Ҳизқиёл 16:1-63
16 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт:
2 «Эй фарзанди одам, Ерусалимро аз корҳои нафратовараш огоҳ кун.+
3 Ба вай бигӯ: “Парвардигор Яҳува ба Ерусалим чунин мегӯяд: “Аслу зодгоҳи ту замини канъониён аст. Падарат амӯриву+ модарат ҳиттӣ+ буд.
4 Дар рӯзи зода шуданат нофатро набуриданд, туро бо об шуста, тоза накарданд, намак нашакиданд ва парпеч накарданд.
5 Дили ҳеҷ кас ба ту насӯхт ва касе бароят ин корҳоро накард. Раҳми касе ба ту наомад, балки туро дар рӯзи зода шуданат дар саҳро партофтанд, чунки аз ту безор буданд.
6 Вақте ман аз пешат мегузаштам, дидам, ки оғуштаи хуниву дасту по мезанӣ. Он гоҳ ман ба ту гуфтам: “Зинда бимон!” Ман ба туи хунолуд гуфтам: “Зинда бимон!”
7 Ман туро мисли алафи саҳро сершумор гардондам. Ту нашъунамо ёфта, калон шудӣ ва бо зару зевари беҳтарин худро оро додӣ. Ту сина баровардӣ ва мӯят дароз шуд, вале ҳанӯз лучу бараҳна будӣ.
8 Вақте ман аз пешат гузаштам, дидам, ки ба синни ишқу ошиқӣ расидаӣ. Он гоҳ домани либосамро бар ту паҳн кардам+ ва тани лучи туро пӯшондам. Ман қасам хӯрда, бо ту аҳд бастам ва ту аз они ман шудӣ,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
9 Ман туро бо об шуста, аз хун тоза кардаму равған молидам.+
10 Сипас туро куртаи гулдӯзиву попӯше аз чарми беҳтарин* пӯшондам, туро катони нафис печондам ва либосҳои қиматбаҳо пӯшондам.
11 Туро бо зару зевар оро додам, ба дастонат дастпона ва бар гарданат гарданбанд андохтам.
12 Ба биният ҳалқаву ба гӯшҳоят гӯшвор пӯшондам, бар сарат тоҷи зебое гузоштам.
13 Ту худро бо тиллову нуқра, катони нафис, матои қиматбаҳо ва либоси гулдӯзӣ оро медодӣ. Хӯроки ту орди маҳин ва асалу равған буд. Ту беҳад хушрӯ+ шудиву зеби маликагӣ пайдо кардӣ.
14 Овозаи хушрӯйии ту дар миёни халқҳо паҳн гашт.+ Ҳусну ҷамоли ту бекаму кост буд, чунки ман шукӯҳи худро бар ту ниҳода будам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
15 Вале ту ба зебоият такя кардӣ+ ва аз пушти шуҳратат фоҳиша шудӣ.+ Ту зинокории фаровонатро аз ягон раҳгузар дареғ надоштӣ+ ва зебоиятро ба онҳо бахшидӣ.
16 Ту аз либосҳоят баландиҳои рангоранг сохтӣ ва дар он ҷо зино кардӣ,+ ту корҳое кардӣ, ки набояд рӯй диҳанд ва ба амал оянд.
17 Ту аз зару зеваре, ки аз тиллову нуқраи ман буд, барои худ ҳайкали мардонро сохта, бо онҳо зино намудӣ.+
18 Онҳоро бо либоси гулдӯзият оро додӣ ва равғану бухури маро ба онҳо пешкаш кардӣ.+
19 Нонеро, ки ба ту дода будам, нонеро, ки аз орди маҳин ва равғану асали ман буд, чун ҳадияи хушбӯй* ба онҳо овардӣ.+ Ҳамааш айнан ҳамин хел буд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
20 Ту писару духтаронеро, ки ба ман зода будӣ,+ қурбон кардӣ, то хӯроки бутҳо шаванд.+ Магар фоҳишагият кам буд, ки боз чунин коре кардӣ?!
21 Ту писарони маро мекуштӣ ва дар оташ сӯзонда ба бутҳоят қурбон мекардӣ.+
22 Вақте ба корҳои нафратовар ва зино даст мезадӣ, ҷавониятро ба хотир наовардӣ, ту фаромӯш кардӣ, ки замоне лучу бараҳна будӣ ва ба хуни худ ҷӯлида, дасту по мезадӣ.
