Ҳизқиёл 45:1-25

  • Қитъаи муқаддас ва шаҳр (1–6)

  • Замини сарвар (7, 8)

  • Сарварон бояд боинсоф бошанд (9–12)

  • Хайрияҳои мардум ва сарвар (13–25)

45  Вақте заминро тақсим карда, мерос диҳед,+ як қитъаи заминро ба Яҳува чун ҳадияи муқаддас диҳед.+ Дарозии он бояд 25 000 ва бараш 10 000 газ* бошад.+ Тамоми ин замин қитъаи муқаддас хоҳад буд.  Дар ин қитъа порчаи заминро барои ҷойи муқаддас ҷудо кун, ки бару дарозияш 500 газ бошад.+ Барои чарогоҳ аз ҳар тараф 50 газ ҷудо кун.+  Дар он ҷо заминеро ҷудо кун, ки дарозияш 25 000 ва бараш 10 000 бошад, ва дар он муқаддасгоҳ, ҷойи муқаддастарин, хоҳад буд.  Ин замин порчаи муқаддасе барои коҳинон, хизматгузорони муқаддасгоҳ, хоҳад буд,+ ки ба ҳузури Яҳува хизмат мекунанд.+ Ин порча ҷое барои хонаҳои онҳо ва ҷойи муқаддасе барои муқаддасгоҳ мешавад.  Порчаи замине, ки дарозияш 25 000 газ ва бараш 10 000 газ бошад,+ барои левизодагон, хизматгузорони ибодатгоҳ, аст ва 20 ошхона+ низ аз они онҳост.  Заминеро, ки дарозияш 25 000 (баробари ҳадияи муқаддас) ва бараш 5000 бошад,+ ба шаҳр бидеҳ. Он аз они тамоми хонадони Исроил мешавад.  Замини сарвар аз ду тарафи ҳадияи муқаддас ва порчаи замини шаҳр хоҳад буд. Он дар назди ҳадияи муқаддас ва мулки шаҳр, аз тарафи ғарбӣ ва шарқӣ, хоҳад буд. Дарозии он аз сарҳади ғарбӣ то сарҳади шарқӣ баробари дарозии замини қабилаҳо мешавад.+  Ин замин дар Исроил мулки ӯ хоҳад буд. Сарварони ман дигар халқамро ба танг намеоранд+ ва заминро мувофиқи қабилаҳо ба хонадони Исроил медиҳанд”.+  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо аз ҳад гузаштед, эй сарварони Исроил! Аз зулму ситам даст кашед ва адлу инсоф кунед.+ Ба мулки халқи ман даст дароз накунед,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 10  Тарозу, эфа* ва хуми* шумо бояд дуруст бошад.+ 11  Эфа ва хуми шумо бояд андозаи аниқ дошта бошад. Як хум бояд даҳяки ҳӯмер* ва як эфа даҳяки ҳӯмер бошад. Андозаро аз рӯйи ҳӯмер муайян созед. 12  Як сиқл*+ бояд 20 геро* бошад ва 20 сиқлу 25 сиқлу боз 15 сиқл бароятон як мино* бошад. 13  Хайрияи шумо бояд ба ин миқдор бошад: шашяки эфа аз ҳар ҳӯмери гандум ва шашяки эфа аз ҳар ҳӯмери ҷав. 14  Равғанеро, ки медиҳед, бояд бо хум чен кунед. Як хум даҳяки хуми калон* аст. Даҳ хум як ҳӯмер аст, чунки даҳ хум ба як ҳӯмер баробар аст. 15  Аз рамаи Исроил, аз ҳар 200 сар гӯсфанд, як гӯсфанд бидиҳед. Ҳамаи ин барои ҳадияи ғалла,+ қурбонии сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагист,+ то барои халқ товон бошад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 16  Тамоми мардуми сарзамин ин хайрияро ба сарвари Исроил хоҳад дод.+ 17  Сарвар вазифадор аст, ки дар идҳо,+ навмоҳҳо, шанбеҳо+ ва ҳамаи идҳое, ки барои хонадони Исроил муқаррар шудаанд,+ қурбониҳои сӯхтанӣ,+ ҳадияи ғалла+ ва ҳадияи рехтанӣ диҳад. Ӯ бояд қурбонии гуноҳ, ҳадияи ғалла, қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ орад, то барои хонадони Исроил товон шавад”. 18  Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзи якуми моҳи якум аз пода буққаи ҷавони* солимеро гирифта, муқаддасгоҳро аз гуноҳ пок намо.+ 19  Коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ гирифта, бар паҳлудариҳои ибодатгоҳ,+ бар чор гӯшаи барҷастагии гирди қурбонгоҳ ва паҳлудариҳои дарвозаи саҳни дарунӣ мемолад. 20  Дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои касе, ки нохост ё нафаҳмида гуноҳ кунад,+ ҳамин тавр амал намоед ва барои ибодатгоҳ товон диҳед.+ 21  Дар рӯзи 14-уми моҳи якум Иди Раҳоиро ҷашн гиред+ ва ҳафт рӯз фатир* хӯред.+ 22  Дар он рӯз сарвар барои худ ва мардуми сарзамин буққаи ҷавонеро барои қурбонии гуноҳ меорад.+ 23  Ӯ дар муддати ҳафт рӯзи ид ҳар рӯз барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува ҳафт буққаи ҷавони солим ва ҳафт қӯчқори солим меорад.+ Ӯ ҳамчунин барои қурбонии гуноҳ рӯзе як нарбуз хоҳад овард. 24  Ӯ бояд барои ҳадияи ғалла бо ҳар як буққа як эфа ғалла* ва бо ҳар як қӯчқор як эфа ғалла орад. Ӯ бояд бо ҳар як эфа як ҳин* равған биёрад. 25  Дар рӯзи 15-уми моҳи ҳафтум низ, ҳафт рӯзи ид,+ ӯ бояд қурбонии гуноҳ, қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ғалла ва равған биёрад”.

Поварақҳо

Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «бат». Як бат ба 22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «кор». Як кор ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҷувонаи; навбаси; тӯрпии».
Ё «нони бехамиртуруш».
Ё «орд».