Панднома 2:1-22
2 Эй писарам, агар гуфтаҳои маро қабул кунӣВа амрҳои маро нигоҳ дорӣ,+
2 Агар сӯйи хирад+ гӯш ба қимор бошӣВа дилатро сӯйи рамузфаҳмӣ* моил кунӣ,+
3 Агар фаҳмишро садо кунӣ+Ва рамузфаҳмиро фарёд намоӣ,+
4 Агар онро мисли нуқра ҷустуҷӯ намоӣ+Ва мисли ганҷҳои ниҳон кофтуков кунӣ,+
5 Он гоҳ ба тарси Яҳува сарфаҳм меравӣ+Ва дониши Худоро ба даст меорӣ,+
6 Зеро хирадро Яҳува медиҳад,+Ва донишу рамузфаҳмӣ аз даҳони ӯст.
7 Ӯ барои росткорон хирадро* нигоҳ медорадВа барои касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд, сипар аст.+
8 Ӯ роҳҳои адолатро нигаҳбонӣ менамоядВа роҳи бандаҳои бовафояшро посбонӣ мекунад.+
9 Агар чунин кунӣ, ростӣ ва адлу инсофро мефаҳмӣВа аз роҳи рост огоҳ мешавӣ.+
10 Вақте хирад ба дили ту роҳ ёбад+Ва дониш ба ҷонат* хуш ояд,+
11 Ақл туро нигаҳбонӣ мекунад+Ва рамузфаҳмӣ* туро ҳимоя менамояд,
12 То туро аз роҳи бад паноҳ дорадВа аз одами каҷгуфтор нигаҳ дорад,+
13 Аз касоне, ки пайраҳаҳои ростиро тарк кардаанд,То бо роҳҳои зулмот равона шаванд,+
14 Аз онҳое, ки аз бадкорӣ шод мешаванд,Аз касоне, ки аз бадиву каҷкорӣ лаззат мебаранд,
15 Аз онҳое, ки роҳҳояшон каҷу килеб астВа роҳи макру фиребро пеша кардаанд.
16 Он туро аз зани бероҳа* нигаҳбонӣ мекунад,Аз зани сабукпое*, ки суханони дилфиреб мегӯяд,+
17 Ӯ ёри* ҷавонии худро тарк намудааст+Ва аҳди Худояшро фаромӯш кардааст.
18 Хонаи ӯ ба коми марг фурӯ меравадВа роҳҳои ӯ сӯйи мурдагон мебарад.+
19 Ҳар кӣ назди ӯ меравад*, барнамегардадВа ба пайраҳаҳои ҳаёт дигар қадам намегузорад.+
20 Пас, бо роҳи некон равона шавВа аз пайраҳаҳои одилон дур нашав,+
21 Зеро фақат росткорон дар рӯйи замин зинда мемонандВа дар он беайбон боқӣ мемонанд,+
22 Вале бадкорон аз замин несту нобуд мегарданд+Ва хиёнаткорон аз он решакан мешаванд.+
Поварақҳо
^ Ё «боҳушӣ».
^ Ё «зиракиро; кордониро».
^ Ё «боҳушӣ».
^ Дар матни асл «зани ғайр». Ё «худобехабар».
^ Дар матни асл «бегонае». Ё «бадахлоқе».
^ Ё «шавҳари».
^ Ё «бо ӯ сарукор дорад».