1 Воқеанома 17:1-27

  • Довуд ибодатгоҳро намесозад (1–6)

  • Аҳди подшоҳӣ бо Довуд (7–15)

  • Шукргузории Довуд (16–27)

17  Ҳамин ки Довуд дар қасри худ сокин шуд, ба пайғамбар Нотон+ гуфт: «Ин чӣ хел мешавад, ки ман дар хонаи аз чӯби сидра+ зиндагӣ кунаму сандуқи аҳди Яҳува дар хайма бошад?»+  Нотон ба Довуд гуфт: «Ҳар чӣ дар дилат бошад, бикун, зеро Худо бо туст».  Худи ҳамон шаб Худо ба Нотон паём фиристода гуфт:  «Рафта, ба бандаам Довуд бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Ту барои ман хонае, ки дар он сокин мешавам, нахоҳӣ сохт.+  Ман, аз рӯзе ки Исроилро баровардам, то ба ин рӯз дар хонае сокин набудам, балки аз хайма ба хайма ва аз як ҷо ба ҷойи дигар мегаштам.+  Тамоми он вақте ки ман бо Исроил сафар мекардам, оё боре ба ягон довари Исроил чизе гуфтам? Оё ба касоне, ки онҳоро ба бонӣ кардани халқам гузошта будам, даҳон кушода гуфтам: “Чаро бароям хонае аз чӯби сидра насохтед?”  Акнун бошад, ба бандаам Довуд бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман туро аз чарогоҳ, аз рамабонӣ, гирифта, бар халқам Исроил пешво кардам.+  Ба ҳар ҷое биравӣ, ман бо ту хоҳам буд+ ва тамоми душманонатро аз пеши ту решакан хоҳам кард+ ва номи туро мисли номи бузургони дунё хоҳам сохт.+  Ман барои халқам Исроил маконе таъйин менамоям ва онҳоро дар он макон сокин мекунам. Онҳо дар он ҷо зиста, дигар безобита намешаванд. Бадкорон онҳоро дигар ба танг намеоранд*, чуноне ки дар гузашта,+ 10  аз он рӯзе ки ман бар халқам Исроил доваронро гузошта будам,+ мекарданд. Ман ҳамаи душманонатро ба ту тобеъ мекунам.+ Беш аз ин, ба ту мегӯям, ки Яҳува барои ту хонадоне бино мекунад. 11  Вақте рӯзҳои умрат ба охир расад ва ту ба бобоёни худ ҳамроҳ шавӣ, ман пас аз сари ту наслатро, яке аз писаронатро, бар тахт мешинонам+ ва подшоҳии ӯро пойдор месозам.+ 12  Ӯ он касест, ки барои ман хонае бино мекунад,+ ва ман тахти ӯро то абад пойдор месозам.+ 13  Ман падари ӯ мешавам ва ӯ писари ман мешавад.+ Ман ӯро аз меҳру вафои худ маҳрум намекунам,+ чуноне ки касеро, ки пеш аз ту буд, маҳрум карда будам.+ 14  Ман ӯро то абад бар хонаи худ ва подшоҳии худ таъйин мекунам+ ва тахти ӯ то абад пойдор хоҳад буд”».+ 15  Нотон ҳамаи ин суханон ва тамоми ин рӯъёро ба Довуд нақл кард. 16  Он гоҳ шоҳ Довуд омада, ба ҳузури Яҳува нишаст ва гуфт: «Эй Яҳува Худо, ман кистам ва хонадони ман кист ки, ту ба ман ин қадар некӣ кардӣ?+ 17  Эй Худо, ҳамаи ин кам буд, ки ту боз дар бораи ояндаи дури хонадони бандаат сухан рондӣ+ ва ту, эй Яҳува Худо, ба ман чун ба шахсе менигарӣ, ки сазовори сарбаландии бештар аст*. 18  Бандаат Довуд ба ту дар бораи шарафе, ки ба ман лоиқ донистӣ, боз чӣ гӯяд? Охир, ту бандаатро нағз медонӣ.+ 19  Эй Яҳува, ту ба хотири бандаат ва аз рӯйи хости дили худ ҳамаи ин корҳои бузургро ба амал оварда, бузургии худро ошкор кардӣ.+ 20  Эй Яҳува, ту мислу монанд надорӣ+ ва ғайр аз ту Худое нест,+ ҳар чизе, ки мо бо гӯши худ шунидаем, инро исбот мекунад. 21  Кадом халқи рӯйи замин мисли халқат Исроил аст?+ Худо омада, онро бозхарид, то халқи ӯ бошад.+ Ту корҳои бузург ва пурҳашамат карда, номи худро машҳур сохтӣ+ ва халқҳоро аз пеши халқат, ки онро аз Миср раҳо кардӣ*, бадар рондӣ.+ 22  Ту халқи худ Исроилро то абад халқи худ сохтӣ+ ва ту, эй Яҳува, Худои онҳо шудӣ.+ 23  Ҳоло, эй Яҳува, ба ваъдае, ки дар бораи бандаат ва хонадони ӯ додаӣ, то абад вафо кун ва он чиро, ки гуфтаӣ, ба ҷо ор.+ 24  Бигзор номи ту то абад бимонад ва бузург бошад,+ то бигӯянд: “Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои Исроил, бар Исроил Худо аст”, ва бигзор хонадони бандаат Довуд дар пеши ту пойдор бошад,+ 25  зеро ту, эй Худои ман, ба бандаат ошкор кардӣ, ки ният дорӣ барояш хонадоне барпо кунӣ. Барои ҳамин бандаат бо дилпурӣ ба ту ин дуоро мегӯяд. 26  Яҳува, ту Худои ҳақиқӣ ҳастӣ ва ин некиҳоро дар бораи бандаат ваъда додӣ. 27  Бигзор ба назарат писанд бошад, ки хонадони бандаатро баракат диҳӣ, ва он то абад дар ҳузури ту пойдор бимонад, зеро ту, эй Яҳува, онро баракат додӣ ва он аз баракати ту то абад обод хоҳад буд».

Поварақҳо

Дар матни асл «хаставу бемаҷол намекунанд».
Ё «чун ба шахси баландмартаба менигарӣ».
Ё «бозхаридӣ».