ман уқоберо дидам, ки дар осмон парвоз мекард, ва шунидам, ки он бо овози баланд чунин мегуфт: «Вой, вой, вой+ бар ҳоли сокинони замин, зеро садои карнайҳое, ки се фариштаи дигар ба зудӣ менавозанд, шунида хоҳад шуд!»+