Юҳанно 9:1-41

  • Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад (1–12)

  • Фарисиён марди шифоёфтаро пурсуков мекунанд (13–34)

  • Кӯр будани фарисиён (35–41)

9  Исо роҳравон мардеро дид, ки кӯри модарзод буд.  Шогирдонаш аз ӯ пурсиданд: «Устод,+ ин одам аз барои гуноҳи кӣ кӯр таваллуд шудааст: барои гуноҳи худаш ё падару модараш?»  Исо ҷавоб дод: «На ӯ гуноҳ кардаасту на падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ӯ намоён шаванд.+  Ҳанӯз ки рӯз аст, мо бояд корҳои Фиристандаи маро ба ҷо орем.+ Шаб наздик аст — он вақт ҳеҷ кас коре карда наметавонад.  То даме ки ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».+  Пас аз гуфтани ин суханон ӯ ба замин туф карда, туфашро бо хок омехту лой кард ва онро ба чашмони марди кӯр молид.+  Сипас ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ чашмонатро бишӯй». (Тарҷумаи «Шилӯаҳ» «фиристода» мебошад.) Вай рафта, чашмонашро шуст ва бино шуда, омад.+  Он гоҳ ҳамсоягон ва касоне, ки пештар гадоӣ кардани ӯро медиданд, гуфтанд: «Ин ҳамон касе нест, ки шишта садақа мепурсид?»  Баъзеҳо гуфтанд: «Ҳа, худи худаш». Вале дигарон гуфтанд: «Не, ӯ танҳо ба вай монанд аст». Ӯ бошад, гуфт: «Ин манам». 10  Он гоҳ онҳо аз вай пурсиданд: «Ту чӣ хел бино шудӣ?» 11  Ӯ ҷавоб дод: «Исо ном марде туфашро бо хок омехта, онро ба чашмонам молиду гуфт: “Рафта, чашмонатро дар Шилӯаҳ бишӯй”.+ Ман рафта, шустам ва бино шудам». 12  Он гоҳ онҳо гуфтанд: «Он мард дар куҷост?» Ӯ гуфт: «Намедонам». 13  Онҳо мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. 14  Рӯзе, ки Исо туфашро бо хок омехта, чашмони+ он мардро шифо дод, рӯзи шанбе буд.+ 15  Акнун фарисиён низ пурсидан гирифтанд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Вай ба чашмонам лой молид ва ман, баъд аз он ки чашмонамро шустам, бино шудам». 16  Он гоҳ баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он одам аз ҷониби Худо нест, чунки рӯзи шанберо риоя намекунад».+ Дигарон бошанд, гуфтанд: «Магар аз дасти одами гунаҳкор ин хел муъҷизаҳо меояд?»+ Аз ин рӯ дар байни онҳо ҷудоӣ ба миён омад.+ 17  Онҳо боз ба марди кӯр гуфтанд: «Ту дар бораи касе, ки чашмонатро шифо дод, чӣ мегӯӣ?» Он мард гуфт: «Ӯ пайғамбар аст». 18  Аммо яҳудиён бовар накарданд, ки ин мард кӯр буду ҳоло шифо ёфтааст, бинобар ин падару модарашро даъват карда, 19  пурсиданд: «Оё ин писари шумост, ки, аз рӯйи гапатон, кӯр таваллуд шудааст? Агар ин рост бошад, чӣ тавр ӯ ҳоло бино гашт?» 20  Волидони ӯ ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шудааст. 21  Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ бино шуд ва кӣ чашмонашро шифо дод. Аз худаш пурсед, ӯ калон аст ва бояд худаш ҷавоб диҳад». 22  Падару модари ӯ аз тарси яҳудиён+ ин хел гуфтанд, зеро яҳудиён пешакӣ забон як карда буданд, ки касе Исоро Масеҳ донад, аз ибодатхона ронда шавад.+ 23  Бинобар ин падару модари вай гуфтанд, ки «ӯ калон аст, аз худаш пурсед». 24  Онҳо бори дуюм марди шифоёфтаро даъват карда, гуфтанд: «Ба ҳурмати Худо ба мо росташро бигӯ. Мо медонем, ки он мард гунаҳкор аст». 25  Ӯ ҷавоб дод: «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам. Фақат ҳаминро медонам, ки кӯр будаму ҳоло мебинам». 26  Он гоҳ онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро шифо дод?» 27  Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ман аллакай гуфтам, вале шумо гӯш накардед. Барои чӣ боз шунидан мехоҳед? Ё шумо ҳам мехоҳед шогирди вай шавед?» 28  Онҳо ӯро ҷанг карда гуфтанд: «Худатӣ шогирди вай, мо шогирди Мӯсоем. 29  Мо медонем, ки бо Мӯсо Худо гап задааст, вале аз куҷо будани ин одам ба мо маълум нест». 30  Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани ӯро намедонед, ҳол он ки ӯ маро бино кардааст. 31  Маълум аст, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад.+ Ӯ фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хосташро ба ҷо меоранд.+ 32  Аз замони қадим касе нашунидааст, ки ягон кас кӯри модарзодро бино карда бошад. 33  Агар он одам аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».+ 34  Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ту пур аз гуноҳ таваллуд шудаиву боз ба мо ақл ёд медиҳӣ?!» Инро гуфта, онҳо ӯро пеш карданд.+ 35  Вақте Исо шунид, ки фарисиён марди шифоёфтаро пеш карданд, ӯро ёфта, пурсид: «Оё ба Фарзанди одам имон дорӣ?» 36  Он мард ҷавоб дод: «Ака, ӯ кист, то ба ӯ имон биёрам?» 37  Исо гуфт: «Ту ӯро дидаӣ ва ӯ ҳамонест, ки бо ту гап зада истодааст». 38  Вай гуфт: «Имон дорам, Ҳазратам». Инро гуфта, ӯ ба Исо таъзим кард. 39  Он гоҳ Исо гуфт: «Ман ба ҷаҳон омадам, то одамон доварӣ карда шаванд ва кӯрон бино гарданду+ биноён кӯр».+ 40  Инро шунида фарисиёне, ки дар наздаш буданд, ба ӯ гуфтанд: «Магар мо ҳам кӯрем?» 41  Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо кӯр мебудед, гуноҳе намедоштед. Вале, азбаски шумо мегӯед, ки бино ҳастед, гуноҳҳоятон бахшида намешавад».+

Поварақҳо