Ҳизқиёл 39:1-29

  • Нобудии Ҷуҷ ва лашкараш (1–10)

  • Қабристони водии Ҳамӯн-Ҷуҷ (11–20)

  • Барқарор шудани Исроил (21–29)

    • Худо рӯҳашро бар Исроил мерезад (29)

39  Эй фарзанди одам, бар зидди Ҷуҷ пешгӯйӣ карда,+ ба ӯ бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям, эй Ҷуҷ, эй мири калони Машаху Тубол!+  Ман туро аз роҳат мегардонам ва аз ҷойҳои дуртарини шимол пеш-пеш карда бар кӯҳҳои Исроил меорам.+  Ман камонатро аз дасти чап ва тирҳоятро аз дасти ростат зада меафтонам.  Ту бар кӯҳҳои Исроил фурӯ меғалтӣ+ — ту, лашкарат ва халқҳое, ки бо ту хоҳанд буд. Ман туро хӯроки ҳар навъ парандаи шикорӣ ва ҷонварони саҳро мегардонам.+  Ту дар саҳро фурӯ меғалтӣ,+ зеро худи ман инро гуфтаам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—  Ман бар Маҷуҷ ва онҳое, ки дар ҷазираҳо тинҷу осуда зиндагӣ мекунанд,+ оташ мефиристам ва онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.  Ман номи покамро дар миёни халқам Исроил шуҳрат медиҳам ва дигар намегузорам, ки номи поки маро беҳурмат созанд. Он вақт халқҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува, Худои Поки+ Исроил, ҳастам.+  Он чӣ пешгӯйӣ шудааст, иҷро мешавад, он ҳатман ба амал меояд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Ин аст он рӯзе, ки дар борааш гуфта будам.  Сокинони шаҳрҳои Исроил берун меоянд ва оташ афрӯхта, аслиҳаро — сипарҳои хурду калон, тиру камон ва гурзу* найзаҳоро, месӯзонанд. Онҳо ҳафт сол аз ин яроқҳо оташ дармегиронанд.+ 10  Онҳо аз саҳро чӯб ва аз ҷангалҳо ҳезум намеоранд, зеро аз яроқҳо оташ дармегиронанд. Онҳо тороҷгарони худро тороҷ ва ғоратгаронашонро ғорат мекунанд,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 11  Дар он рӯз ман дар Исроил, дар водии касоне, ки ба шарқи баҳр сафар мекунанд, ба Ҷуҷ+ қабре медиҳам ва он пеши роҳгузаронро мегирад. Онҳо Ҷуҷ ва мардуми сершуморашро дар он водӣ мегӯронанд ва онро водии Ҳамӯн-Ҷуҷ* меноманд.+ 12  Хонадони Исроил ҳафт моҳ онҳоро гӯронда, заминро тоза мекунанд.+ 13  Тамоми мардуми замин онҳоро мегӯронад ва ин кор, дар рӯзе ки ман худро ҷалол диҳам,+ ба онҳо шуҳрат меорад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 14  Он вақт шахсоне таъйин карда мешаванд, ки доимо заминро гардиш кунанд ва ҷасадҳои боқимондаро гӯронда, заминро тоза кунанд. Онҳо ҳафт моҳ ҷасад меҷӯянд. 15  Вақте касоне, ки заминро гардиш мекунанд, устухони касеро бинанд, назди он аломате мегузоранд. Он гоҳ касоне, ки гӯр мекунанд, онро дар водии Ҳамӯн-Ҷуҷ мегӯронанд.+ 16  Дар он ҷо ҳамчунин Ҳамӯна* ном шаҳре хоҳад буд. Ҳамин тавр, онҳо заминро тоза хоҳанд кард.+ 17  Ба ту бошад, эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ба ҳар навъ паранда ва ҳама ҷонварони саҳро бигӯ: “Ҷамъ шавед ва биёед. Назди қурбоние, ки бароятон тайёр кардаам, назди қурбонии бузурге, ки бар кӯҳҳои Исроил аст,+ ҷамъ омада, гӯшт хӯред ва хун нӯшед.+ 18  Шумо гӯшти паҳлавононро мехӯред ва хуни сарварони заминро менӯшед — гӯшту хуни қӯчқорон, баррагон, бузҳо ва буққаҳоро, ки ҳамаашон чорвои фарбеҳи Бошонанд. 19  Шумо ба серӣ чарбу мехӯред ва то маст шудан хуни қурбониеро, ки бароятон тайёр кардаам, менӯшед. 20  Шумо дар сари дастархони ман аз гӯшти аспу аробасаворон, паҳлавонону ҳар навъ ҷанговарон сер мешавед,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 21  Ман дар миёни халқҳо ҷалоли худро нишон медиҳам ва ҳамаи халқҳо ҳукмеро, ки ба амал оварам, ва қудратеро*, ки дар миёнашон нишон диҳам, хоҳанд дид.+ 22  Аз он рӯз сар карда хонадони Исроил мефаҳмад, ки ман Худояшон Яҳува ҳастам. 23  Он гоҳ халқҳо мефаҳманд, ки хонадони Исроил аз пушти гуноҳи худ ва бевафоияшон аз ватан бадарға шуданд.+ Аз ин сабаб ман рӯямро аз онҳо пинҳон кардам+ ва онҳоро ба дасти душман супурдам+ ва ҳамаи онҳо аз дами шамшер ҳалок шуданд. 24  Ман бо онҳо аз рӯйи нопокияшон ва гуноҳҳояшон амал кардам ва рӯямро аз онҳо пинҳон намудам”. 25  Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман асирони Яъқубро бармегардонам,+ ба тамоми хонадони Исроил раҳм мекунам+ ва номи поки худро бо ҷидду ҷаҳд ҳимоя мекунам.+ 26  Пас аз он ки онҳо барои тамоми хиёнаташон шарманда мешаванд,+ дар замини худ тинҷу осуда зиндагӣ мекунанд ва касе онҳоро наметарсонад.+ 27  Вақте ки онҳоро аз пеши халқҳо баргардонам ва аз кишварҳои душманонашон ҷамъ орам,+ дар пеши назари халқҳои зиёд худро дар миёни онҳо поку муқаддас мегардонам.+ 28  Вақте онҳоро ба миёни халқҳо ба асирӣ фиристам ва сипас якто намонда ба заминашон баргардонам,+ мефаҳманд, ки ман Худояшон Яҳува ҳастам. 29  Ман дигар рӯямро аз онҳо пинҳон намекунам,+ балки бар хонадони Исроил рӯҳамро фурӯ мерезам”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «калтакҳои нӯгтезу».
Ё «водии мардуми сершумори Ҷуҷ».
Маънояш «мардуми сершумор».
Дар матни асл «дастеро».