1 Воқеанома 10:1-14
-
Марги Шоул ва писаронаш (1–14)
10 Фалиштиён бо Исроил ҷангиданд. Мардони Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд ва бисёре аз онҳо дар кӯҳи Ҷилбӯа+ кушта шуданд.
2 Фалиштиён аз паси Шоул ва писаронаш сур карда, ба онҳо наздик шуданд ва писарони Шоул — Юнотон, Абинодоб ва Малкишуаро,+ куштанд.
3 Бар зидди Шоул ҷангу ҷӯши сахте шуд ва камонварон ӯро дида, ба ӯ тир андохтанд ва захмдор карданд.+
4 Он гоҳ Шоул ба силоҳбардораш гуфт: «Шамшер кашида, маро бизан, то ки ин бехатнагон омада, маро азоб надиҳанд».+ Аммо силоҳбардораш ба ин ҷуръат накард, зеро сахт тарсид. Аз ин рӯ Шоул шамшерашро гирифта, худро ба он партофт.+
5 Вақте силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, ӯ низ худро ба шамшераш партофт ва мурд.
6 Ҳамин тавр Шоул ва се писарашу тамоми хонадонаш мурданд.+
7 Вақте тамоми исроилиёне, ки дар водӣ буданд, диданд, ки ҳама рӯ ба гурез оварданд ва Шоулу писаронаш мурдаанд, шаҳрҳои худро партофта, гурехтанд ва фалиштиён омада, дар он шаҳрҳо сокин шуданд.
8 Рӯзи дигар, вақте фалиштиён омаданд, то чизу чораи мурдагонро гиранд, дар кӯҳи Ҷилбӯа+ ҷасади Шоулу писаронашро ёфтанд.
9 Онҳо ӯро ғорат карданд ва сарашро аз тан ҷудо карда, либоси ҷангиашро* гирифтанд ва ба тамоми замини фалиштиён ин хабарро фиристода, дар бутхонаҳо ва дар байни мардум паҳн карданд.+
10 Сипас онҳо либоси ҷангии* Шоулро дар хонаи худояшон гузошта, каллаашро ба девори ибодатхонаи Доҷӯн+ овехтанд.
11 Вақте аҳли Ёбиши+ Ҷилъод, ҳар он чиро, ки фалиштиён бо Шоул карданд, шуниданд,+
12 ҳамаи ҷанговаронаш хеста, ҷасади Шоул ва писаронашро гирифтанд. Онҳо ҷасадҳоро ба Ёбиш оварданд ва устухонҳояшонро дар Ёбиш, зери дарахти калон, гӯр карданд+ ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.
13 Шоул барои он мурд, ки аз каломи Яҳува сар тофта ба Яҳува бевафоӣ кард+ ва ба пурсандаи арвоҳ+ рӯ овард,
14 на ба Яҳува. Аз ин рӯ ӯ Шоулро кушт ва подшоҳиро ба Довуди писари Исой дод.+