Эстер 8:1-17

  • Мордахай соҳиби мартабаи баланд мешавад (1, 2)

  • Эстер бори дигар дар ҳаққи халқаш подшоҳро зориву илтиҷо мекунад (3–6)

  • Подшоҳ бар фоидаи яҳудиён ҳукм мебарорад (7–14)

  • Барои яҳудиён замони осоиштагӣ ва шодмонӣ фаро мерасад  (15–17)

8  Дар он рӯз подшоҳ Ахашверуш дороии* Ҳомон+ — душмани яҳудиёнро+ ба дасти Эстери малика супурд. Мордахай бошад, назди подшоҳ омад, чунки Эстер гуфта буд, ки Мордахай ба вай кӣ мешавад.+  Он гоҳ подшоҳ ангуштарини муҳрдори худро,+ ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида, ба Мордахай дод ва Эстер Мордахайро бар тамоми дороии Ҳомон таъйин кард.+  Эстер бори дигар ба подшоҳ сухан гуфт. Ӯ ба пеши пойи подшоҳ афтод ва гирякунон зориву илтиҷо кард, ки подшоҳ нақшаеро, ки Ҳомони аҷаҷӣ бар зидди яҳудиён андешида буд,+ ва зарареро, ки ба онҳо расониданӣ буд, бартараф созад.  Подшоҳ чӯбдасти тиллои худро сӯйи Эстер дароз кард+ ва вай аз ҷой бархеста, дар назди подшоҳ истоду  чунин гуфт: «Агар подшоҳ розӣ бошаду лозим шуморад ва, агар ман дар назари ӯ писанд афтода бошаму маъқули ӯ бошам, бигзор шоҳ фармоне нависад, ки фармони Ҳомони ҳилагар,+ писари Ҳамдотои аҷаҷӣ,+ бекор карда шавад, то яҳудиён дар тамоми вилоятҳои подшоҳ нест нашаванд.  Охир, чӣ тавр ман метавонам ба бадбахтие, ки ба сари халқам омадааст, ва ба несту нобуд шудани хешу таборам оромона назар кунам?»  Подшоҳ Ахашверуш ба Эстери малика ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Ман тамоми дороии Ҳомонро ба Эстер додам,+ худашро бошад, барои он ки қасди куштани яҳудиёнро кард, ба доре* овехтам.+  Акнун чизе, ки дар назаратон дуруст тобад, барои наҷоти яҳудиён аз номи шоҳ нависед ва бо ангуштарини шоҳ муҳр занед, чунки фармонеро, ки аллакай аз номи шоҳ баромадааст ва бо ангуштарини ӯ муҳр зада шудааст, бекор кардан номумкин аст».+  Он гоҳ дар рӯзи 23-юми моҳи сеюм, яъне моҳи сивон*, котибони подшоҳро даъват карданд ва онҳо ҳар он чиро, ки Мордахай ба яҳудиён ва ҳамчунин ба шаҳрбонон*,+ ҳокимон ва мирони вилоятҳо+ фармуд, навиштанд. Онҳо суханони Мордахайро ба 127 вилоят, аз Ҳинд то Ҳабашистон, бо хати худ ва ба ҳар халқ бо забони худ ва ба яҳудиён низ бо хат ва забони худашон навиштанд. 10  Мордахай аз номи подшоҳ Ахашверуш фармон навишт ва онро бо ангуштарини ӯ+ муҳр зад. Сипас ӯ ин ҳуҷҷатҳоро ба хабаррасонҳо дод ва онҳо бар аспҳои даванд, ки барои хизмати шоҳ парвариш ёфта буданд, нишаста, ба роҳ баромаданд. 11  Дар ин ҳуҷҷатҳо подшоҳ ба яҳудиёне, ки дар шаҳрҳои гуногун буданд, иҷозат дод, ки якҷоя ҷамъ шуда, худро муҳофизат кунанд. Мувофиқи ин фармон яҳудиён метавонистанд касонеро, ки ба онҳо ҳамла меоранд, аз кадом халқ ё вилояте, ки набошанд, ҳамроҳи занону кӯдаконашон кушанд ва несту нобуд кунанд ва молу мулки онҳоро кашида гиранд.+ 12  Ҳамаи ин бояд дар тамоми вилоятҳои қаламрави подшоҳ Ахашверуш дар як рӯз, рӯзи 13-уми моҳи 12-ум, яъне моҳи озор*, рӯй медод.+ 13  Матни ин фармон бояд дар тамоми вилоятҳо чун қонун қабул мегашт ва ба ҳамаи халқҳо эълон мешуд, то яҳудиён тайёр бошанд, ки он рӯз аз душманони худ қасос гиранд.+ 14  Бо фармони подшоҳ хабаррасонҳо ба аспҳое, ки дар хизмати подшоҳ буданд, савор шуда, дарҳол равона шуданд. Онҳо аспҳои худро босуръат ҳай карда, барои иҷрои фармони подшоҳ шитофтанд. Ин қонун ҳамчунин дар қалъаи Шушан+ эълон шуд. 15  Мордахай либоси шоҳонаи кабуду сафед дар тан, тоҷи калони тиллоӣ бар сар ва бо ҷомае аз пашми бунафшранги аълосифат аз назди подшоҳ баромад.+ Дар қалъаи Шушан бошад, садои шодиву хурсандии мардум баланд шуд. 16  Барои яҳудиён замони осоиштагӣ, шодиву хурсандӣ ва сарафрозӣ фаро расид. 17  Дар ҳар вилоят ва шаҳре, ки фармон ва қонуни подшоҳ эълон мегардид, яҳудиён шодиву хурсандӣ мекарданд ва базмҳову идҳо меоростанд. Бисёре аз халқҳои он сарзамин худро яҳудӣ эълон мекарданд,+ чунки тарси яҳудиён онҳоро фаро гирифта буд.

Поварақҳо

Дар матни асл «хонаи».
Ё «сутуне». Ниг. ба луғат, ба калимаи «дор».
Ҳокими вилоятро дар империяи Бобилу Форс «шаҳрбон» мегуфтанд. Шаҳрбон аз тарафи подшоҳ таъйин мешуд ва дар вилоят соҳиби мақоми олӣ буд.