1 Воқеанома 8:1-40

  • Насли Бинёмин (1–40)

    • Насабномаи хонадони Шоул (33–40)

8  Бинёмин+ писари калонияш Балаъ,+ дуюмаш Ашбел,+ сеюмаш Аҳраҳ,  чорумаш Нуҳо ва панҷумаш Рофоро ба дунё овард.  Писарони Балаъ Аддор, Ҷеро,+ Абиҳуд,  Абишуа, Наамон, Аҳӯаҳ,  Ҷеро, Шафуфом ва Ҳуром буданд.  Писарони Эҳуд, сарварони хонаводаҳои сокинони Ҷабъа,+ ки ба Монаҳат кӯчонида шуданд, инҳо буданд:  Наамон, Аҳиё ва Ҷеро, ки онҳоро кӯчонид. Ӯ Уззо ва Аҳиҳудро ба дунё овард.  Шаҳароим дар замини* мӯобиён, пас аз он ки онҳоро ронд, соҳиби фарзанд шуд. Номи занони ӯ Ҳушим ва Бааро буд.*  Зани ӯ Ҳудаш барояш Юбоб, Сивё, Мешо, Малком, 10  Еус, Сохё ва Мирморо ба дунё овард. Инҳо писарони ӯ ва сарварони хонаводаҳо буданд. 11  Занаш Ҳушим барои ӯ Абитуб ва Элфоалро ба дунё овард. 12  Писарони Элфоал Эбар, Мишъом, Шомад (ки Уну+ ва Лӯдро+ бо шаҳракҳои тобеаш* бино кард), 13  Барио ва Шамаъ буданд. Инҳо сарварони хонаводаҳои сокинони Аёлӯн+ буданд ва сокинони Ҷатро ронда буданд. 14  Аҳю, Шошоқ, Иремӯт, 15  Забадё, Арод, Эдар, 16  Микоил, Ишфо ва Юҳо — писарони Барио, 17  Забадё, Машуллом, Ҳизқӣ, Ҳабар, 18  Ишмерай, Измо ва Юбоб — писарони Элфоал, 19  Ёқим, Зикрӣ, Забдӣ, 20  Элиэнай, Силтай, Алиил, 21  Адоё, Бароё ва Шимрот — писарони Шимъӣ, 22  Ишфон, Эбар, Алиил, 23  Абдӯн, Зикрӣ, Ҳонон, 24  Ҳананё, Элом, Антӯтиё, 25  Ифдиё ва Фануил — писарони Шошоқ, 26  Шамшерай, Шаҳарё, Аталё, 27  Яърашё, Илёс ва Зикрӣ — писарони Ерӯҳом буданд. 28  Инҳо мувофиқи авлодашон сарвари хонаводаҳо буданд ва дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд. 29  Яиили падари Ҷибъӯн дар Ҷибъӯн+ зиндагӣ мекард ва номи занаш Маъко буд.+ 30  Писари калонии ӯ Абдӯн ва писарони дигараш Сур, Қиш, Баал, Нодоб, 31  Ҷадур, Аҳю ва Зокар буданд. 32  Миқлӯт Шимъоро ба дунё овард. Ҳамаи онҳо ҳамроҳи бародаронашон дар назди бародарони дигари худ, дар Ерусалим, зиндагӣ мекарданд. 33  Нир+ Қишро ба дунё овард, Қиш Шоулро+ ба дунё овард, Шоул Юнотон,+ Малкишуа,+ Абинодоб+ ва Эшбоалро* ба дунё овард.+ 34  Писари Юнотон Мериббоал* буд.+ Мериббоал Микоро+ ба дунё овард. 35  Писарони Мико Фитӯн, Малик, Таъриа ва Оҳоз буданд. 36  Оҳоз Еҳуаддоро ба дунё овард, Еҳуаддо Оломат, Азмавт ва Зимриро ба дунё овард. Зимрӣ Музоро ба дунё овард. 37  Музо Бинъоро ба дунё овард, ки писараш Рофо, писараш Элъосо ва писараш Осил буд. 38  Осил шаш писар дошт ва номи онҳо Азриқом, Бухру, Исмоил, Шаарё, Убадё ва Ҳонон буд. Ҳамаи инҳо писарони Осил буданд. 39  Писарони бародараш Эшақ калонияш Улом, дуюмаш Яуш ва сеюмаш Элифолат буданд. 40  Писарони Улом ҷанговарони пурзӯри камонкаш буданд ва онҳо писару набераи зиёде доштанд, ки 150 нафар буданд. Ҳамаи инҳо насли Бинёмин буданд.

Поварақҳо

Дар матни асл «саҳрои».
Ё, эҳтимол, «пас аз он ки занони худ, Ҳушим ва Баароро, ронд, соҳиби фарзанд шуд».
Ё «атрофаш».
Ҳамчунин Ишбӯшет номида мешуд.
Ҳамчунин Мефибӯшет ном дошт.