1 Воқеанома 3:1-24

  • Насли Довуд (1–9)

  • Шоҳон аз насли Довуд (10–24)

3  Инҳоянд писарони Довуд, ки дар Ҳебрӯн+ ба дунё омаданд: калонияш Амнӯн,+ ки модараш Аҳинӯами+ изреъилӣ буд, дуюмаш Дониёл, ки модараш Абиҷайли+ кармилӣ буд,  сеюмаш Абшолӯми+ писари Маъкои духтари Талмайи подшоҳи Ҷашур, чорумаш Адӯниёи+ писари Ҳаҷҷит,  панҷумаш Шафатёҳу, ки модараш Абитол буд, ва шашумаш Итром, ки модараш Эҷлои зани Довуд буд.  Ин шаш писари Довуд дар Ҳебрӯн ба дунё омаданд. Ӯ дар он ҷо 7 солу 6 моҳ ва дар Ерусалим 33 сол ҳукмронӣ кард.+  Барои Довуд дар Ерусалим инҳо таваллуд ёфтанд:+ Шимъо, Шубоб, Нотон+ ва Сулаймон,+ модари ин чор нафар Батшобаи+ духтари Аммиил буд.  Нуҳ писари дигари Довуд инҳо буданд: Ибҳор, Элишомаъ, Элифолат,  Нӯҷа, Нофаҷ, Ёфиа,  Элишомаъ, Элиёдоъ ва Элифолат.  Ҳамаи инҳо писарони Довуд буданд ва хоҳари онҳо Томор+ буд. Ғайр аз онҳо Довуд аз сурриягонаш низ писар дошт. 10  Писари Сулаймон Раҳабъом,+ писараш Абиё,+ писараш Осо,+ писараш Еҳушофот,+ 11  писараш Еҳуром,+ писараш Аҳазё,+ писараш Еҳуош,+ 12  писараш Амасё,+ писараш Азарё,+ писараш Ютом,+ 13  писараш Оҳоз,+ писараш Ҳизқиё,+ писараш Менашше,+ 14  писараш Омӯн+ ва писараш Юшиё+ буд. 15  Писарони Юшиё инҳоянд: калонияш Юҳонон, дуюмаш Еҳуёқим,+ сеюмаш Сидқиёҳу+ ва чорумаш Шаллум. 16  Писари Еҳуёқим Еконё+ буд, ки Сидқиёҳуро ба дунё овард. 17  Писарони Еконё, ки дар асирӣ ба дунё омаданд, инҳо буданд: Шаалтиил, 18  Малкиром, Фадоё, Шенъасар, Еқамё, Ҳушомоъ ва Надабё. 19  Писарони Фадоё Зарубобил+ ва Шимъӣ буданд. Писарони Зарубобил Машуллом ва Ҳананё буданд ва хоҳари онҳо Шелӯмит буд. 20  Панҷ писари дигари ӯ инҳо буданд: Ҳашубо, Ӯҳил, Баракё, Ҳасадё ва Юшаб-Ҳосад. 21  Писарони Ҳананё Фалатё ва Ишаъё буданд, писари* Ишаъё Рафоё, писари* Рафоё Арнон, писари* Арнон Убадё ва писари* Убадё Шаканё буд. 22  Писарони Шаканё Шамаъёҳуву писаронаш — Ҳаттуш, Иҷъол, Борияҳ, Наарё ва Шофот, ҳамагӣ шаш нафар, буданд. 23  Писарони Наарё Элюинай, Ҳизқиё ва Азриқом, се нафар, буданд. 24  Писарони Элюинай Ҳудавё, Элёшиб, Фалоё, Аққуб, Юҳонон, Далоё ва Анонӣ, ҳафт нафар, буданд.

Поварақҳо

Дар матни асл «писарони».
Дар матни асл «писарони».
Дар матни асл «писарони».
Дар матни асл «писарони».