Ҳизқиёл 47:1-23
47 Ӯ боз маро назди даромадгоҳи ибодатгоҳ+ овард ва ман дидам, ки аз зери остонаи ибодатгоҳ об ба тарафи шарқ ҷорист,+ чунки ибодатгоҳ рӯ ба шарқ меистод. Об аз таги ибодатгоҳ, аз тарафи рости он равона шуда, аз ҷануби қурбонгоҳ мегузашт.
2 Сипас ӯ маро аз дарвозаи шимолӣ+ баровард ва тоб хӯрда, назди дарвозаи беруние овард, ки рӯ ба шарқ буд,+ ва ман дидам, ки об аз тарафи рости он мешорад.
3 Он мард таноби андозагирӣ дар даст+ сӯйи шарқ рафт. Ӯ 1000 газ* чен карда, маро аз об гузаронд ва об то буҷулаки по буд.
4 Пас аз ин ӯ боз 1000 газ чен карда, маро аз об гузаронд ва об то зону буд.
Ӯ боз 1000 газ чен карда, маро аз об гузаронд ва об то миён буд.
5 Вақте ки ӯ 1000 гази дигарро чен кард, он дарёе шуда буд, ки ман онро гузашта натавонистам. Дарё чунон чуқур буд, ки дар он фақат шино карда мешуд, онро қадам зада гузаштан номумкин буд.
6 Ӯ аз ман пурсид: «Оё инро дидӣ, эй фарзанди одам?»
Баъд ӯ маро боз ба лаби дарё овард.
7 Вақте баргаштам, дидам, ки дар ҳар ду соҳили дарё дарахт хеле бисёр аст.+
8 Ӯ ба ман гуфт: «Ин дарё ба замини шарқ ҷорист ва аз Аробо*+ гузашта, ба баҳр мерезад. Об ба баҳр мерезад+ ва оби он шифо меёбад.
9 Ҳар ҷое ки обҳо* ҷорӣ мешаванд, ҷонварони зиёде зиста метавонанд. Моҳии он ҷо фаровон мешавад, зеро ин об ба он ҷо меояд. Оби баҳр шифо меёбад ва, ҳар ҷое ки об ҷорӣ шавад, ҳама чиз зинда мемонад.
10 Моҳигирон аз Эйн-Ҷадӣ+ то Эйн-Аҷлоим назди он хоҳанд истод ва тамоми ин масофа макони хушк кардани тӯрҳо хоҳад шуд. Он ҷо чун баҳри Бузург*+ пур аз ҳар гуна моҳӣ мешавад.
11 Дар он ҷо ботлоқҳову лойқаҳое мешаванд, ки обашон шифо намеёбад ва шӯр мемонад.+
12 Дар ду лаби дарё ҳар гуна дарахти мевадор мерӯяд. Барги онҳо пажмурда намешавад ва ин дарахтон аз мева намемонанд. Онҳо ҳар моҳ мева медиҳанд, зеро аз обе, ки аз муқаддасгоҳ равон аст,+ мехӯранд. Меваи онҳо барои хӯрок ва баргашон барои даво хоҳад буд».+
13 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: «Ин аст замине, ки бояд онро ба 12 қабилаи Исроил чун мерос тақсим кунед, ва Юсуф ду ҳисса хоҳад дошт.+
14 Шумо онро мерос мегиред ва ҳиссаи ҳама баробар хоҳад буд. Ман қасам хӯрда будам, ки ин заминро ба бобоёнатон медиҳам,+ ва акнун он мероси шумо мешавад.
15 Ин аст сарҳади шимолии замин: он аз баҳри Бузург бо роҳи Ҳатлун+ сӯйи Садод,+
16 Ҳамот,+ Берутай+ ва Сиброим, ки дар миёнаи замини Димишқ ва Ҳамот аст, рафта, то Ҳасар-Ҳатихун, ки назди сарҳади Ҳаврон+ аст, тӯл мекашад.
17 Ин сарҳад аз баҳр то Ҳасар-Энон,+ қад-қади сарҳади шимолии Димишқ ва сарҳади Ҳамот,+ хоҳад буд. Ин аст сарҳади шимолӣ.
18 Тарафи шарқӣ байни Ҳаврону Димишқ, байни Ҷилъоду+ замини Исроил, қад-қади Урдун, аст. Шумо бояд аз сарҳади шимолӣ то баҳри шарқӣ* чен кунед. Ин аст сарҳади шарқӣ.
19 Сарҳади ҷанубӣ аз Томор то обҳои Марибут-Қодеш+ ва сипас то Водӣ* ва баҳри Бузург хоҳад буд.+ Ин аст сарҳади ҷанубӣ.
20 Тарафи ғарбӣ баҳри Бузург хоҳад буд. Он аз сарҳади ҷанубӣ то рӯ ба рӯйи Лебӯ-Ҳамот*+ боло меравад. Ин аст сарҳади ғарбӣ.
21 Ин заминро байни худ, байни 12 қабилаи Исроил, тақсим кунед.
22 Онро байни худ ва байни ғарибоне, ки дар миёни шумо зиста, фарзанддор шудаанд, чун мерос тақсим кунед. Ин ғарибон бароятон мисли исроилиёни таҳҷоӣ мешаванд — онҳо дар миёни қабилаҳои Исроил дар қатори шумо мерос мегиранд.
23 Ба ин ғарибон дар замини қабилае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, мерос диҳед»,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
Поварақҳо
^ Ин ҷо гази дароз дар назар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «аз дашт».
^ Дар матни асл «ду маҷро».
^ Яъне баҳри Миёназамин.
^ Яъне баҳри Мурда.
^ Яъне водии Миср.
^ Ё «даромадгоҳи Ҳамот».