Пандгӯ 11:1-10
11 Нони худро ба об парто+ ва баъди рӯзҳои зиёд онро бозмеёбӣ.+
2 Аз дороии худ ба ҳафт ё ҳатто ҳашт кас бидеҳ,+ зеро намедонӣ, ки чӣ офате дар замин рӯй медиҳад.
3 Абр ки аз об пур шуд, бар замин борон меборад. Агар дарахт ба тарафи ҷануб ё шимол афтад, он дар ҷойи афтодааш мемонад.
4 Ҳар кӣ ба бод менигарад, кишт нахоҳад кард ва ҳар кӣ ба абр нигоҳ мекунад, дарав нахоҳад кард.+
5 Ба кас маълум нест, ки рӯҳ андаруни устухонҳои кӯдак дар шиками зани ҳомила чӣ тавр амал мекунад.+ Ҳамин тавр амалҳои Худоро, ки ҳама корро мекунад, наметавонӣ бифаҳмӣ.+
6 Тухмии худро саҳарӣ бикор ва то бегоҳ ба дастонат осоиш надеҳ,+ зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо ҳосил медиҳад — ин ё он ё ҳар ду.
7 Рӯшноӣ форам аст ва дидани офтоб барои чашм некуст.
8 Агар инсон солҳои сол зиндагӣ кунад, бигзор аз ҳамаи солҳои умраш баҳра барад,+ лекин дар ёд дорад, ки рӯзҳои сиёҳ ҳам бисёр буда метавонанд. Ҳар чӣ хоҳад омад, ҳеҷу пуч аст.+
9 Эй ҷавон, ҳоло ки ҷавонӣ, хурсандӣ кун, тамоми умри ҷавоният дилхушӣ намо. Бо роҳи дилхоҳат равона шав ва, ба ҷое ки ба чашмонат хуш ояд, бирав. Лекин бидон, ки барои ҳамаи ин корҳо Худо туро ба ҷавобгарӣ мекашад*.+
10 Аз ин рӯ дилатро аз чизҳои ғамовар пок соз ва танатро аз осебу зиён эмин дор, зеро ҷавонӣ ва баҳори умр ҳеҷу пуч аст.+
Поварақҳо
^ Ё «Худо аз ту ҳисобот металабад».