1 Воқеанома 16:1-43
16 Онҳо сандуқи Худоро оварда, дар хаймае, ки Довуд барои он зада буд, гузоштанд+ ва ба ҳузури Худо қурбониҳои сӯхтаниву қурбониҳои осоиштагӣ оварданд.+
2 Пас аз овардани қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагӣ+ Довуд халқро ба номи Яҳува дуои нек кард.
3 Ҳамчунин ӯ ба ҳамаи исроилиён, ба ҳар як мард ва зан, яктогӣ кулчаи нонӣ, кулчаи хурмои хушк ва кулчаи мавизӣ дод.
4 Пас аз ин ӯ ба баъзе аз левизодагон супориш дод, ки пеши сандуқи Яҳува хизмат кунанд+ ва Яҳува, Худои Исроилро, ҷалол диҳанд*, шукргузорӣ кунанд ва ситоиш намоянд.
5 Осаф+ сардор ва Закарё пас аз ӯ дуюм буд. Яиил, Шемиромӯт, Яҳиил, Маттитё, Элиоб, Баноё, Убайд-Адӯм ва Яиил+ созҳои торӣ ва чанг менавохтанд,+ Осаф санҷ менавохт+
6 ва коҳинон — Баноё ва Яҳазиил, доимо дар пеши сандуқи аҳди Худо карнай менавохтанд.
7 Он рӯз Довуд бори аввал ба Яҳува суруди шукргузорӣ эҷод карда, ба Осафу+ бародаронаш дастур дод, ки онро бисароянд. Суруди ӯ чунин буд:
8 «Яҳуваро шукр гӯед,+ номи ӯро бихонед,Корҳои ӯро дар байни халқҳо маълум созед!+
9 Ба ӯ бисароед, дар васфи ӯ суруд хонед,+Дар бораи ҳама корҳои аҷоибаш андеша кунед*.+
10 Номи покашро бо фахр ба забон гиред,+Бигзор дили ҷӯяндагони Яҳува шод гардад.+
11 Яҳува ва қуввати ӯро биҷӯед,+Дидори ӯро ҷӯё бошед.+
12 Корҳои аҷоиби ӯро дар ёд доред,+Муъҷиза ва ҳукмҳои ӯро дар хотир доред,
13 Эй насли бандааш Исроил,+Эй писарони Яъқуб ва интихобшудагон.+
14 Ӯ Яҳува, Худои мост.+
Ҳукмҳои ӯ дар саросари замин аст.+
15 Аҳди ӯро то абад дар хотир доред,Ваъдаи* ӯро то ҳазорон насл,+
16 Аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст,+Ва қасамеро, ки ба Исҳоқ хӯрдааст.+
17 Ӯ ин қасамро ба Яъқуб бо ҳукме тасдиқ кард+Ва бо Исроил аҳди бардавом баст,
18 Худо ба вай гуфт: “Замини Канъонро ба ту медиҳам,+Он меросу насибаи ту мегардад”.+
19 Он вақт шумо камшумор будед,Ками кам будеду дар ин замин мусофир.+
20 Онҳо овора шуда байни халқҳо мегаштанд,Аз як мамлакат ба мамлакати дигаре мерафтанд,+
21 Ӯ намемонд, ки касе ба онҳо ситам кунад,+Ва ба хотири онҳо подшоҳонро сарзаниш мекард+
22 Ва мегуфт: “Ба масеҳони* ман даст нарасонедВа ба пайғамбаронам бадӣ накунед”.+
23 Ба Яҳува бисаро, эй тамоми замин!
Наҷоти ӯро рӯз аз рӯз эълон намо!+
24 Ҷалоли ӯро дар байни халқҳоВа корҳои бузургашро дар миёни тамоми қавмҳо баён намо,
25 Зеро Яҳува бузург ва беш аз ҳама лоиқи ҳамду саност.
Ҳашамати ӯ аз ҳамаи худоён бештар аст.+
26 Ҳамаи худоёни халқҳо бекораанд,+Вале Яҳува офаридгори осмон аст.+
27 Шукӯҳу* шавкат дар ҳузури ӯст,+Қудрату шодӣ дар макони ӯст.+
28 Яҳуваро васф намоед, эй қабилаҳои халқҳо,Яҳуваро барои ҷалолу қувваташ васф кунед.+
29 Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед.+
Ҳадия биёред ва ба наздаш биёед,+Бо либоси поку муқаддас* ба Яҳува саҷда кунед.+
30 Дар пеши ӯ биларз, эй тамоми замин!
Ӯ заминро устувор кардааст ва он такон нахоҳад хӯрд.+
31 Бигзор осмон шодӣ кунад ва замин хушҳолӣ намояд.+
Дар миёни халқҳо бигӯед: “Яҳува подшоҳ шуд!”+
32 Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, бихурӯшад,Бигзор дашту саҳро ва ҳар чӣ дар онҳост, хурсандӣ кунад.
33 Бигзор дарахтони ҷангал низ пеши Яҳува нидоҳои шодӣ кунанд,Зеро ӯ барои доварии замин меояд*.
34 Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст,+Меҳру вафои ӯ то абад аст.+
35 Бигӯед: “Моро наҷот деҳ, эй Худои наҷоти мо,+Моро ҷамъ ор ва аз дасти халқҳо раҳо кун,То ки номи поки туро ҳамд кунем+Ва туро васф намуда шод гардем*.+
36 Яҳува, Худои Исроилро,Аз азал то абад ҳамду сано бод!”»
Тамоми мардум гуфт: «Омин!»*, ва онҳо Яҳуваро ҳамду сано хонданд.
37 Пас аз ин Довуд Осаф+ ва бародаронашро дар пеши сандуқи аҳди Яҳува гузошт,+ то доимо дар пеши он хизмат карда, корҳои ҳаррӯзаро ба ҷо оранд.+
38 Убайд-Адӯм, 68 бародараш, Убайд-Адӯми писари Едутун ва Ҳусо дарбон буданд,
39 Содӯқи+ коҳин ва коҳинони дигар дар баландии Ҷибъӯн+ дар пеши хаймаи муқаддаси Яҳува буданд,
40 то доимо, ҳар шому саҳар, бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ пешкаш кунанд ва ҳар он чиро, ки дар Шариати Яҳува навишта шудааст, ҳар он чиро, ки ӯ ба Исроил фармуда буд, ба ҷо оранд.+
41 Ҳеймон, Едутун+ ва мардони дигаре, ки ном ба ном интихоб шуда буданд, ҳамроҳашон буданд, то Яҳуваро шукргузорӣ кунанд,+ зеро «меҳру вафои ӯ то абад аст».+
42 Ҳеймон+ ва Едутун карнай, санҷ ва созҳои дигареро менавохтанд, ки барои ҳамду санои Худо истифода мешуданд, ва писарони Едутун+ назди дарвоза меистоданд.
43 Пас аз ин тамоми мардум хона ба хона шуд. Довуд низ ба хонаи худ рафт, то ки хонаводаашро дуои нек кунад.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «ба хотир оранд».
^ Ё «нақл кунед».
^ Дар матни асл «Каломи фармудаи».
^ Ё «Бузургиву».
^ Ё, эҳтимол, «Ба хотири шукӯҳи покияш».
^ Ё «омадааст».
^ Ё «бо шодӣ туро васф намоем».
^ Ё «Бигзор ҳамин хел шавад!»