23 Эй вой бар ту, вой бар ту,+ бо ин ҳама бадкорият,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
24 Ту барои худ тал бардоштӣ ва дар ҳар майдон баландӣ сохтӣ.
25 Ту дар сари ҳар кӯча баландиҳо барпо кардӣ, худро ба ҳар раҳгузар пешкаш намуда,+ ҳусни худро нафратангез кардӣ ва зинокориҳоятро зиёд намудӣ.+
26 Ту бо писарони Миср, бо ҳамсояҳои шаҳватпарастат, зино кардӣ+ ва бо зинокории бешуморат қаҳри маро овардӣ.
27 Акнун ман ба ту даст мебардорам, ризқу рӯзиятро кам мекунам+ ва туро ба дасти заноне, ки аз ту нафрат доранд, ба дасти духтарони фалиштӣ, месупорам,+ ки аз беҳаёгиҳоят ба даҳшат омадаанд.+
28 Ин бароят басанда набуд ва ту бо писарони Ошур зино кардӣ,+ вале пас аз ин ҳам аз зино сер нашудӣ.
29 Барои ҳамин фоҳишагият то замини Канъон* ва то калдониён расид,+ вале ту боз ҳам аз зино сер нашудӣ.
30 Чӣ фосиқ* буд дилат*, охир, ту мисли фоҳишаи бешарму ҳаёе ба ҳамаи ин корҳо даст задӣ!+ — мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
31 Аммо, вақте ту дар сари ҳар кӯча тал бардоштӣ ва дар ҳар майдон баландӣ сохтӣ, мисли фоҳиша набудӣ, зеро музде намегирифтӣ.
32 Ту зани хиёнаткоре ҳастӣ, ки шавҳарашро нею бегонагонро хуш дорад.+
33 Ба ҳама фоҳишагон туҳфа медиҳанд,+ ту бошӣ, худат ба ҳамаи онҳое, ки туро ҳавас мекарданд, туҳфа медодӣ.+ Ту ба онҳо пора медодӣ, то аз гирду атроф наздат омада, бо ту зино кунанд.+
34 Ту баръакси дигар фоҳишагон ҳастӣ. Касе мисли ту танфурӯшӣ накардааст! Ту ба дигарон музд медиҳӣ, на дигарон ба ту. Кори ту баръакс аст.
35 Аз ин рӯ, эй фоҳиша,+ паёми Яҳуваро бишнав!
36 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ту лаҷоми нафсатро накашидӣ ва бо хушдоронат ва бутҳои нафратовару ҳаромат*,+ ки барояшон ҳатто хуни писаронатро рехтӣ,+ зино карда, танатро луч намудӣ.
37 Бинобар ин ман ҳамаи хушдоронатро, ки ба онҳо ҳаловат мебахшидӣ, ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, ва онҳоеро, ки бад медидӣ, бар зидди ту ҷамъ меорам. Ман онҳоро аз гирду атроф ҷамъ оварда, туро дар пешашон луч мекунам ва онҳо бараҳнагии туро мебинанд.+
38 Ман туро ҷазо медиҳам, чуноне ки занони хиёнаткору+ хунхорро+ ҷазо медиҳанд, ва бо рашку ғазаб хунатро ба замин мерезам.+
39 Ман туро ба дасти онҳо месупорам ва онҳо талҳоятро вайрон мекунанду баландиҳоятро мешикананд,+ либосатро аз танат мекашанд,+ зару зеваратро мегиранд+ ва туро лучу бараҳна мепартоянд.
40 Онҳо мардумро бар зидди ту ҷамъ меоранд,+ туро сангсор мекунанд+ ва бо шамшер мекушанд.+
41 Онҳо хонаҳоятро оташ мезананд+ ва дар пеши назари занони бисёр туро ҷазо медиҳанд. Ман ба фоҳишагии ту хотима мебахшам+ ва ту дигар музди зино нахоҳӣ дод.
42 Он гоҳ хашми ман паст мегардад+ ва ғазабам аз ту дур мешавад.+ Ман ором шуда, дигар дар қаҳр нахоҳам буд.
43 Азбаски айёми ҷавониятро ба хотир наовардӣ+ ва бо ҳамаи ин корҳоят маро хашмгин кардӣ, ман оқибати рафторатро ба сарат меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ва ту дигар беҳаёгӣ намекунӣ ва ба корҳои нафратовар даст намезанӣ.
