Юҳанно 3:1-36

  • Исо ва Ниқӯдимус (1–21)

    • Дубора таваллуд шудан (3–8)

    • Худо ҷаҳонро дӯст дошт (16)

  • Шоҳидии охирини Яҳё дар бораи Исо (22–30)

  • Касе, ки аз болост (31–36)

3  Ниқӯдимус+ ном фарисие, ки яке аз роҳбарони яҳудӣ буд,  боре, шабона, назди Исо омада,+ гуфт: «Устод,+ мо медонем, ки ту муаллим аз ҷониби Худо ҳастӣ, зеро муъҷизаҳоеро,+ ки ту нишон медиҳӣ, танҳо касе ба амал оварда метавонад, ки Худо бо ӯст».+  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: агар кас дубора* таваллуд нашавад,+ Подшоҳии Худоро дида наметавонад».+  Ниқӯдимус ба ӯ гуфт: «Чӣ тавр одами пир метавонад дубора таваллуд шавад? Охир, ӯ бори дуюм ба шиками модар даромада, аз нав таваллуд шуда наметавонад-ку?!»  Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: то одам аз об+ ва рӯҳ+ таваллуд нашавад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад.  Он чӣ аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст ва он чӣ аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.  Ҳайрон нашав, ки ба ту гуфтам: “Шумо бояд дубора таваллуд шавед”.  Шамол ба ҳар тарафе хоҳад, мевазад ва ту садояшро мешунавӣ, вале намедонӣ, ки он аз куҷо ба куҷо мевазад. Чунин аст ҳар касе, ки аз рӯҳ таваллуд меёбад».+  Ниқӯдимус дар ҷавоб гуфт: «Чӣ тавр ин хел шуда метавонад?» 10  Исо ба ӯ гуфт: «Наход ту устоди Исроил шуда ин чизҳоро надонӣ? 11  Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: мо он чиро, ки медонем, мегӯем ва дар бораи он чӣ дидаем, шаҳодат медиҳем, вале шумо шаҳодати моро қабул намекунед. 12  Ман дар бораи чизҳои заминӣ гуфтам, вале шумо бовар накардед, пас, агар дар бораи чизҳои осмонӣ гӯям, чӣ тавр бовар мекунед? 13  Беш аз ин, ҳеҷ кас ба осмон набаромадааст,+ ғайр аз касе, ки аз осмон фаромадааст,+ ва ин кас Фарзанди одам аст. 14  Чуноне ки пайғамбар Мӯсо дар биёбон мори мисинро боло бардошт,+ Фарзанди одам низ бояд боло бардошта шавад,+ 15  то ҳар кӣ ба ӯ имон орад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад.+ 16  Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди* худро дод,+ то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад*, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад.+ 17  Худо Писари худро на барои он ба ҷаҳон фиристод, ки ӯ ҷаҳонро доварӣ кунад, балки, барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад.+ 18  Ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад*, доварӣ карда намешавад,+ вале ҳар кӣ имон надошта бошад*, аллакай доварӣ шудааст, зеро ӯ ба номи Писари ягоназоди* Худо имон надорад.+ 19  Нур ба ҷаҳон омад, вале одамон ба ҷойи нур торикиро дӯст доштанд,+ зеро корҳояшон бад буд, аз ин рӯ онҳо маҳкум мешаванд. 20  Ҳар кӣ корҳои бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва сӯйи он намеояд, то ки корҳояш фош нашаванд. 21  Вале ҳар кӣ дуруст рафтор мекунад, сӯйи нур меояд,+ то маълум шавад, ки корҳои ӯ аз рӯйи хости Худоянд». 22  Пас аз ин Исо бо шогирдонаш ба маҳалҳои гирду атрофи Яҳудия рафт. Онҳо дар он ҷо якчанд вақт монда таъмид медоданд*.+ 23  Яҳё низ дар Энӯн, дар наздикиҳои Солим, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисёр буд,+ ва мардум назди ӯ омада, таъмид мегирифтанд.+ 24  Он вақт Яҳё ҳанӯз ба зиндон партофта нашуда буд.+ 25  Дар он рӯзҳо шогирдони Яҳё бо яҳудие дар бораи маросими покшавӣ баҳс карданд 26  ва назди Яҳё омада, гуфтанд: «Устод, нигоҳ кун, он касе, ки дар тарафи дигари Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шоҳидӣ додӣ,+ ҳоло таъмид дода истодааст ва ҳама назди ӯ мераванд». 27  Яҳё дар ҷавоб гуфт: «Одам чизеро соҳиб шуда наметавонад, бе он ки ба ӯ аз осмон дода шавад. 28  Худи шумо шоҳид ҳастед, ки гуфта будам: “Ман Масеҳ нестам,+ балки пешопеши ӯ фиристода шудаам”.+ 29  Домод ҳамон касест, ки арӯс дорад.+ Вале дӯсти домод, вақте дар наздаш истода, суханашро мешунавад, аз шунидани овози ӯ бисёр шод мегардад. Ба ин монанд, хурсандии ман низ ҳадду канор надорад. 30  Пас, ӯ бояд рӯз ба рӯз бузург шаваду ман хурд». 31  Он кӣ аз боло меояд,+ аз ҳама болотар аст. Он кӣ аз замин аст, заминист ва дар бораи чизҳои заминӣ сухан мегӯяд. Он касе, ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.+ 32  Ӯ дар бораи он чӣ дидаву шунидааст,+ шаҳодат медиҳад, вале шаҳодати ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.+ 33  Ҳар касе, ки шаҳодати ӯро қабул кардааст, ба ҳақ будани сухани Худо муҳри тасдиқ гузоштааст.+ 34  Он касе, ки фиристодаи Худост, суханони Худоро мегӯяд,+ зеро Худо рӯҳи худро ба фаровонӣ медиҳад. 35  Падар Писарро дӯст медорад+ ва ҳама чизро ба дасти ӯ супоридааст.+ 36  Ҳар касе, ки ба Писар имон дошта бошад*, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад.+ Ҳар касе, ки ба Писар итоат накунад, ҳаётро намебинад,+ балки ба ғазаби Худо гирифтор мешавад.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «аз боло».
Яъне ягона писаре, ки худи Худо офаридааст.
Ё «имон варзад».
Яъне ягона писаре, ки худи Худо офаридааст.
Ё «имон наварзад».
Ё «имон варзад».
Таъмид — ниг. ба луғат.
Ё «имон меварзад».