Ҳизқиёл 37:1-28

  • Водии устухонҳои хушк (1–14)

  • Ду чӯб бо ҳам пайваст мешавад (15–28)

    • Як халқу як подшоҳ (22)

    • «Паймони осоиштагӣ, паймони абадӣ» (26)

37  Дасти Яҳува бар ман ниҳода шуд ва рӯҳи Яҳува маро гирифта, дар миёнаҷойи водие гузошт,+ ки пур аз устухон буд.  Ӯ маро аз миёни ҳамаи онҳо гузаронд. Ман дар он водӣ устухонҳои бисёреро дидам, ки хуп-хушк буданд.+  Ӯ аз ман пурсид: «Эй фарзанди одам, оё метавонанд ин устухонҳо зинда шаванд?» Ман гуфтам: «Эй Яҳува, Парвардигор, инро фақат ту медонӣ».+  Ӯ ба ман гуфт: «Дар бораи ин устухонҳо пешгӯйӣ кун ва ба онҳо бигӯ: “Эй устухонҳои хушк, паёми Яҳуваро бишнавед:  Парвардигор Яҳува ба ин устухонҳо чунин мегӯяд: “Ман ба шумо нафаси ҳаёт медамам ва шумо зинда мешавед.+  Ман бар шумо рагу пай ва гӯшт ба вуҷуд оварда, шуморо пӯст мепӯшонам ва ба шумо нафаси ҳаёт медамам. Шумо зинда мешавед ва мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».  Он гоҳ ман, чуноне ки ба ман фармуда шуд, пешгӯйӣ кардам. Ҳамин ки пешгӯйиро сар кардам, садои шарақ-шарақ шунида шуд ва устухонҳо ба якдигар наздик омадан гирифтанд.  Сипас ман дидам, ки бар онҳо рагу пай ва гӯшт пайдо шуд ва пӯст онҳоро пӯшонид, аммо ҳанӯз нафасе дар онҳо набуд.  Ӯ ба ман гуфт: «Ба шамол пешгӯйӣ кун. Эй фарзанди одам, пешгӯйӣ карда, ба шамол бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй шамол*, аз чор тараф вазида, бар ин куштагон бидам, то зинда шаванд”». 10  Ман, чуноне ки ӯ ба ман фармуд, пешгӯйӣ кардам ва бар онҳо нафас* дамида шуд. Он гоҳ онҳо зинда шуда, ба по рост истоданд+ ва лашкари азиме гаштанд. 11  Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ин устухонҳо тамоми хонадони Исроиланд.+ Онҳо мегӯянд: “Устухонҳои мо хушк шудаанд ва умедамон барбод рафтааст.+ Мо несту нобуд шудаем”. 12  Аз ин рӯ пешгӯйӣ карда, ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй халқам, ман қабрҳоятонро кушода,+ шуморо бармехезонам ва ба замини Исроил меорам.+ 13  Вақте қабрҳоятонро кушода, шуморо, эй халқам, бархезонам, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 14  Ман рӯҳи худро дар шумо ниҳода, шуморо зинда мекунам+ ва дар заминатон сокин мегардонам. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман, Яҳува, инро гуфтам ва ба амал овардам”,— мегӯяд Яҳува». 15  Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 16  «Эй фарзанди одам, чӯбе бигир ва бар он чунин бинавис: “Барои Яҳудо ва мардуми Исроил, ки бо ӯст”.+ Сипас чӯби дигаре гирифта, бар он чунин бинавис: “Барои Юсуф, чӯби Эфроим, ва тамоми хонадони Исроил, ки бо ӯст”.+ 17  Баъд онҳоро ба ҳам наздик ор, то дар дастат як чӯб шаванд.+ 18  Вақте халқат аз ту пурсанд, ки “Ин корат чӣ маъно дорад?”, 19  ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман чӯби Юсуфро, ки дар дасти Эфроим аст, ва дигар қабилаҳои Исроилро, ки ҳамроҳаш ҳастанд, гирифта, ба чӯби Яҳудо пайваст мекунам ва онҳоро як чӯб мегардонам.+ Онҳо дар дасти ман як мешаванд”. 20  Чӯбҳоеро, ки бар онҳо менависӣ, пеши назари мардум бидор, то онҳо бубинанд. 21  Баъд ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман исроилиёнро аз байни халқҳо, ки наздашон рафтаанд, гирифта, аз ҳар тараф ҷамъ меорам ва ба заминашон бармегардонам.+ 22  Ман онҳоро дар ин замин, бар кӯҳҳои Исроил, як халқ месозам+ ва бар ҳамаи онҳо як подшоҳ ҳукмронӣ мекунад.+ Онҳо дигар ду халқ намешаванд ва ба ду подшоҳӣ тақсим намегарданд.+ 23  Онҳо дигар худро бо бутҳои ҳаром, корҳои нафратангез ва тамоми хатоҳояшон нопок намесозанд.+ Ман онҳоро аз ҳамаи гуноҳу бевафоияшон раҳо мекунам ва онҳо пок мегарданд. Он гоҳ онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо.+ 24  Бандаам Довуд подшоҳи онҳо хоҳад шуд+ ва ҳамаашон як чӯпон хоҳанд дошт.+ Онҳо мувофиқи ҳукмҳои ман рафтор мекунанд ва фармудаҳоямро як ба як иҷро менамоянд.+ 25  Онҳо дар замине, ки ба бандаам Яъқуб дода будам, дар замине, ки бобоёнашон мезистанд,+ сокин мешаванд.+ Онҳо ва фарзандону наберагонашон дар он то абад зиндагӣ мекунанд+ ва бандаам Довуд то абад сардори онҳо мешавад.+ 26  Ман бо онҳо паймони осоиштагӣ, паймони абадӣ, мебандам,+ онҳоро пойдору сершумор мегардонам+ ва муқаддасгоҳамро абадан дар миёни онҳо мегузорам. 27  Хаймаи ман бо онҳо хоҳад буд. Ман Худои онҳо ва онҳо халқи ман хоҳанд буд.+ 28  Вақте халқҳо бубинанд, ки муқаддасгоҳам абадан дар миёни онҳост, мефаҳманд, ки ман, Яҳува, Исроилро поку муқаддас кардаам”».+

Поварақҳо

Ё «нафас; рӯҳ».
Ё «рӯҳ».