44 Ҳар кӣ бо зарбулмасалҳо гап мезанад, дар ҳаққи ту чунин хоҳад гуфт: “Духтар чӣ гуна, модар намуна”.+
45 Ту духтари модарат ҳастӣ, ки аз шавҳар ва фарзандонаш нафрат дошт. Ту аз хоҳаронат, ки аз шавҳар ва фарзандонашон нафрат доштанд, камӣ надорӣ. Модари шумо ҳиттӣ ва падаратон амӯрӣ буд.+
46 Апаи ту Сомария аст,+ ки бо духтаронаш* дар шимоли ту* зиндагӣ мекунад,+ ва хоҳарат Садӯм+ аст, ки бо духтаронаш дар ҷануби ту* зиндагӣ мекунад.+
47 Ту на фақат бо роҳҳои онҳо равона шудӣ ва ба корҳои нафратоварашон пайравӣ кардӣ, балки дар як дам аз онҳо фосиқтар шудӣ.+
48 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— хоҳарат Садӯму духтаронаш мисли тую духтаронат рафтор накарда буданд.
49 Гуноҳи хоҳарат Садӯм дар он буд, ки ӯву духтаронаш+ ҳавобаланд буданд.+ Онҳо ғизои фаровон доштанду+ беғам буданд,+ вале азобдидаву камбағалро дастгирӣ намекарданд.+
50 Онҳо сар нафуроварданд+ ва дар пеши чашми ман корҳои нафратовар карданд,+ аз ин рӯ ман ғайр аз нест кардани онҳо чораи дигаре надидам.+
51 Сомария+ низ нисфи гуноҳҳои туро накарда буд. Ту аз онҳо корҳои нафратовари бештар кардӣ, то ба дараҷае ки хоҳаронат дар пеши ту росткор тофтанд.+
52 Акнун бори нангатро бардор, зеро ту рафтори хоҳаронатро сафед кардӣ. Азбаски ту бо корҳои нафратоварат аз онҳо бештар гуноҳ кардӣ, онҳо аз ту росткортаранд. Пас, шарм дор ва бори нанги худро бардор, зеро хоҳаронат дар пеши ту росткор метобанд.
53 Ман асирони онҳоро, асирони Садӯму духтаронашро ва асирони Сомарияву духтаронашро, ҷамъ меорам. Ман асирони туро низ ҳамроҳи онҳо ҷамъ меорам,+
54 то бори нангатро бардорӣ. Ту шарманда мешавӣ, зеро онҳоро тасаллӣ додӣ.
55 Хоҳаронат, Садӯму Сомария, бо духтаронашон мисли пештара мешаванд ва ту низ бо духтаронат ҳамон хеле мешавӣ, ки пеш будӣ.+
56 Дар рӯзи мағрурият хоҳарат Садӯмро лоиқи он намешуморидӣ, ки номашро ба забон орӣ.
57 Ту, пеш аз он рӯзе ки бадкорият ошкор шуд, чунин мекардӣ.+ Ҳоло бошад, духтарони Арам* ва ҳамсоягонаш туро таъна ва духтарони фалиштиён,+ касони гирду атрофат, туро паст мезананд.
58 Ту оқибати талхи беҳаёгӣ ва корҳои нафратоваратро мечашӣ”,— мегӯяд Яҳува.
59 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо ту ҳамон тавре мекунам, ки ту кардӣ,+ зеро ту аҳди маро шикаста, қасамро таги по кардӣ.+
60 Вале ман аҳдеро, ки дар замони ҷавоният бо ту баста будам, ба хотир меорам ва бо ту аҳди ҷовидонӣ мебандам.+
61 Вақте апаву хоҳаронатро пешвоз гирӣ, рафторатро ба хотир оварда, шарм медорӣ.+ Он вақт ман онҳоро ба ту ҳамчун духтаронат медиҳам, вале на ба хотири аҳди ту.
62 Ман бо ту аҳд мебандам ва ту мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам.
63 Вақте ман, бо вуҷуди ҳамаи корҳоят, бароят товон диҳам,+ ту корҳоятро ба хотир меорӣ ва аз сабаби нанги худ аз даҳон кушодан шарм медорӣ”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
Поварақҳо
^ Ё «аз пӯсти хуки обӣ». Яъне тюлен.
^ Ё «оромбахш».
^ Ё «замини савдогарон».
^ Ё «булҳавас».
^ Ё, эҳтимол, «Чӣ пурзӯр аст хашмам бар ту».
^ Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
^ Эҳтимол, шаҳракҳои гирду атрофаш.
^ Дар матни асл «аз тарафи чапи ту».
^ Дар матни асл «аз тарафи рости ту».
^ Ё «Сурия».