Ғалотиён 4:1-31

  • На ғуломон, балки писарон (1–7)

  • Ташвиши Павлус барои ғалотиён (8–20)

  • Ҳоҷар ва Соро: ду аҳд (21–31)

    • Ерусалими боло озод аст (26)

4  Ба шумо мегӯям: то даме ки меросхӯр кӯдак аст, ӯ, бо вуҷуди он ки хӯҷаини ҳама чиз аст, аз ғулом ҳеҷ фарқе надорад  ва то омадани рӯзе, ки падараш таъйин кардааст, зери назорати мураббиён ва нозирони хона мебошад.  Ба монанди ин, мо низ ҳангоми кӯдак буданамон ғуломи фикру ақидаҳои ин ҷаҳон будем.+  Вале, вақте ки муҳлати муайяншуда ба охир расид, Худо Писари худро, ки аз зан таваллуд шуду+ тобеи шариат буд,+ фиристод,  то ӯ онҳоеро, ки тобеи шариат мебошанд, бо баҳои ҷони худ озод кунад+ ва бо ҳамин роҳ Худо моро ба писархондӣ қабул намояд.+  Азбаски шумо писаронед, Худо рӯҳи+ Писари худро ба дилҳои шумо*+ фиристод ва он рӯҳ нидо мекунад: «Аббо*, Падар!»+  Ҳамин тавр, шумо дигар на ғулом, балки писаронед ва, агар писар бошед, Худо шуморо меросхӯр низ кардааст.+  Лекин, вақте ки Худоро намешинохтед, шумо ғуломи онҳое будед, ки дар асл худо нестанд.  Аммо, ҳоло ки шумо Худоро шинохтаед, ё аниқтараш, Худо шуморо шинохтааст, чӣ тавр боз ба фикру ақидаҳои беҳудаву пасти ин ҷаҳон бармегардед+ ва мехоҳед аз нав ғуломи онҳо шавед?+ 10  Шумо рӯзҳо, моҳҳо,+ вақтҳои муайян ва солҳоро як ба як риоя мекунед. 11  Хавотирам, ки мабодо кӯшишҳое, ки ман баҳри шумо кардаам, барбод рафта бошанд. 12  Эй бародарон, аз шумо зориву илтиҷо мекунам, ки мисли ман бошед, зеро ман ҳам замоне мисли шумо будам.+ Шумо ба ман ягон бадӣ накардаед. 13  Беш аз ин, шумо медонед, ки маҳз аз сабаби бемориям ман бори аввал имкон доштам хушхабарро ба шумо расонам 14  ва, ҳарчанд бемориям бароятон озмоиш буд, шумо маро паст назадед ва аз ман нафрат накардед*. Баръакс, шумо маро чун фариштаи Худо ва чун Исои Масеҳ қабул намудед. 15  Куҷост он хушбахтие, ки шумо доштед? Ман бовар дорам, ки, агар илоҷаш мебуд, шумо чашмони худро канда, ба ман медодед.+ 16  Пас, наход ман гапи ҳақро гуфта, ба шумо душман шуда бошам? 17  Баъзеҳо зӯр мезананд шуморо сӯйи худ кашанд, вале на аз нияти нек: онҳо мехоҳанд шуморо аз ман ҷудо кунанд, то шумо бо ғайрати зиёд онҳоро пайравӣ кунед. 18  Лекин, агар касе бо нияти нек барои шумо ғайрат кунад, ин хуб аст ва ман хоҳишмандам, ки на танҳо ҳангоми ҳузур доштанам, балки ҳама вақт чунин бошад. 19  Эй фарзандони азизам,+ монанди зани зоянда ман боз бароятон дард мекашам, то даме ки ҳамранги Масеҳ шавед. 20  Кошки ман ҳоло дар наздатон мебудам ва бо шумо мулоимтар гап мезадам, зеро ман ҳайронам, ки ба шумо чӣ шуд. 21  Шумо, ки мехоҳед тобеи шариат бошед, ба ман бигӯед: магар намедонед, ки Шариат чӣ мегӯяд? 22  Охир, навишта шудааст, ки Иброҳим ду писар дошт: яке аз каниз+ ва дигаре аз зани озод;+ 23  он кӣ аз каниз буд, ба таври муқаррарӣ* ба дунё омад+ ва он кӣ аз зани озод буд, аз рӯйи ваъдаи Худо.+ 24  Ҳамаи ин маънои рамзӣ дорад, зеро он занҳо рамзи ду аҳд мебошанд: яке аз онҳо дар кӯҳи Сино+ баста шуд, ки барои ғуломӣ фарзанд ба дунё меорад, ва он Ҳоҷар аст. 25  Ҳамин тавр, Ҳоҷар кӯҳи Сино+ дар Арабистон аст ва ба Ерусалими имрӯза мувофиқ меояд, зеро ҳамроҳи фарзандонаш дар ғуломӣ мебошад. 26  Лекин Ерусалими боло озод аст ва он модари мост. 27  Навишта шудааст: «Шод бош, эй зани бефарзанде, ки назоидаӣ; бо хурсандӣ нидо кун, эй зане, ки дарди зоиш накашидаӣ, зеро фарзандони зани партофта аз фарзандони зани шавҳардор бисёртаранд».+ 28  Шумо, эй бародарон, мисли Исҳоқ фарзандони ваъда ҳастед.+ 29  Аммо, чи тавре ки он вақт фарзанде, ки ба таври муқаррарӣ* таваллуд шуд, фарзандеро, ки ба воситаи рӯҳ таваллуд шуда буд, озор медод,+ ҳоло низ ҳамон тавр аст.+ 30  Лекин Навиштаҳо чӣ мегӯянд? «Канизро бо писараш пеш кун, чунки писари каниз ҳаргиз бо писари зани озод меросхӯр нахоҳад буд».+ 31  Хуллас, эй бародарон, мо на фарзандони каниз, балки фарзандони зани озодем.

Поварақҳо

Дар матни асл «мо».
«Аббо» калимаи ибронӣ ё арамиест, ки маънояш «Эй Падар!» аст.
Ё «ба рӯям туф накардед».
Дар матни асл «мувофиқи ҷисм».
Дар матни асл «мувофиқи ҷисм».