1 Мӯсо 28:1-22
28 Исҳоқ Яъқубро назди худ хонда, ӯро дуои нек кард ва фармуд: «Аз байни духтарони Канъон барои худ зан нагир.+
2 Ба Фаддони Арам, ба хонаи Батуил, падари модарат, бирав ва аз он ҷо аз байни духтарони тағоят Лобон+ барои худ зане бигир.
3 Худои Тавоно* туро баракат медиҳад ва серфарзанду сершумор мегардонад ва аз ту қабилаҳои зиёде ба вуҷуд меоянд.+
4 Ӯ баракати Иброҳимро ба ту ва ба наслат медиҳад+ ва ту заминеро, ки ӯ ба Иброҳим додаасту ту дар он ғарибу мусофир ҳастӣ, соҳиб мегардӣ».+
5 Исҳоқ Яъқубро фиристод ва ӯ ба Фаддони Арам назди Лобон, писари Батуили арамӣ,+ равона шуд. Лобон бародари Ривқо буд,+ Ривқо бошад, модари Яъқубу Эсов.
6 Эсов дид, ки Исҳоқ Яъқубро дуои нек кард ва ӯро ба Фаддони Арам фиристод, то аз он ҷо барои худ зане бигирад. Вақте ӯ дид, ки Исҳоқ ҳангоми баракат додан ба Яъқуб фармуд, ки аз духтарони Канъон зан нагирад,+
7 ва Яъқуб ба гапи падару модараш даромада ба Фаддони Арам равона шуд,+
8 фаҳмид, ки духтарони Канъон ба падараш Исҳоқ маъқул нестанд.+
9 Аз ин рӯ Эсов назди Исмоил рафт ва ба болои занҳояш Маҳалатро ба занӣ гирифт (Маҳалат духтари Исмоили писари Иброҳим ва хоҳари Набоют буд).+
10 Яъқуб аз Баир-Шобаъ баромада, сӯйи Ҳоррон равона шуд.+
11 Чанде пас ӯ ба ҷое омад ва тайёрӣ дид, ки шабро дар он ҷо гузаронад, зеро офтоб аллакай нишаста буд. Ӯ сангеро гирифта, ба таги сари худ гузошт ва дар он ҷо хобид.+
12 Баъд ӯ хоб дид, ки зинапояе* бар замин истодааст ва сараш ба осмон мерасад ва фариштагони Худо бар он мебароянду мефароянд.+
13 Дар болои он зинапоя Яҳува буд ва ӯ ба Яъқуб чунин гуфт:
«Ман Яҳува, Худои падарат, Иброҳим ва Худои Исҳоқ ҳастам+ ва заминеро, ки дар он хобидаӣ, ба ту ва насли ту хоҳам дод.+
14 Насли ту мисли ғубори замин бешумор мешавад+ ва дар ғарб, шарқ, шимол ва ҷануб паҳн мегардад. Тамоми хонаводаҳои рӯйи замин ба воситаи ту ва ба воситаи насли ту баракат хоҳанд ёфт.+
15 Ман бо ту ҳастам ва, ба ҳар ҷое ки равӣ, туро муҳофизат мекунам ва туро ба ин замин бармегардонам.+ Ман туро намепартоям ва, то даме он ваъдаеро, ки ба ту додаам, иҷро накунам, бо ту хоҳам буд».+
16 Баъд Яъқуб аз хоб бедор шуд ва гуфт: «Ҳақиқатан ҳам, Яҳува дар ин ҷо будаасту ман намедонистам».
17 Ӯ ба тарсу ҳарос афтода гуфт: «Чӣ ҷойи пурҳашамату тарсоварест ин ҷо! Барҳақ, ин ҷо хонаи Худост+ ва дарвозаи осмон дар ҳамин ҷост».+
18 Яъқуб саҳари барвақт аз хоб хест ва сангро аз таги сараш гирифта, онро мисли сутуне рост гузошт ва ба болои он равған рехт.+
19 Ӯ он ҷоро Байт-Ил* ном гузошт, номи пештараи он шаҳр бошад, Луз+ буд.
20 Яъқуб назр карда* гуфт: «Агар Худо минбаъд ҳам бо ман бошаду маро дар сафарам нигаҳбонӣ кунад ва ба ман нон барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан диҳад
21 ва ман сиҳату саломат ба хонаи падарам баргардам, он гоҳ аён мешавад, ки Яҳува Худои ман аст.
22 Ин санге, ки ман мисли сутун рост мондам, хонаи Худо мешавад+ ва аз ҳар чизе, ки ту ба ман диҳӣ, даҳякашро ба ту медиҳам».